МАРЗУ БУМИ ВАТАН БАРОЯМОН МУҚАДДАС ВА БУЗУРГТАРИН АРЗИШ АСТ ! |
МАРЗУ БУМИ ВАТАН БАРОЯМОН МУҚАДДАС ВА БУЗУРГТАРИН АРЗИШ АСТ Тоҷикону қирғизҳо, ки садсолаҳо бо ҳам мезистанду муносибати дӯстона доштанд, солҳои ахир баъзе ашхоси қирғиз тухми кинаву адоватро миёни мардум кошта, мехоҳанд бо аз худ донистани қисми марзи Тоҷикистон муноқишаҳои сарҳадиро роҳандозӣ намоянд. Ҳоло он, ки дар ҳуҷҷатҳои таърихии тақсимоти марзии солҳои 1924-1927 хати марз муайяну мушаххас гардидааст. Чунин амалҳо ва бемурувативу рафторҳои номуносиби бародарони қирғиз дар масъалаҳои марзӣ мардуми Тоҷикистонро ба шӯр оварда, сабри ин миллати куҳанбунёдро лабрез кардааст. Тавре огаҳӣ дорем, муносибатҳо дар сатҳи олии давлатӣ хуб аст, аммо дар тарафи муқобил, яъне шахсоне дар сатҳи поёнӣ (маҳалла) худсарона ба анҷоми амалҳое даст мезананд, ки ин хилофи тамоми қонунҳои байналмилалӣ ва тамоми санадҳои ба имзорасидаи миёни ду давлати дӯсту бародар – Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Тоҷикон аз қадимулайём дар муносибат бо ҳамсоягон дӯстиву рафоқат ва ҳамзистиро авлотар медонистанд ва медонанд. Аммо вақте гап сари якпорчагии Тоҷикистон ва ғасби марзҳои Ватан меравад, инҷо кор тамоман ранги дигар мегирад, чунин амал ҳар як тоҷику тоҷикистониро бе тараф гузошта наметавонад. Ин хоки Ватани мо аст, дуруст дарк мекунем, ки давлатдорӣ кардан чӣ асту ин хок барои мо чӣ аҳамият дорад. Ҳар як ваҷаб марзу буми Ватан бароямон муқаддас ва бузургтарин арзиш аст ва барои ҳимояи он ҷонро дареғ намедорем. Ин заминҳо аз бобову бобокалонҳоямон мондааст, бояд ҷониби қирғиз ба даъвоҳои бе мантиқу бе асос ва ба хушунату муноқиша хотима диҳад! ОДИНАЗОДА И.
Баргаштан |
12-11-2022, 08:10 |