ЗАБОНИ ТОҶИКӢ - ПОЯИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ


                       ЗАБОНИ ТОҶИКӢ - ПОЯИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

          Аз лаҳзаҳои нахустини зиндагӣ то рӯзгори пирӣ инсон бо забон пайванди ҷудонопазир дорад. Кӯдак ҳанӯз сухан гуфтан наомӯхтааст, вале бо садои аллаи модар ором мегирад, бо қиссаҳои бибӣ хоб меравад ва оҳиста - оҳиста ҷаҳони атрофро дарк мекунад. Забон барои ӯ на танҳо воситаи гуфтугӯ, балки рушди ҳамаҷонибаи ҳаёт аст. Забон муҳимтарин воситаи муошират дар ҷомеа аст. Ҳар қадаре ки ҷомеа рушд мекунад, ҳамон андоза забон низ бо он ҳамқадам пеш меравад. Бидуни забон наметавон илмро омӯхт, техникаву ҳунарҳоро ба даст овард ё фарҳанги инсониятро рушд дод. Ҳар як дастоварди илмиву фарҳангӣ, ҳар як навоварию ихтироъ дар қолаби забон таҷассум меёбад.

Ҳамзамон, донистани забон танҳо ба маънии гуфтан нест. Соҳибзабон бояд маънои амиқи калимаҳоро бифаҳмад, қоидаҳои имло ва услуби дурусти истифодаи онро риоя намояд. Маҳз ҳамин риояи меъёрҳои забонӣ забонро ба омили ҳифзи ҳувият ва фарҳанги миллӣ табдил медиҳад. Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳо бо осори мондагори бузургтарин олимону шоирони мо ғанӣ гардидааст.

Нахустқадамгузор ва сардафтари адабиёти мо, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, соҳиби ҳикмату шоҳномаи форсӣ - Абулқосими Фирдавсӣ, ҳамчунин шоирони машҳури ҷаҳонӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигар бу зургони классикӣ бо эҷодиёти нотакрори худ забонро ба қуллаҳои баланди маънавӣ ва илмӣ расондаанд. Бо шарофати ҳамин осор, забони мо на танҳо барои миллати тоҷик, балки барои ҷаҳон як ганҷинаи маърифатӣ дониста мешавад. Имрӯз низ бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта ва эҳтиромшуда аст. Он миллатро бо номи «тоҷик», давлатро бо номи «Тоҷикистон» ва забонро бо номи «забони тоҷикӣ» ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

 За бон рамзи истиқлолият, ифтихор ва ҳастии миллат мебошад. Ҳамин аст, ки давлати мо бо дарки аҳамияти бузурги забон 5-уми октябри соли 2009 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», №553 қабул намуд. Ин иқдом на танҳо қонуният, балки рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба забони модарии мост. Ҳамасола, дар ҳамин рӯз, Рӯзи забони давлатӣ, сокинони кишвар бошукӯҳу ифтихор арзиши забонро ҷашн меги ранд ва онро мояи сарбаландӣ меҳисобанд. Бидуни шак, забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯ, балки пояи ҳастии миллат, нишондиҳандаи фарҳанг ва рукни асосии давлатдорист.

Он решаҳои таърихиро ба имрӯз пайванд медиҳад ва ба наслҳои оянда ҳамчун мероси гаронбаҳо боқӣ мегузорад. Забони мо забони дӯстиву меҳр, забони ҳикмату маърифат ва забони ормонҳои миллӣ аст. Арҷгузорӣ ба он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, ҳифз ва рушд додани он кафолати бақои миллат ва давлат аст. Кароматулло САДИРОВ, директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ - узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

 


Баргаштан
Сегодня, 07:37