ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР КИТОБХОНА


                                               ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР КИТОБХОНА

               Санаи  22 сентябри соли ҷорӣ дар толори Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии фарҳангӣ-илмӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш масъулони китобхонаҳои марказӣ ва бачагона, китобдорони филиалҳо, хонандагони фаъоли ҳар ду китобхона ва дӯстдорони каломи бадеъ ширкат варзиданд. Конфронси илмӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ» доир гардида, дар он мақому манзалати Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар таърихи адабиёт ва фарҳанги миллати тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокдорон изҳор доштанд, ки саҳми Рӯдакӣ дар таҳким ва баланд бардоштани ҷойгоҳи забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷику форс ниҳоят бузург аст. Осори ин шоири бузург, ки пур аз меҳру муҳаббат ба инсон ва Ватан мебошад, насли имрӯз ва ояндаро ба дӯст доштани зиндагӣ, меҳанпарастӣ ва арзишҳои инсониву маънавӣ раҳнамоӣ мекунад. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ хонандагони фаъоли китобхона бо қироати шеърҳои Рӯдакӣ ҳозиринро шод гардониданд.

 Ҳамчунин саҳначаҳои тарбиявии омоданамудаи онҳо рӯҳияи идонаи ҳамоишро афзун сохт. Дар фарҷоми чорабинӣ 18 нафар хонандагони фаъол, ки дар тарғиби китобхонӣ ва иштироки доимӣ дар барномаҳои китобхона саҳм доранд, бо ифтихорномаҳои Китобхонаи марказӣ ва бачагонаи ноҳия сарфароз гардиданд. Масъулин таъкид намуданд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо, арҷгузорӣ ба мероси Рӯдакӣ, эҳтиром ба гузашта ва таконбахши рушди маънавию фарҳангии ҷомеаи имрӯза мебошад.

 


Баргаштан
22-09-2025, 13:28