БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РӮЗ ДАР МАСҶИДИ ҶОМЕИ НОҲИЯ


                        БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РӮЗ ДАР МАСҶИДИ ҶОМЕИ НОҲИЯ

      Санаи 19 сентябри соли 2025 дар масҷиди ҷомеи ба номи Мавлавӣ Муҳаммадҷон, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, мулоқоти вижаи тарғиботиву маърифатӣ баргузор гардид. Ин вохӯрӣ бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ташкил шуда, дар он мудири бахш Исматзода Саидшоҳ бо сокинон ва намозгузорони масҷид суҳбати муфассал анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот як қатор мавзӯъҳои муҳими рӯзмарра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Пеш аз ҳама, масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва созмонҳои террористиву экстремистӣ ҳамчун самти афзалиятнок таъкид шуд. Исматзода Саидшоҳ зикр кард, ки огоҳиву ҳушёрӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати диниву сиёсӣ аз ҷумлаи роҳҳои муҳими ҳифзи насли наврас аз ҳар гуна таъсиргузориҳои номатлуб ба шумор меравад. Ҳамчунин, ҳозирон доир ба иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» маълумоти муфассал шуниданд.

 Гуфта шуд, ки риояи ин қонун на танҳо ба танзими хароҷоти зиёдатӣ, балки ба беҳбуди вазъи иҷтимоиву иқтисодии оилаҳо мусоидат мекунад. Мавзӯи дигаре, ки дар мулоқот баррасӣ гардид, ташвиқи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ буд. Таъкид гардид, ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пур кардан вазифаи ҳар як ҷавон, қарзи шаҳрвандӣ ва ифтихори миллӣ маҳсуб меёбад.

 Ба ҷуз ин, иштирокчиён оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла зарурати таҳкими тарзи ҳаёти солим, нақши варзиш дар тарбияи ҷавонон ва пешгирии ҳолатҳои номатлуби иҷтимоӣ низ суҳбат намуданд. Дар охири вохӯрӣ, намозгузорон ва ҷавонони ҳозир изҳор доштанд, ки чунин вохӯриҳо ба баланд бардоштани огоҳии ҷомеа ва ҳифзи амнияти кишвар мусоидат намуда, фазои ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмиро таҳким мебахшанд.

 


Баргаштан
22-09-2025, 13:42