МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

ҲАРГИЗАМ НАҚШИ ТУ АЗ ЛАВҲИ ДИЛУ ҶОН НАРАВАД
Модарам тибқи ҳуҷҷатҳо ҳамсинни падарам буд. Аммо падарам мегуфт:

– Модарат аз ман тахминан панҷ сол хурд аст.

Ҳар касеро, ки тақдир хушбахтии доштани модар насиб кардааст, беҳтарин суханҳоро дар бораи ӯ мегӯяд. Аммо ин калимот наметавонанд, он бузургиеро, ки мансуби сифат ва манзалати модар аст, пурра ифода кунанд.

Модари ман Зебуннисо ном дошт. Дар ҷамоати деҳоти Қафлондара ба дунё омада, дар он ҷо синфи ҳафтро хатм карда буд. Хатту саводи хуб дошт. Вақте  дар аскарӣ будам, ба ман нома менавишт. Ҳусни хаташ хеле зебо буд. Шоирона менавишт ва бештар алами худ, азоби дурӣ аз фарзандашро модарона изҳор медошт ва Худоро дуо мекард, ки дар зиндагиаш бори дигар ӯро соқу саломат бубинад.

Модарам аз падару модар се фарзанд будаанд. Бародари калонӣ ва ду хоҳар. Падараш Раҳмоналӣ ном доштааст. Ӯро Раҳмоналии паҳлавон мегуфтаанд. Гӯштингир ва човандози номӣ будааст.

Баъд аз шикасти амири Бухоро ҳаракати босмачигарӣ ташкил шуд. Мақсад аз он бори дигар ба тахт нишондани «амир-ул-муъминин»-и Бухоро буд. Бо ҳамин баҳона, дар тумани Балҷувон бисёре аз дузду роҳзанҳо ҳам ба ҳамин ҳаракати ба ном «ҷиҳодӣ» ҳамроҳ шуда, мардумро талаву тороҷ мекарданд. Ин бенизомӣ ба деҳаҳои Қафлондара, Дасторқозӣ, Мирак, Бузвалӣ  ва Гулдара ҳам расида омадааст.

Аз самти Балҷувон дастаҳои ғоратгари мусаллаҳ ба Қафлондара ва деҳаҳои атрофи он ҳуҷум оварда, мардумро талаву тороҷ мекарданд. Ҳукумати Олимхон шикаст хӯрда ва аз ҳам рехта бошад ҳам, Ҳукумати Шуроҳо ҳанӯз ташкил нашуда будааст. Ҷавонмардони гирду атроф, бисту панҷ - сӣ нафар, ки мисли Раҳмоналӣ тануманд, гӯштингиру човандоз буданд, наздаш меоянд. Даъват мекунанд, ки дастаи худихтиёрӣ ташкил карда, Қафлондара ва атрофи онро аз босмачиҳо ҳифз намоянд. Раҳмоналӣ розӣ мешавад. Ва наздик ба як сол, мардум ва ҷону моли онҳоро аз босмачиҳои роҳзан ҳимоя мекунанд. Бобоям хатту савод надоштааст. Чун болшевикҳо наздик меоянд, Раҳмоналӣ, ки аз пешдастони ҳифозати мардум буд, гумон мекунад, ки ба ӯ низ зарар мерасад. Назди зану се бачааш меояд. Ба ҳамсараш:

– Бибифотима, акнун мо дигар инҷо зиндагӣ карда наметавонем. Бачаҳоро бигир, меравем, – мегӯяд.

– Ба куҷо? – мепурсад Бибифотима.

– Ба Афғонистон, – мегӯяд Раҳмоналӣ.

– Аз кӣ мегурезем, – боз мепурсад Бибифотима.

– Аз «болшавой», – мегӯяд бо қаҳр Раҳмоналӣ.

– Аз «болшавой» босмачиву мулло мегурезанд, ману ту на босмачиему на мулло. Барои чӣ гурезем?!!!

– «Болшавой» мусулмони дар пояш рост меистода, зану бача ва хешу таборашро мекушад. Ба онҳо фарқ надорад, кӣ мусулмону кӣ кофир? – бо исрор таъкид мекунад Раҳмоналӣ.

– Мардак, мо як оилаи камбағал ҳастем. Нони худро базӯр меёбем. Рӯзгорамонро бо азоб  мебарем. Агар ту ҷанг карда бошӣ, муқобили ҳамин босмачиҳои душмани «болшавой» ҷанг кардӣ. Ин ҷо чӣ гуноҳ аст, – истодагарӣ мекунад дар суханаш Бибифотима.

– Агар наравӣ, бачаи яккаву ягонаамро деҳ, ман рафтам, Бибифотима! – мегӯяд Раҳмоналӣ бо қаҳр.

– Маро куш, баъд бачаатро бигир! – мегӯяд Бибифотима.

Раҳмоналӣ мебинад, ки илоҷи дигар нест, фарзандонашро як-як ба оғӯш мекашад. Ба завҷааш:

– Хайр Фотима, худат медонӣ. Таваккалатон ба Худо! Хатое дар ин умри кӯтоҳ карда бошам, бубахш. Фарзандҳоро ба туву туро ба Худо супоридам. Дидорҳо ба қиёмат! – гуфта, мулкро тарк мекунад.

Он вақт Зебуннисо чорсола будааст, акааш Бобоназар нуҳсола.

Бобоназар дар мактаб бо баҳои аъло мехондааст. Баъди хатми мактаб ӯро барои хондан ба Самарқанд фиристоданӣ мешаванд. Аммо модараш бо зориву тавалло пеши роҳи Бобоназарро мегирад. Охир, ӯ ягона соҳиби хона, саробони модару хоҳаронаш аст! Чӣ тавр онҳоро партофта меравад?!!!

Бобоназарро баъди як соли кор дар созмони ҷавонони ноҳияи Темурмалик, котиби ин ташкилот интихоб мекунанд. Ҷанг сар мешавад.

Бобоназар маслиҳати модарро напурсида, аз рӯзҳои аввал  ихтиёрӣ ба ҷанг меравад. Тибқи имкон, аз ҷабҳа ба модараш нома менависад: «Очаҷон, андаки дигар монд. Ҷанг ба қарибӣ тамом мешавад. Бо пирӯзӣ ба Ватан бармегардам. Боз зиндагиро аз нав оғоз мекунем!».

Моҳи апрели соли 1945, ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз Ғалабаи бузург, дар яке аз муҳорибаҳо дар наздикии Берлин Бобоназар ба ҳалокат мерасад.

Кампири Бибифотима то охири умр бо мо зиндагӣ мекард. Ба мо ҳукми модарӣ дошт.

Ӯ пиразани ниҳоят хоксор, ҷиддӣ, камгап, қавиирода, поксиришт, ростқавл ва меҳнатӣ буд.

Падарам яке аз хонаҳои моро маҳз барои ӯ ҷудо карда буд. Онро мо «хонаи момаам» ном мебурдем. Апаам доимо бо ӯ зиндагӣ мекард. Албатта, ҳамаи хонаҳои мо бари дар бар буданд. Рӯзгору дастурхони мо якҷо буд.

Бибифотима ҳаштоду шаш сол умр дид. Солҳои мактабхонии мо қувват дошт. Ба неву нестони модарам нигоҳ накарда, дар ҳама кору бори хона худро андармон мекард. Нон мепухт. Хӯрок тайёр мекард. Аз ҳамаи ғизоҳои тайёркардаи ӯ чортои он дар хотири ман мондааст: нашоиста, атолаи қандӣ, оши ришта ва шакароб. Падарам ғизоҳои пухтаи кампирро хеле дӯст медошт. Онҳоро доимо таъриф мекард. Ба кампир ниҳоят боэҳтиром, мисли модари худаш муносибат менамуд.

Бибифотима рӯзгори вазнин дида, бештар хислатҳои мардона пайдо карда буд. Ба мо бо самимият, мулоим ва навозишкорона муносибат мекарда бошад ҳам, ба ҳеҷ кас дӯстдории зиёдатӣ намекард. Суханҳояш чида – чида, гӯё ба ҳисоб буданд. Меҳмондӯстдор буд. Аммо меҳмонӣ рафтанро дӯст намедошт.

Ҳамагӣ як дугона дошт, ки ҳамсинну сол ва хешаш буд. Номаш Бибидастагул. Кампир дар деҳаи Ҳисор бо бачааш зиндагӣ мекард. Бибифотима дар  шаш - ҳафт моҳ як бор хонаи дугонааш мерафт ва дафъаи навбатӣ ӯро ҳатман ба хонааш даъват мекард.

Агар кампир меҳмонӣ мерафт, хона холӣ мешуд. Мо ӯро тез пазмон мешудем. Аммо Бибифотима  ҳаргиз аз ду рӯз зиёд меҳмониро намепазируфт. Раҳ нигоҳ мекард, ки омада, ӯро биёрем. Мабодо, агар рӯзи сеюм субҳ не, бегоҳӣ барои овардани кампир мерафтем, ноаён як навъ изҳори эътирозу норизоӣ мекард.

Баъди бозгашт хеле хурсанд мешуд. Ҳамаи моро як-як ба оғӯш мегирифт. Гӯё ки чанд моҳ наберагонашро надида бошад.

Ман ҳаргиз шодии аз таҳти дили кампирро надидаам.

Дар оила ё ҳини вохӯрӣ бо дугонаи худ ва дигар кампирҳои ҳамсоя, ки гоҳ - гоҳе ба ягон муносибат дар хонаи мо ҷамъ мешуданд, суҳбат меоростанд, боре ҳам аз тақдири худ шикоят намекард. Оби чашми ӯро дар пеши худиву бегона ҳеҷ вақт намедидем. Ҳамаро бо таҳаммул, бо диққату эҳтиром гӯш мекард. Аммо ба гапи онҳо қӯш намешуд. Аз нигоҳи кампир ва симои ӯ маълум набуд, ки кампири Фотима ба фикри ҳамсуҳбатони худ розӣ ҳаст ё не. Амале ҳам аз худ нишон намедод, ки ҳамсуҳбат дар вохӯрӣ бо кампир эҳсоси нороҳатӣ кунад. Бо нигоҳу гӯшу ҳуш онҳоро мешунид. Суол диҳанд, посух медод. Вассалом. Аммо доимо андешаманди ботини худ буданаш мушоҳида мешуд.

Кампир ҳаргиз бекор наменишаст. Ҳар замоне кори ба худаш маъқулро анҷом медод. Ба шуғли дӯстдоштааш, ба чархаву реса даст мезад. Ӯ ин корро аз сифр оғоз намуда, то бофтани ҷуволу хӯрҷин бурда мерасонд. Дар коре, ки мекард, ҳаргиз касеро ёрдамчӣ намегирифт. Онро оромона оғозу анҷом мебахшид. Вақте кораш тамом мешуд, ба касе намегуфт. Ҳамчун моли рӯзгори хона бурда, дар ҷойи маъмулӣ таҳ карда мемонд. Вақте он чиз мавриди истифода қарор мешуд, падарам ба момаам миннатдорӣ баён мекард. Ӯ аз ин қадршиносӣ фақат як табассуми номаълум мекарду халос.

Ҷолиби таваҷҷуҳ  буд, ки дар оилаи мо ягон кас барои насиҳат кардани хурдон чандон заҳмат намекашид. Кампири Фотима яке аз саромадони ҳамин ойин буд. Саропои рафтори ӯ панд буд. Лекин мабодо дар хона ягонтои мо рафтори ноҷо мекардем, кампир оҳиста дасти моро кашида:

– Бачам, аввал андеша, баъд рафтор. Сухан ҳам намунаи рафтор аст. Дониста бош, ки ҳама ба ту   нигоҳ мекунанд. Баҳо медиҳанд, – мегуфт ӯ дилсӯзона.

Аз рӯйи эҳтироме, ки кампир дар хонадон дошт, ин сухан мисли танбеҳи сахт қабул мешуд. Ва амали ноҷо ҳамоно ислоҳ мегардид.

Кампир дилашро ба касе намекушод. Ғами чун кӯҳ дар дил доштаашро ба касе намегуфт. Вақтҳои танҳоияш, ҳангоми машғули ягон кор буданаш – чархаресӣ, дӯхту дӯз, ногаҳ хаёлаш ба куҷое мерафт. Дар ҷояш шах шуда мемонд. Ба як нуқтаи номаълуме бо гардани каҷ нигоҳ карда меистод. Ин ҳолат ду-се дақиқа давом мекард. Гоҳо чашмонаш пурнам мешуд. Беихтиёр ашк мерехт. Саросемавор бо нӯги остин ашкҳояшро, ки аз рӯйи пурожангаш мешориданд, тез пок мекард. Ба ин сӯву он сӯ саросемавор менигарист, ки мабодо ин ҳолати ӯро касе надида бошад. Мекӯшид, то корашро идома диҳад. Худро андармон кунад.

Боре, вақте ки ман тақрибан синфи ду ё се мехондам, назди момаам нишаста, аз тахтапораҳои тозакардаи хурд-хурд барои худам кӯшиши хоначасозӣ мекардам. Ҳамзамон, ба кори момаам диққат медодам. Модарам ба чӣ коре машғул буд. Хоҳаронам бо апаам дуртар дар ҳавлӣ саргарми кадом бозии бачагонаи худ буданд.

Ман эҳсос кардам, ки кори чархаресии кампир ба оҳистагӣ майл дорад ва оқибат дастони ӯ аз кор боз монданд. Кампир, гӯё ин ҷаҳон дигар вуҷуд надошта бошад, ба фикр фурӯ рафт. Вориди ҷаҳони худ шуд. Ба як нуқтаи номаълум менигарист. Ва шах шуда монд. Гӯё ҷон бадани хаставу ларзони кампирро тарк карда бошад, аз худ амале нишон намедод. Мисле ки – лашкари ғаму андуҳ руҳи ӯро мисли абрҳои ногаҳони баҳорӣ фаро гирифта бошанд. Аз чашмони замоне бодомшакли кампир чун сели навбаҳорон ашк равон шуд. Кампир мижа намезад. Дигар дар атроф касеро, чизеро намедид. Як лаҳза ин манзара идома ёфт. Гумон кардам сели марҷони ашки кампир домони ӯро пур кард. Бибифотима чашмони худро пӯшид. Бо ин ҳолат рӯй сӯйи осмон кард. Даме истод. Чашмони пурашки худро бо хастагӣ кушод. Гӯё аз осмон ба суоли худ ҷавоб меҷуст. Аз ӯ имдод металабид. Дар ҳамин ҳолат аз ҷойи худ бархост. Чашмони худро бо нӯги остин пок кард. Ва мисли он ки оҳанрабое ӯро кашида бошад, нимбеҳуш сӯйи хонаи худ равон шуд. Дарро кушод. Ва бастани онро ҳам фаромӯш кард. Рафт ва болои сандуқи хурд – ягона бойигарии худаш рост истод. Ду - се таксариеро, ки болои он сандуқ чида шуда буд, гирифта, рӯ ба рӯйи ҳам ниҳод. Сандуқро кушод. Акси ягонаи писараш – Бобоназарро болои дастони ларзонаш гирифт. Акс гӯё чанг гирифта бошад, рӯйи онро бо дастони пажмурдаи хушки ларзонаш пок кард. Бӯсид. Ба дидаҳояш молид. Сахт ба қафаси синааш зер кард. Беовоз ашки шашқатор рехт. Дар рӯ ба рӯйи худ гузошт. Бо ӯ муколама оғоз кард:

– Бобоназар, Бобоназари ҷигарбандам!  Ту ҳоло дар куҷоӣ? Аз раҳпоият мурдам. Ҷӯраҳоят Наврӯз омад, Абдулло омад, Сафар омад. Охир дар як рӯз ба ҷанг рафта будед. Онҳо ҳама омаданд. Ту барои чӣ дер кардӣ? Моҳҳо гузашт. Солҳо гузашт. Ду чашми ман ҳоло ҳам ба роҳи ту аст, ки ногаҳон, очаҷон гуфта, аз дар медароӣ. Ба ҷони мани нотавон тавон мебахшӣ, ба дарди бедавои ман дармон мешавӣ. Маро саробонӣ мекунӣ. Бо дастони худ ба макони ахират бурда мегузорӣ.

Кампир бо овози паст, зор-зор нолаву гиря карда, акси писарашро бо эҳтиёт дар ҷояш монд.

Баъдан, аз даруни сандуқ як даста сони печонидаро гирифта кушод. Онро бо ниҳояти меҳрубонӣ ба дидаҳои ашколудаш молид. Бӯсид. Бӯй кашид. Чанд лаҳза шах шуда монд. Баъд онро бо эҳтиёти хосса бо қабат таҳ карда, дар ҷояш гузошт. Дари сандуқро пӯшид. Зулфаки беқулфи онро ҷо ба ҷо кард. Таксариҳои поки обшустаро болои он гузошт. Як лаҳза сари худро бо мӯйҳои жӯлидааш болои таксарӣ гузошт. Гӯё ҳеҷ майли ҷудоӣ аз он ҷоро надошт. Базӯр, бо чашмони пурнам ва дили пурғам аз ҷо бархост. Бидуни оина сару рӯйи худро батартиб даровард. Рӯймолашро дуруст кард. Ба берун баромад. Ба ҳеҷ касе нигоҳ накарда, ба пушти хона, ба самти саҳро қадам ниҳод. Ман давида ба момаи ғамзадаам наздик шудам. Аз лаби доманаш қапидам:

– Момаҷон, ман бо Шумо биёям? – гуфта, пурсидам.

– Эҳ, ту аз куҷо пайдо шудӣ? – гуфта, гӯё касе ӯро аз хоб бедор карда бошад, тааҷҷуб кард.

– Рав, бачам, ман як холаатро хабар гирифта бармегардам, – гуфт, ҳол он ки ӯ аз хонаи духтари калониаш чанд қадам гузашта буд.

Ман фаҳмидам, ки кампир ҳоло ҳам ба худ наомадааст. Мехоҳад танҳо бошад, бо фикру хаёли худ бошад, ғами худро аз тангнои хона ба домани саҳро кашад. Дили ман ҳам аз ин манзарае, ки гоҳо дар филмҳои он замон тамошо мекардам ва акнун бо чашми худам дидам, хеле маъюс шуда буд. Дар ҷоям истодам. Модаркалони бечораи ман бо куртаи ҳалили сафед, ки гулҳои баргаки майда – майда дошт, рӯймоли сафед ва кафшҳои бепошнаи нӯгипойии худ дар он тобистони гарми рӯ ба моҳи тира, ба дуриҳои дур нигоҳ карда мерафт ва оҳиста-оҳиста аз назарҳо ғоиб мешуд. Аммо ман ба ҷойе нарафтам. Дар ҷоям нишастам. Ду даст таги манаҳ, омадани момаамро интизор шудам.

– Бачам, аз қафои момаат рав, – гуфтани  модарам маро ба ҳуш овард. Ва ӯ суханашро идома дод, – агар ман равам, аламаш боз зиёдтар мешавад. Имрӯз наздик ба бист сол мешавад, ки хатти сиёҳи тағоият омада буд. Кампир ба ҳалок шудани бачааш ҳеҷ бовараш намеояд. То ҳанӯз роҳи ӯро интизор аст.

Ман бо шаст давида, момаамро пайдо кардам. Дасти ӯро гирифтам. Ӯ хам шуда, маро ба оғӯш гирифт. Хомӯш ҳарду то лаби ҷӯйбори калоне, ки аз он оби соф ба оҳистагӣ, мавҷзанон ҷорӣ мешуд, расидем. Кампир дуру дароз дар сабзаҳои лаби он ҷӯй ду оринҷ такя ба зону, ду кафи даст дар ду бари рӯ, ба ин оби равон нигоҳ карда, андешамандона нишаст.

Баъд ба оҳистагӣ, базӯр аз ҷо бархостанӣ шуд. Ман дасти момаамро гирифтам ва ба хона баргаштем.

То ин замон модарам дар болои кати чӯбин дастурхон партофта, нону ширинӣ монда, кампири Шаҳрияро, ки момаам ӯро нағз медид, даъват карда оварда будааст.

Ба ҳавлӣ даромадан баробар, гӯё ҳеҷ чиз нашуда бошад, момаам бо изҳори қаноатмандӣ кампири дугонаашро «хуш омадед», – гуфт.

Модарам дасти ӯро гирифт. Ёрдам кард, то болои кат барояд.  Чой дам карда, оварда ба ҳар кадомашон як пиёлаӣ чой кашида дод. Ва суҳбат дар мавзуъҳои зиндагӣ оғоз шуд.

Дар хислату рафтор модарам намунаи поки  модараш буд. Агар падарам бо коре дар хона набошад, қариб тамоми кори хонаро худаш анҷом медод.

Ёд дорам, солҳои 1963 - 1968 падарам дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб таҳсил мекард.

Ҳар тобистон чилу панҷ то панҷоҳ рӯз, ки давраи аслии кишту кор, захира кардани хӯроки чорво барои зимистон мешуд, падарам дар дарс буд.

Сағираҳои калонкардаи модарам «паррончак» шуда, ҳама ба зиндагии мустақилонаи худ саргардон. Дар хона модарам, апаам ва ман мемондем. Додару хоҳаронам ҳанӯз хурдсол буданд. Онҳоро момаам саришта мекард. Ману модарам саҳро барои ҷамъ кардани коҳ мерафтем. Навбати молу подаро мегузаронидем. Барои зимистон аз Осмонтеппа ҳезуму кунда ҷамъ мекардем.

Модарам аз ҳавои борон, гармову сармо ибо намекард. Рӯзе бо модарам алафдаравӣ ба саҳрои Осмонтеппа рафтем. Ҳаво хунук буд. Алаф даравида, дарза баста, барои овардани онҳо тайёрӣ медидем, ки борони сахти хунук сар шуд. Ҳардуямон таги курта будем. Шип-шилта тар шудем. Шамол барқасдона мевазид. Мехост тобу тавони моро санҷад. Аммо модарам дар бораи тар шудан ва хунук хӯрдан ҳарфе намезад. Бо шавқу завқ бо суръати баланд кор мекард. Алафҳоро фақат ӯ дарза баста метавонист. Ман бандҳоро тунук, алафҳои даравида ва сатрикардагиро ҷамъ мекардам.

Як замон дид, ки ман хунук хӯрда, дастону бадани худро мисли кенгуру кардаам. Наздик буд гиря ҳам кунам. Модарам бо ханда ба ман як нигоҳ карда, дарзаи навбатиро баста истода, мардонавор шиор партофт:

– Мо мард ҳастем! Мо аз гармӣ наметарсем! Мо аз сардӣ наметарсем!

Чун борон боз ҳам сахттар шуд ва хунукӣ  зиёдтар, модарам боз бо виқори махсус илова кард:

– Мо аз барфи саргардону борони новардон намеҳаросем! Кулӯх нестем об шавем! Об нестем ях бандем! Меҷунбем, ки нарм шавем! Медавем, ки гарм шавем! – гуфта, тез ҳаракат мекард, ки зудтар дарзаҳои алафро бор кунему роҳи хонаро пеш гирем.

Ниҳоят шукргузор, аз зиндагӣ қонеъ ва хоксор буд.

Чун баъди солҳои дарози оиладорӣ соҳиби фарзанд шуда буд, ба мо нигариста мегуфт:

– Чун ман чор сағераи бепадару модарро дар солҳои қаҳтиву гуруснагӣ калон кардам, онҳоро ҳамчу модар парасторӣ намудам, инро дида, Худованд ба мани беакаву додар шумоҳоро дод. Дар дунё ягон некӣ беҷавоб намемонад.

Он чизе, ки якумр дар ёди ман аз модарам монд, ростқавлӣ, росткорӣ, хоксорӣ, мушкилнописандӣ, меҳнатдӯстӣ, шукргузорӣ ва миннатпазирӣ буд.

(Порча аз китоби «Ёддоштҳо»-и Саймумин Ятимов,

Қисми 1, – Душанбе: «Эко Принт», 2024, –c. 112-124)

Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», №35 (2316) аз 03.09.2025

БАЧАИ МУАЛЛИМ
Падари ман аз ҷавонӣ, баъди хатми синфи ҳафт ва омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ба касби муаллимӣ машғул буд.

Дар деҳа қариб касе номи маро намегирифт. Ба ман бо эҳтиром «бачаи муаллим» гуфта, муроҷиат мекарданд.

Ман аз шунидани ин унвон нисбат ба худ меболидам. Шогирдони падарам ба ман муносибати эҳтиромона доштанд. Аз он мефахридам.

Ҳар рӯз падарам субҳи барвақт ба кори хона машғул мешуд. Баъди он тез дасту рӯ мешуст. Риши худро пок метарошид. Либосҳои тозаву озода мепӯшид. Ба майли том ба мактаб, ба кор мерафт. Ман ҳам падарамро то дами дарвоза гусел мекардам. Ва омаданашро низ интизор мешудам.

Чанд бор аз падарам илтимос кардам, ки маро бо худ ба мактаб барад. Ҳар бор мегуфт:

– Бачам, ҳоло ту ба синни мактабӣ нарасидаӣ. Вақташ омад, ба орзуят мерасӣ.

Чанд бор оби чашм ҳам кардам, ки мехоҳам мактаб равам. Падарам маро оқибат танбеҳ дод:

– Чаро якравӣ мекунӣ? Мактаб боғчаи бачагон нест. Рав, молҳоятро нигоҳ кун. Кори хона худаш як мактаби бузург аст. Ба қадри он расидӣ, хонандаи хуб ҳам мешавӣ. Дониста бош, одам чӣ хеле кор кунад, ҳамон хел мехонад. Чӣ хеле, ки хонад, ана ҳамон хел кор мекунад. Сифати ҳамин ду амал, сифати одам аст.

Он вақт ман писари ягона будам. Модарам гардан каҷ карда, боре ба падарам гуфт:

– Бачаамро ноумед накун, мардак. Як бор бо худат бубар. Дар синфхонаат камтар шинад, ҳавасаш мешиканад. Бачаи бечора аз молбонӣ дилгир шудааст.

ЭЙ БЕХАБАР, БИКӮШ, КИ СОҲИБХАБАР ШАВӢ

Ҳеҷ дар ёд надорам, ки кай ба китоб, ба дафтару қалам меҳр бастаам.

Маро як умр, ҳама вақт, дар ҳама ҷо – дар хона, дар роҳ, дар сафар, дар дохил ва хориҷи кишвар, зиёдтар аз пойбанди эҳсоси гушнагӣ, ташнагӣ, завқ, шавқ, тамоюл ба ниёз мисли зарурати кашидани нафас, сарфи лаҳзаи муҳимми зиндагӣ, дидори дӯсти азизе, ки муошират бо онаш эҳсоси хастагӣ наорад ва орзуи озодӣ аз банди муҳосирааш ба хотир наояд, хондани китоб буд.

Будаам мисли шахсе, ки шаб хоб мебинад сахт ташна шудааст. Косаи пуроб дар даст, беист онро менӯшад. Аммо ташнагӣ намешиканад.

Умри ман нисбат ба мутолиаи китоб дар доираи ҳамин эҳсос гузашт.

Аҷаб! Ҳамагӣ як - ду сол қабл, ман акси ягонаи давраи кӯдакии худро пайдо кардам. Аз самти чапи падарам дар бағали модарам нишастаам. Шояд он замон ман се - севу нимсола будаам. На бештар аз он. Дар қафои мо духтари холаам Маҳтоббӣ ва духтари холаи падарам Моҳшариф рост истодаанд.

Ин аксро аз овони бачагӣ борҳо дида будам. Таваҷҷуҳи маро симои падару модарам, хешовандон ва он муҳиту фазо бештар ҷалб мекард.

Акнун бо гузашти зиёда аз шаст сол хоҳиш кардам, ки ин акси хурдакакро бо истифодаи имконоти техникӣ калонтар кунанд. Мақсад, барои худ ва аҳли хонавода дар ҷойи намоён гузоштани ин ёдномаи муқаддас буд.

Ҳангоми ба сурат бодиққат нигоҳ кардан, бо гузашти даҳсолаҳо аввалин бор мушоҳида намудам, ки ман дар бағали модарам нишаста, бо ду даст китобчаеро дошта истодаам. Он дар акси майда ниҳоят хурд ва номаълум будааст, ки ба назарҳо намеафтодааст.

Хотироти ман аз синни чорсолагӣ оғоз шудааст. Маҳз, шуруъ аз он замон бисёр чизҳо рӯшан дар ёдам мондаанд.

Аммо ҳини суратгирӣ поёнтар аз ҳамон синне будаам, ки гуфтам. Аз он лаҳза бароям чизе ба хотир намондааст. Шояд ин акс ёдгории фавқулода ҳам бошад. Ё тавре модарам гоҳо шӯхиомез аз ман шикоят мекард – дар даврони тифлӣ хеле саркаш ва беқарор будаам. Ҳар кас як кашфиёте кардан мехостааст, ки маро ором кунад. Ва он лаҳза ин китобчаро ҳам аз куҷое пайдо карда, ба ман додаанд, ки ақаллан дами суратгирӣ андак ором бошам.

Ин лаҳзаи ёдоварӣ гарчанде сода намояд ҳам, шояд як навъ мувофиқ омадани орзуву омоли абадии ниёзи ирсӣ ва табиати маро нисбат ба китоб, то дараҷае нишон диҳад.

ГУФТАМ БА ХИРАД, КИ СОҲИБИ ИРФОНӢ

Охири тобистон ман мушоҳида кардам, ки муаллимон бо кормандони ҳукумат як «комиссия» шуда, дар деҳа хонагардак ва рӯйхати доштаашонро бозсанҷӣ, пурсупос ва дақиқ карда истодаанд. Мақсад ин буд, ки ягон бачаи синни мактабӣ, мабодо, аз хондан намонад.

Вақте ҳайат ба ҳавлии мо даромад, баъди салому алейк роҳбарашон аз падарам пурсид:

– Муаллим, имсол аз бачаҳои Шумо синфи якум мерафтагӣ ҳаст? Дар рӯйхати мо чунин ишорае мавҷуд нест. Дуруст аст, ака? – бо таъкид посух ҷуст шахси масъули қоқинаи айнакдори қаддарози зардина.

Падарам:

– Дуруст. Рӯйхататон дуруст аст. Насиб бошад, писарам соли оянда ба синни мактабӣ мерасад.

Инро шунида, ман давида омада, ба падарам гуфтам:

– Падарҷон, ман соли оянда не! Ҳамин сол мактаб меравам!

Комиссия хомӯш истод. Ба иддаои ман таваҷҷуҳе ҳам накард. Аммо падарам меҳрубонона:

– Не бачам, ту ҳафтро пур накардаӣ. Оянда меравӣ. Ҳоло камтари дигар вақтат ҳаст. Рав, бозӣ кун, – гуфта, маро ором карданӣ шуд.

Муколамаи мо, ки ҷузъи мушкили он зориву таваллои ман буд, дар қиёфаи комиссия асаре ҳам нагузошт. Яъне чанги мо нола надошту дафи мо хурӯш. Ҷуз гӯш кардани маслиҳати падари бузургвор, ки гумон мекардам ин замон чашми иноят бар мани дарднӯш камтар зоҳир мекард.

Ман хислати падарамро хуб медонистам. Ба такрори сухан дигар ҷуръат надоштам. Ва ба ин кор ӯ иҷозат ҳам намедод.

Аммо бо омадани комиссия, руҳи ман тағйир ёфта буд. Посухи рад гирифта бошам ҳам, умеду орзуи мактабхонӣ дар дилам алов андохт.

Ман рӯзҳои минбаъдаи худро фақат дар мактаб тасаввур мекардам.

Оқибат, тоқат накарда, дарди дили худро ба ягона ғамхору ғамгусорам, модарам гуфтам. Ростӣ, оби чашм ҳам кардам.

Модарам маро гарм ба оғӯш гирифта, аз сару рӯям бӯсид:

– Худоро ҳазор бор шукр, маро ҳам ба он рӯзе мерасондааст, то бубинам, ки бачаам мактабрав шудааст, – гуфт ва фаҳмонданӣ шуд:

– Бачам, ту ин тобистон шашсола шудӣ. Худо хоҳад, соли дигар мактаб меравӣ.

Аммо ин тафсир нияту мақсади маро тағйир дода натавонист.

Апаам Сайбигул дар синфи сеюм мехонд. Гӯё фардо дер мешуда бошад, давида пеши ӯ рафтам. Гуфтам:

– Китоб мехоҳам!

Пурсид:

– Чӣ кор мекунӣ?

Гуфтам:

– Мактаб меравам!

Гуфт:

– Китобҳои ман барои ту намешаванд.

Тааҷҷуб карда пурсидам:

– Кадом китоб мешавад, ҷон апаҷон, ҳамонашро ёфта ба ман деҳ.

Апаам дид, ки мани сарсахт мулоиму меҳрубон шудаам, гӯё барои фаҳмидан бошад, ки гуфт:

– Дар синфи якум китоби «Алифбо» мехонанд.

Ман дар умрам бори аввал номи ин китобро шунидам. Сарам чарх зад. Гумон кардам, агар ин китобро, «Алифбо»-ро бо ин номи хушаш пайдо кунам, тамом вассалом. Мушкили ман осон мешавад. Ҳамаи дарҳо бароям кушода мешаванд. Ҳеҷ кас, ҳатто комиссия ҳам пеши роҳи маро гирифта наметавонад. Худи ҳозир, ҳатто дарсҳо сар нашуда бошад ҳам, пеш аз ҳама, рафта дар синфхонаи синфи якум, паси парта мешинам.

Ким - кадом эҳсоси аҷоибе ҳам маро дунбол мекард, ки агар ман ҳамин китоби «Алифбо»-ро ёбам, шояд онро хонда тавонам… Як дам ба ҳуш омадам, дидам, ки апаам назди ман нест. Давида - давида рӯ - рӯйи ҳавлӣ ӯро кофтам. Сайбигулро дар пеши очаам, дар назди чагдон ёфтам.

Пурсидам:

– Апаҷон, «Алифбо», ҳамон китоби гуфтагиатро аз куҷо ёбам? Дар мағозаи деҳаи худамон ҳаст?

Апаам дид, ки ман аввалин бор дар пеши ӯ корафтода, тааҷҷубовар ва ғайричашмдошт хеле меҳрубон шудаам, бо виқор гуфт:

– Ин китоб фақат дар шаҳр мешавад. Шояд он ҷо ҳам набошад. Дар вақташ падарам онро наёфта, як «Алифбо»-и куҳнаро бароям пайдо карда буд.

Ханӯз ӯ гапро тамом накарда, саросемавор пурсидам:

– Ҳоло он китоб куҷост?!

Гуфт:

– Ба ростӣ намедонам, китобҳои куҳна ҳама дар лингча дар болохона.

Ин гапро шунидан баробар, мисли гурба тирвор самти болохона давидам. Дар поёни зинапоя, ки ба ҳарфи «У» монанд ва аз душохаи бед сохта шуда буд, мисли пишакбачае, ки сайдеро дунбол мекарда бошад, башаст ба тори боми шифрпӯш баромадам. Як лингчаи пурчангу хокро пайдо намудам, ки пури китоб буд. Онро чаппа кардам. Аз байни онҳо «Алифбо»-ро кофтам. Гумон кардам, ки онро бинам, мешиносам. Ба тасаввури ман, ин китоб бояд аз ҳама бузург, рангоранг, ҷилодор, хушрӯ бошад. Ҳарфҳои он гӯё ҳастанд. Бо одам гап мезананд. Ҳар яки он ҳарфҳо калиди асрори дунёянд. Майнаи ман пур аз суол аст. Ба ҳамаи суолҳои доштаву надоштаи ман посух мегӯянд. Бо ин хаёл китобҳоро чапу рӯ кардам. Ҳамаашон пеши чашмони ман якхела менамуданд. Ҳарчанд кӯшидам, он китоби ҷилодорро пайдо накардам. Акнун фаҳмидам, охир ман ҳарфҳоро намешиносам. Аз куҷо фаҳмам, ки кадом китоб «Алифбо» аст. Як вақт дидам, ки дар болои сарам модарам истодааст. Хавотир шуда, аз пушти ман ба болохона баромадааст. Пас апаам ҳам пайдо шуд. Чашмони очаам пури об гаштанд:

– Бачам, наход ту ҳамин қадар завқи хондан дошта бошӣ. Охир, гуфтам, ту ҳоло хурд ҳастӣ. Туро ба мактаб даромадан намемонанд. Хез, рафтем. Рӯз бегоҳ шуд. Вақти говумоломад шуд. Ҳайвонҳоро саришта кардан даркор, бачам, – гуфт бо меҳрубонии хос модарам.

Апаам ба ҳоли ман механдид. Ва аламу ғазаби маро бедор мекард.

Акнун ин дафъа бо қаҳр аз ӯ пурсидам:

– «Алифбо»-ро куҷо кардӣ? Алифбои ман куҷост?!

– Ин ҷо набудааст, – гуфт апаам бо мулоимӣ, оқибати корро ҳис карда.

– Ҳамин ҷост! Биёб! – бо амри бачагона гуфтам ман.

Очаи бечораам бо апаам китобҳои куҳна, дарида ва фарсударо таҳу рӯ карда, оқибат, аз байни онон як китоби бо ҳарфҳои калон-калони хеле хира, фарсуда, бо варақҳои кандашударо пайдо карда, ҳарду яку якбора бо ҳаяҷон:

– Ана, «Алифбо»-и гуфтагиат!!! – эълон карданд, гӯё ҷони худро аз азияти фавқулода халос карданӣ шуда.

Ман мисле ки ҳоли ҳозир ин ганҷинаи бебаҳоро аз пеши чашмам мерабуда бошанд, саросемавор онро аз дасти апаам чанг зада гирифтам.

Апаам:

– Э, оҳиста! Охир, ин китоб ҳанӯз дар вақти хондани ман ба ин аҳвол буд! Боз ту онро медарронӣ.

Ман «Алифбо»-ро гирифта, пеш аз ҳама, давида поён фаромадам. Дар кунҷи хонае, ки мо «ҳуҷра» меномидем ва вазифаи меҳмонхонаро иҷро мекард, онро варақ задам. Саҳифаҳои китоб аз коғазҳои ғафс иборат бошанд ҳам, фарсуда ва канда шуда буданд.

«Алифбо»-и ман воқеан, китоби хеле куҳна, варақҳои он аз ҳам рехтаву ҷиғда шуда буданд. Аммо гумон кардам, ки ин ҳамон китоби сеҳрноке ҳаст, ки момои Музайяни соҳибхабари фасонапардози ҳафтодсола шабҳои дарози зимистон, дар деҳаи бебарқи мо, ҳангоми ҳашари пахтакунҷӣ (ҷудо кардани нахи пахта аз пунбадона) дар бораи муъҷизоти фавқулодааш ба мо нақлҳо мекард.

ТИЛЛОИ ПОШХӮРДА

Бо ҷамъу гир кардани варақҳои ин китоб, афсонаи ҷолиби ҳамон кампири кари доно «Тиллои пошхӯрда» ба ёдам меомад.

Мазмуни он афсона чунин буд, ки Сафари ятиму дастёр ва бекасу нодор ба духтари бой, ки Беназир ном доштааст, ошиқ мешавад. Духтар ҳам ҳар замоне ки ба сурати паҳлавонона ва чашмони пур аз меҳру садоқати Сафар менигарад, лабханди нозуки беназири дилфиреб ва ба ғайр ноаёни худро аз ӯ дареғ намедорад.

Сафар шаб хоб мебинад, ки мӯйсафеди нуроние ба ӯ маслиҳат медиҳад, барои ба ормонаш расидан ёфтани хуми тилло ва тавассути он дили бойи мумсикро ба даст овардан илоҷи ягонаи кор аст. Маҳз бо додани он хум Охунбой розӣ мешавад, духтари паричеҳраи гулрухсори худро ба дастёраш диҳад. Мӯйсафед оҳиста нопадид мешавад. Ногаҳон ин хуми тилло дар пеши рӯйи Сафар аён мегардад. Даст дароз карда, мехоҳад ҳарчӣ зудтар онро бигирад ва ба муродаш бирасад. Чун Сафар якбора аз хоб бедор мешавад, эҳсос мекунад, ки ҳанӯз аввали шаб аст. Ғайр аз каҳдони тангу тори худ чизи дигаре дар атрофи ӯ нест. Боқӣ то ба рӯз ӯро дигар хоб намебарад.

Субҳ боз аз паси юғу сипори бой ба ҷуфт кардани замин машғул мешавад.

Ӯ, ки тамоми шаб нахуфта, аз субҳи барвақт ҷуфтронӣ мекунад, ниҳоят хаста шуда, юғу испорро як сӯ монда, каме «дам гирам» – гуфта, болои хоки нарму мулоим худро мепартояд. Ногаҳ аз дур дар зери нурҳои Офтоб дар болои хоки нармшуда, як порчаи хурди фулузи зардакро мебинад, ки ялаққос мезад.

Сафар аз ҷояш як қад парида, мондагиашро фаромӯш мекунад. Ба сари он бозёфти ранга медавад. Онро бо нӯги ду ангушташ мебардорад. Баргаки тилло худ ба худ ба гап медарояд ва мегӯяд:

– Сафарҷон, ман тиллои пошхӯрда ҳастам. Мо як хуми пур будем. Танҳо бо гирифтан ва саргардон кардани ман корат буд намешавад. Дар хонаводаи мо нотифоқие рух дод. Ҳамаи мо паҳну парешон гаштем. Ҳамагӣ дар зери ҳамин замин, аммо аз ҳам ҷудоем. Ту деҳқони асил будаӣ. Майлаш, маро бо худат бигир. Аммо ман вақте пайдо шудам, ки туро каме хоб бурд ва сипорро бо ин ҷуссаи паҳлавониат зер кардӣ. Ман аз қаъри замин ба рӯйи замин баромадам. Агар ҳамин хел аз таҳти дил шудгор кардан гирӣ, ҳамаи мо бародарону хоҳаронро як – як пайдо карда, сарҷамъ мекунӣ. Мо хатои худро фаҳмидем. Донистем, тилло ҳам бошем, фақат дар якҷоягӣ, дар сарҷамъӣ қадр пайдо мекунем. Дар порчаҳои пошхӯрдаи мо арзиши пешинаи хуми тилло нест.

Сафар ҳамчунон мекунад. Аммо ягон баргаки тиллои дигар пайдо карда наметавонад. Лекин ҳамон сол замини Сафари ятим чунон ҳосил медиҳад, ки даҳ баробар гаронтар аз он хуми тиллои пошхӯрда. Бой меҳнати аз таги дили ятим ва натиҷаи кори ин бечораро бо чашми худ мебинад. Барои он ки Сафари паҳлавонсурат мисли дигар дастёронаш гурезпо нашавад, пойбанди хонадони ӯ бошад, яккаву ягона духтарашро никоҳ карда ба ятим медиҳад, ӯро хонадомод ва хушбахт мекунад...

САРҶАМЪИИ ТИЛЛОИ ПОШХӮРДАИ МАН

Акнун варақаҳои канда ва паҳну парешонгаштаи ин китоб бароям баргакҳои тиллои пошхӯрдаро мемонд. Ҳарфҳои калон-калон ва аксҳои рангаи «Алифбо», гарчанде хира шуда бошанд ҳам, дар назарам ниҳоят ҷолиб менамуданд.

Китобро бо ҳавас саҳифагардон мекардам, мисли он ки гӯё калима ва ё ҷумлаеро мекофта бошам.

Бехабар, модарам омада ба ин муносибат ва эҳсосу ҳаяҷони ман бо ҳавас нигоҳ мекардааст.

– Биё, бачам, китобро ба ман деҳ. Онро саҳифабандӣ кунам, ки варақҳояш пасу пеш набошанд ва гум нашаванд, – фармуд.

Албатта, ман ба ин таклифи меҳрубононаи модарам розӣ шудам. Ва бо ду даст «Алифбо»-ро ба ӯ супоридам.

Модарам дар се рӯз, замоне ки аз корҳои хона озод мешуд, ҳар варақи китобро бо докае тагу рӯй пок мекард. Онҳоро болои ҳам мегузошт. Варақҳоеро, ки ду пора шуда буданд, ё ин ки аз бех канда, нима гашта, имкони саҳифабандӣ надоштанд, бо як нозукие аз коғази сап-сафеде бурида, ширеш ва саҳифабандӣ мекард.

Ин меҳрубониҳои модарам нисбат ба китоб барои ман хеле писанд афтода буд.

ЗАМОНЕ МАЁСОЙ АЗ ОМӮХТАН

Баъди падару модар мактаб дуюмин меъмор буд, ки дар сохтмони ҳаёти ман бузургтарин нақш гузошт.

Тавре тафсир гардид, сарфи назар аз шавқу завқи беандоза, ворид гаштан ба ҷараёни хониш бароям хеле мушкил афтода буд.

Дар деҳа омад-омади соли нави хониш як намуд ҳаракати умумихалқиро мемонд. Дар маркази ноҳия ярмаркаҳои фурӯши китобу дафтар ва сару либоси мактабӣ шуруъ мешуд.

Мағозаҳои китобфурӯшӣ серодам мегаштанд. Падару модарон барои фарзандон, вобаста ба синну сол ва зинаи таҳсил, либос ва китобу дафтар мехариданд.

Мактабҳо аз ҷониби давлат таъмир мегардиданд. Даруну беруни онҳо бо шиору овезаҳо, навиштаҷоти дорои маъниҳои бузурги таълиму тарбия оро дода мешуданд.

Модарам табъи шоирӣ ҳам дошт. Барои ҳар як бачааш, вобаста ба хӯву хулқу рафтору кирдори ӯ як шеъри бозавқи бачагона мегуфт. Мо онро тез аз ёд карда, барои якдигар мехондем. Шеърҳояш хеле сода, равону кӯтоҳ буданд. Афсӯс, ки мо онҳоро нанавиштем. Аммо баъзеашон то ҳол дар ёдам мондаанд, ки бо андаке тағйири ном, баъдан ман онҳоро ба фарзандони хурдсолам нисбат дода мехондам.

Як рӯз апаам либосҳои нави мактабиашро ба қадаш чен карда пӯшид. Тоқияки базеби барои духтаракон хушояндашро ба сар монд. Сумкаашро дар даст гирифта, гӯё ба мактаб мерафта бошад, як порчаи шеъриро бо завқ хонд:

Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,

Ба бекориву нодонӣ намонем.

Ба олам ҳар касе бекор гардад,

Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Ман ин шеърро шунида, ҳайрон шудам. Мазмуни шеър чунон ба ман маъқул шуд, ки аз апаам пурсидам:

– Ҳамин шеърро ҳам очаам гуфтааст?

Апаам аз таги дил хандида, гуфт:

– Э, содайе! Ин шеърро Садриддин Айнӣ навиштааст.

Ман, ки пештар чандин бор номи ин шоири бузургро аз падарам шунида будам, бо ин суханҳои ширин дилам гум зад. Аз апаам илтимос кардам, ки як бори дигар ин шеърро хонад.

Ӯ ин ду байтро такрор кард. Гумон мекардам, ки он порчаи назмиро пештар ҳам медониста бошам, тез онро аз ёд кардам ва рӯзи дароз ҳамчун шиор худ ба худ, бо шавқ мехондам.

Ҳар як сухани он муддао ва давои дили ман буд. Аҷаб суханҳое, – ба худ мегуфтам, ки мо «Набояд нокораву нодон ва дар пеши одамон хор бошем. Барои он ки нокориву нодонӣ, хориву зорӣ ҳамраҳи одам набошад, бояд дарс хонем! Дарс!».

Ин шеърро рафта ба пуштибони асосии мактабравиам, модарам гуфтам. Ӯ шод шуд ва худаш ҳам бароям як шеъри ниҳоят мақбули диламро аз куҷое ёфта хонд:

Гуфтам ба хирад, ки соҳиби ирфонӣ,

Бинмой раҳи раҳоӣ аз нодонӣ.

Гуфто: мактаб, мактаб, боз мактаб,

Бояд хонӣ, хонӣ, хонӣ, боз хонӣ!

Чанд калимаро аз ин шеър нафаҳмидам. Модарам, онҳоро бароям хеле сода фаҳмонда дод. Ман хурсанд шудам. Ба худ мегуфтам, ки шояд бисёриҳо мактаб раванду то ҳол маънои ин калимаҳоро нафаҳманд. Аммо ман онҳоро медонам. Агар соҳиби хатту савод мешудам, тез ҳамаи инҳоро дар як дафтарча менавиштам, ки ҳаргиз фаромӯш накунам. Зеро як вақт падарам ба апаам гуфта буд, ки хотираи хуб дафтар аст.

Акнун пагоҳ рӯзи аввали хониш. Ғайр аз модарам ҳеҷ касе розӣ нест, ки ман мактаб равам. Номамро ҳам касе дар дафтаре нанавиштааст.

Ман гуфтугӯйи модарамро аз хонаи дарун бо падарам шунидам. Модарам зора мекард, ки бачаро бо худаш гирифта барад. Як-ду рӯз дар ягон кунҷаки синфаш шинонад. Дилаш ором мешавад. Аз бозиаш, ки монд, худаш пушаймон шуда, дигар ёди мактаб намекунад.

– Не! Ҳеҷ мумкин нест! Охир шашро ҳам пур накардааст. Тартиб ҳаст! Қонун ҳаст! Не! Не! Мумкин нест, – мегуфт қотеона падарам.

АГАР ҶОН ҲАМЕХОҲӢ АФРӮХТАН

Соли 1961. Якуми сентябр ҳам фаро расид. Апаам синфи сеюм мерафт.

Он рӯз ман аз Сайбигул ҳам барвақттар хестам. Модарам:

– Хоб кун, бачам, соат нав шаш шудааст. Куҷо саросема ҳастӣ? – гуфта, пурсид.

– Мактаб меравам! – гуфтам.

– Охир ҳоло торик аст, дар мактаб касе нест, хоб кун! – хитоб кард модарам ба ман.

Аммо дар ин эрод ман як навъ дилсӯзиву меҳрубонӣ ва ҳамраъйии модарамро ҳис мекардам.

Ин замон падарам, ки ҳар субҳ, соатҳои чору ним - панҷ хеста, ба нигоҳубини гову мол машғул мешуд, вориди хона гашт. Ман ба умеди худро «бачаи хуб» нишон додан, раҳми падарамро овардан, ки ахиран дилаш сӯзаду маро ҳам бо худаш ба мактаб гирифта барад, бо итоат сарамро таги кӯрпа даровардам.

Модарам ба падарам бо овози паст:

– Бачаи бечораам аз ҳама бештару пештар мехоҳад ба мактаб равад. Аҷаб, бачаҳои ҳамсоя Мустафову Боронро зораву нола карда, бо ваъдаҳои велосипеду тӯбу тамошо ҳам мактаб бурда намешавад, ин бача бо шунидани номи китобу мактаб ҳушаш меравад. Аҷаб… – гуфт бечора модарам, сухани худро хулоса карда, намедонист дигар чӣ гуна ҳамраъйӣ ва сидқу сафои худро нисбат ба ин нияти содалавҳонаи ман нишон диҳад, сози ноҷӯри дили падари қоидасолорамро ба шавқи пардаҳои ноҷӯри ман мувофиқ созад.

Аммо дили падарам ягон зарра мулоим нашуд. Посухе ҳам надод. Намехост, ки худро зери бори миннати муаллиму мактабдор барад.

Ман дигар тоқат карда натавонистам. Вақте падарам берун баромад, оҳиста либосҳои нави худро пӯшидам. Кафши тобистонаи нави сурхи бо тасмача маҳкамшавандаамро, ки падарам аз Душанбе харида оварда буд ва барои мактаб рафтан онро латтапечу пинҳон карда будам, пайдо намудам. Китоби дӯстдошта ва очаам дӯхту дӯзкардаи «Алифбо», як дафтар ва ду дона қалами аз апаам гирифтаамро дар халтаи аз матои нимдошт дӯхтаи модарам андохта, на ба раҳи маъмулии миёнабури кӯтоҳ тариқи хонаи бобои Қурбоналӣ, ки мабодо касе маро бинад, балки тариқи Сари Дашт сӯйи мактаб раҳ пеш гирифтам, гарчи дарозтар буду серхок:

Зи ишқи тариқат инон матоб, эй дил,

Ки марди роҳ наяндешад зи нишебу фароз!

Ҳангоми раҳгардӣ аз ҳаяҷони зиёд чашмам ҳеҷ чиз ва ҳеҷ касро намедид. Ин аввалин ҳаракати ман ҷониби роҳи дониш буд. Аммо он вақт оқибати корро ҳеҷ тасаввур ҳам намекардам.

Дар назди дарвоза қаровули мактаб бобои Умар, хеши дури падариамро дида, салом додам. Мӯйсафед саломи маро алейк гирифта:

– Э, боракалло, бачаи амакӣ, боракалло, муборак шавад, мактабӣ шудаӣ, – гӯён, мӯйсафед тавре гап зад, ки гӯё ҳаяҷони маро дарк карда бошад.

Даруни ҳавлии мактаб даромадам. Ғайр аз ду-се муаллим дигар ягон талаба дар дохили мактаб наменамуд.

Ин замон бобои Умар дид, ки ман ҳайрон-ҳайрон ба ҳар тараф нигоҳ карда, дигар куҷо рафтанамро намедонам:

– Ҳо, бачаи амакӣ, ту синфи як меравӣ, ба фикрам. Биё, ман синфатро нишон диҳам, – гуфт. Дастамро гирифта ба синфхонаи дар самти ҷануби мактаб ҷойгирбуда бурд. Синф холӣ. Ман дар куҷо нишастанамро намедонистам. Бо халтачаи дар дастам буда, бо ҳавас ба тахтаи синфӣ ва партаҳои нав рангкардашуда менигаристам.

Як замон талабаҳои мактаб як-як даромадан гирифтанд. Қариб ҳеҷ кас якдигарро намешинохт. Муаллиме, ки дар бозуи дасти чапаш латтаи сурх бастагӣ буд, омада моро аз синфхона баровард:

– Бачаҳо! Синф ба синф саф кашед! Ин ҷо синфи якум, ин ҷо дуюм, ин ҷо сеюм, ин ҷо ..., – гуфта, амр дод.

Дар дасти он муаллим ким - чӣ хел дафтаре буд. Ман аз он хеле хавотир шуда будам. Зеро монанд ба ҳамон дафтаре буд, ки муаллимон хона ба хона гашта, талабаҳои эҳтимолӣ ва воқеиро рӯйхат мекарданд.

Фикр мекардам, ки агар гумонам тасдиқ шавад, маро аз мактаб пеш карда, дарвозаашро мепӯшанд. Ҳатто дигар бобои Умар ҳам маро ёрдам карда наметавонад.

Ба ҳар ҳол, дар қатори талабагони синфи як рост истодам. Аммо халтаи бо китоби «Алифбо»-и худро овезон не, дар бағалам сахт қапида будам. Метарсидам, ки агар маро аз сафи талабагон берун кунанд, боз давлати дунёи ман, ҳамин китобро зада нагиранд, ба он маъно, ки дигар ба ин бача даркор нест, – гуфта.

Хайрият, муаллими бозубанди сурхдошта чизе аз дафтараш нахонд. Бори дигар фармон дод:

– Синфи якум ба тарафи рост, ба ин синфхона дароед, – гуфта, ишора кард.

Ман бо ҳамроҳии дигар бачаҳо ба ҳамон синфхонаи шифташ чӯбиву лойӣ даромадем.

Аз чӣ бошад, ки ҳама нишастанро аз партаҳои қафо сар карданд. Ба мани ҳайрон партаи пеш монд.

Дар ҳақиқат, дигар хонандаҳо аз ман бӯзбалатар буданд. Ман дидам, ки ғайр аз партаи пеш дигар ҷойи нишаст намонд, дар бари Назокат ном духтари хушлибоси дӯстрӯи муаллими баобрӯи деҳа Сангов, бо хавфу умеди авф нишастам. Назокат духтараки ниҳоят зебову олуфта буд.

Ҳама интизор будем. Кӣ ба мо дарс медода бошад?

ВАЛЕКИН АЗ ОМӮХТАН ЧОРА НЕСТ

Ногаҳ муаллим Абдуллоев вориди синфхона шуд. Бачаҳо аз ҷо хестанд. Муаллим:

– Салом, бачаҳо! – гуфта, ба мо муроҷиат кард.

Мо ҳамагӣ, дастаҷамъона як ғалоғула кардем. Овозҳоямон, ки пасопеш мебаромаданд, ҳеҷ чизеро аз он фаҳмидан мумкин набуд, гӯё ки ҷавоби «салом» дода бошем. Муаллим ҳам инро қабул кард.

Абдуллоев ҳамқишлоқ, ҳамсинну сол ва ҳамкурси падари ман дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб буд. Писари мулло Қайсар. Муаллими хуб ва ниҳоят сахтгир. Бовиқор ва ҳавобаланд буд. Сирф олуфта. Лекин ин сифатҳо ба ӯ мезебид. Роҳи қишлоқ тобистон хокӣ ва зимистон пури лой бошад ҳам, наздики ду километр аз хонааш то мактаб дар якуним соат нӯг-нӯги по роҳ мерафт.

Аввал ҷойи пояшро интихоб мекард. Каме пушташро қафо партофта, нӯги пояшро дароз карда, оҳиста қадам мегузошт. Ё агар илоҷи интихоби пойгузорӣ надошта бошад, пошнаҳояшро бар замин монда, нӯги пояшро рост мекард ва тамоми вазнашро ба пошнаҳо партофта, баъд ҳаракат мекард.

Занҳои деҳа соати аз пеши хонаашон гузаштани муаллимро медонистанд. Аз ноҷаи дарвоза ба усули раҳгардии ӯ нигоҳ карда, аз ӯ меомӯхтанд ва завқ мебурданд.

Муаллим Абдуллоев дар қишлоқ зиндагӣ карда, аз парвариши гову мол сахт парҳезӣ меҷуст. Ба пеши ягон оғил гузарад, то бӯйи он тамом шудан, бо дасташ пеши биниашро шамол дода, шамол дода, фу! фу! фу, – гуфтан мегирифт.

Муаллим маро хуб мешинохт. Ба хонаи ҳамсинфу ҳамкурсаш – падари ман рафтуо дошт. Даҳҳо бор ман дастонашро об гирифта будам. Духтаронаш Пайкармоҳу Шакармоҳро ба хонаи мо барои ширу дӯғу чакка мефиристод. Падари ман ҳам бо майлу ризоият хоҳишҳои ҷӯраашро иҷро мекард.

Аммо аввалин «караме», ки ба «лутфи ҳол» Абдуллоев нисбати бачаи ҷӯрааш кард, ин тавр оғоз шуд:

– Ту кӣ ҳастӣ?

Ман номамро гуфтам.

– Тез аз синф не, аз мактаб баромада рав, ки ман дигар ранги туро дар ин атроф набинам! Ҳоло барои мактабхон шудани ту хеле вақт аст. Фаҳмидӣ, ё не?!!! – гуфта, амри саволӣ дод бачаи мулло Қайсар.

Маро сахт алам карда буд. Ман бояд мегиристам.

Аммо қаҳру ғазаби як муаллими номдор ба ин дараҷаи бадбинӣ ба як бачаи нимҷони дар орзуи китобу мактаб, маро ҳушёр кард. Ман нагиристам. Пеши падарам ҳам нарафтам:

Эй шом, ба кӯйи мо гузар кун!

Эй субҳ, ба ҳоли ман назар кун!

Дар зулмати шаб танам бифарсуд,

Ё Раб, шаби зулматат саҳар кун!

Эй, дил, чу намерасӣ ба мақсуд,

Дам даркашу қисса мухтасар кун!

Ростӣ, чӣ тавр хона омаданамро ҳам намедонам.

ҲАСТИИ МАН ЗИ ҲАСТИИ ӮСТ

Ба ҳавлӣ даромадам. Модарам ба ким - чӣ коре машғул буд, ки саросема омадани маро дида, ба аловхона, ҷойи хӯрокпазӣ даромад.

Ба фикрам, интизор буд, ки маро аз мактаб пеш мекунанд ва ман ба хона ҳунгос зада, гиря карда ва аз дӯстдортарин каси дунёям – модарам имдод металабам, ки мутаассифона, аз дасти ӯ ҳам ҳеҷ чизе намеомад.

Ман саросемавор аз қафои модарам ба ошпазхона даромадам. Ӯ бе он ки ба ман нигоҳ кунад, сӯйи қуттиҳои орд рафта:

– Ин ҷо бишин бачам, ман ҳозир орд гирифта хамир мекунам. Имрӯз нони гарм мепазем. Шакароб мекунем. Дар чагдон як кадуро ҳам таги лахчаву хокистар мемонем. Барои бегоҳӣ хӯроки болаззати дӯстдоштаамон омода мешавад, – гуфт. Ва ҳамаи ин вақт ба рӯйи ман нигоҳ намекард.

Гӯё ман ин гапҳоро намешунидам. Гуфтам:

– Очаҷон, ҳамин «Алифбо» хондан аз чӣ сар мешавад?

Очаам акнун рӯяшро тарафи ман гардонда:

– Э, бачаҳаки бечорааме, аз «А», аз ҳарфи «А», – ҷавоб дод модарам.

– Ҷон очаҷон! Илтимос! Фақат ҳамин ҳарфро ба ман нишон деҳ, он тарафашро ман худам як бало карда ёд мегирам! – гуфтам ба модарам акнун бо ҳаяҷон.

Медонистам, корҳои модарам бениҳоят бисёранд, ҳеҷ вақт тамом намешаванд. Мабодо инро сабаб нишон дода, гӯяд, ки охир ин мумкин нест, наметавонад, серкор аст...

– Э, бачам, агар ту ба ин дараҷа завқ дошта бошӣ, ман ҳама ҳарфҳоро ба ту нишон медиҳам, – гуфта, илова кард, – фақат мон, ки ман хамирро бишӯрам. Баъд дер мешавад.

Албатта, ман розӣ нашуда наметавонистам.

Ин замон ман вазифаи худро медонистам, гарчанде модарам дили дардманди маро ҳис карда, ба ман чизе нафармуд. Ман тез либосҳоямро ба либосҳои «ҷангӣ» иваз кардам.

Ду дарза паяро канда, як-як базӯр кашола карда, назди чагдон овардам. Бастаи якеро кушодам. Панҷ-шаш шохаи онро шикаста, дуқат карда, дар таги чагдон мондам. Дар байнаш қоғазпораеро гузошта, барои оташ даргирондан омода кардам.

Дасту рӯ шустам. Барои дарс омодагӣ дидам. Халтаи китоби «Алифбо»-ро кушодам. «Чаққонӣ» нишон дода, як корди кундро пайдо ва ба қаламтезкунӣ сар кардам. Як қаламро тез карда - тез карда қариб то нӯгаш бурдам. Дар обу арақ шилта шудам. Ҳеҷ не, ки қалам тез шавад. Чанд қадар вақт гузашт. Модарам омада, дар болои намад пораҳои тарошидаи қаламро дида:

– Эҳ, ту аз уҳдаи тез кардани як қалам ҳам намебароӣ, боз даъвои синфи якумхонӣ дорӣ, – гуфта, алами маро тоза кард.

Аммо ба дил гуфтам: - хайр, боке нест. Модарам ваъда дод - ку, маро «Алифбо» ёд медиҳад. Ин тасаллои дили ман нисбат ба он танбеҳ буд. Хайрият, ақлам расид. Тез ҷорӯбро гирифта, намадро аз тарошаҳо тоза кардам. Модарам ба ин кори ман синчакорона нигоҳ мекард.

Дар асари ваъдаҳояш амали саросемавор аз таҳти дил иҷрокардаи маро дида, худаш, як рӯймоли куҳнаро болои намад густурда, қалами дигарро гирифта, хеле бо нозукӣ, эҳтиёткорона тез кардан гирифт. Ман ба ин кори модарам ба хотири ёд гирифтан бодиққат нигоҳ кардам.

Ӯ:

– Ана, акнун ин ҷо биё. Нигоҳ кун, ки мо чӣ гуна ҳарфнависиро ёд мегирем, – гуфт.

Бо гузашти солҳо ман ҳайрон мешавам, ки чӣ тавр як духтари камбағали меҳнатӣ дар солҳои сиюми асри гузашта, дар шароити ниҳоят ногувор – кори саҳрову чордевории ба ном синфхонаи тираву тор, соҳиби хатту савод гаштааст.

Андешаашро давом дода, намедонам барои чӣ бошад, модарам он лаҳза суханоне гуфт, ки онҳоро ҳеҷ вақт фаромӯш карда наметавонам. Онҳо як умр дар гӯши ман садо медиҳанд:

– Бачам, имрӯз мо навиштани ягон ҳарфро сар намекунем. Аввалан, бояд ту донӣ, ки қалам барои навиштан чӣ гуна бо се ангушт дошта мешавад. Имрӯз фақат 1, 1, 1 менависем.

Баъд андешамандона, хеле ором маро мисле, ки ба зиндагӣ ҳидоят мекарда бошад, рост ба чашмонам нигоҳ карда, суханашро давом дода гуфт:

– Илоҳӣ, ба сад дароӣ. Аммо ман аз ҳозир ҳис мекунам, ки ту одами меҳнатрӯзӣ мешавӣ. Умрат бо меҳнату заҳмат мегузарад. Як бурида нонат ҳам аз ҳаво намеояд. Онро фақат аз корзор меёбӣ. Ана ҳаминро одами меҳнатрӯзӣ мегӯянд. Дар пешониат навишта шудааст, ки зиндагии ту бо қаламу бо қадам, бо қадаму бо қалам бастагӣ дорад. Акнун қалам гирифтанро хуб ёд бигир, то қадаматро бо қалам ва қаламатро бо қадам ҷӯр карда тавонӣ. Ҳар дуи ин агар ба мароми зиндагӣ дуруст оянд, хор намешавӣ.

Ахиран, модарам ба ман як табассуми пурандешаи ҳамраъйӣ ва дилсӯзона кард. Бо ким-чӣ хел дили аламдори хастаҳолона, гӯё ояндаи маро воқеан, пешгӯӣ мекарда бошад, пурсид:

– Ту гапҳои маро фаҳмидӣ ё не?

– Не, очаҷон, ҳамаашро нафаҳмидам, – ҷавоб додам ман.

– Боке нест. Дар дилат фақат калимаи «меҳнатрӯзӣ»-ро бигир, бас. Бо гузашти замон аз гуфтагиҳои ман бештар чизро мефаҳмӣ.

Баъди ин, қаламро гирифта, дар се ангушти ман монда, такягоҳӣ, пасупеш, тарз ва самти ҳаракати ангуштонро нишон дода, фармуд то машқ кунам. Ҳамон тарз кардам. Модарам чанд маротиба маро ислоҳ карда, гуфт:

– Одамизод дар зиндагиаш, ҳатто дар хобаш ҳам фикр мекунад. Фикр кардан гоҳо аз худи кор муҳимтар аст. Кӯшиш бояд кард, ки ягон лаҳзаи фикрат ҳам беҳуда набошад. Ба фоидаи кор бошад. Ана он чизе, ки ман ба ту нишон додам, фаҳмондам, дар дилат гаштаву баргашта такрор намо.

Субҳона нахӯрдаӣ. Ҳоло нону косаи ширро гирифта, ноништа кун. Пасон молҳоро бурда лаб-лаби ҷӯйбор бичарон. Ҳамзамон, бо худ як чӯбчаро мисли қалам бигир ва тамоми рӯз панҷаҳоятро тарзе ба ту нишон додам, машқ деҳ.

– Он ҳарфи «А», ки мегӯӣ, кай ёд медиҳӣ, – пурсидам аз очаам.

– Кӯдакро бин. Пеш аз роҳ гаштан, аввал шикаммола хазиданро ёд мегирад. Агар ту ин имтиҳонро хуб бисупорӣ, баъд, – ҷавоб дод модарам.

Ман худ ба худ оҳ кашидам. Модарам сабабашро бо хавотирӣ пурсид.

– Охир, имрӯз бачаҳо ин ҳарфро ёд мегиранд. Ман аз онҳо қафо мемонам, – гуфта шикоят кардам.

– Э, бачаи сода, баъзеҳо дар як моҳ ҳам ин ҳарфро ёд намегиранд, – посух дод модарам.

Аз ин суханҳо хурсанд шудам. Ба худ гуфтам, ки агар дигарон дар як моҳ ҳам як ҳарфро ёд нагиранд, ман кӯшиш мекунам, ки дар ин муддат ду ҳарфро ёд гирам, ки аз онҳо пеш гузарам.

Баъди ғизо хӯрдан молҳоро ба чаро баровардам. Як чӯбчаро, он тарзе модарам гуфта буд, дар се ангушти дасти ростам гирифтам ва тамоми рӯз ҳам молчаронӣ кардам ва ҳам машқ.

Дар охири рӯз дар лаби ҷӯйбор, дар болои қум оҳиста-оҳиста, мисли занҳое, ки дар девори аз дуд сиёҳшудаи аловхонаи мо, ҳар боре, ки бар аҳди певочӣ шир меоварданд ва як хатти ба арзи қалам рост мекашиданду шумораро сабт мекарданд, ман ҳам ин корро сар кардам. Кӯшиш намудам, ки хатҳои ман якзайл, баробар ва рост бошанд. Хат мекашидам. Боз аз дур рафта, бо ҳавас гардан каҷ карда, ба он нигоҳ мекардам. Завқ мебурдам. Мехостам тез шом шавад, хона биёям ва ба модарам ин «дастоварди бузург»-и худро эълон кунам.

Ҳамин хел ҳам кардам. Модарам:

– Таъриф, ки мекунӣ, канӣ дар дафтар хат каш ва ба ман нишон деҳ, – гуфт ва худаш ба корҳояш андармон шуд.

Чун боз гашт, ман барои он ки ҳавсалаи худро намоиш диҳам, қариб се рӯйи варақи пури як-як кардаамро нишон додам. Умед доштам, ки модарам маро таъриф мекунад.

Аммо ӯ:

– Э, бача, ту дафтарро аз лаби ҷӯйбор фарқ мекунӣ ё не?!!! – гуфта, тааҷҷуб кард ва суханашро идома дода, – агар ту ин хел бетартиб нависӣ, дар мағозаи Ориён дигар дафтар намемонад, – гуфт.

Баъди хатҳои дафтарро нишон додан, худаш ду-се бор як-як навишт ва ба ман андозаи имкони зарурии навишт, ҳамчунон, оғозу анҷоми ин амали содаро омӯхт.

Модарам баъди анҷоми корҳояш аввалин бор дар дафтар навишти ҳарфи «А»-ро ба ман нишон дод.

Ҷузъиёти муҳимми муаллими аввали ман бароям таъкид кардагӣ он буд, ки ҳар ҳарф нуқтаи оғоз ва самти ҳаракати навишт дорад. Агар он риоя нашавад, ҳам суръати навишт ва ҳам ҳусни хат зарар мебинад. Ва худаш хеле эҳтиёткорона ба навиштани «а»-и хурд оғоз кард.

Як замон дидем, ки падарам дар болои сари мо рост истода, дарсамонро назорат мекунад.

Модарам аз ин ҳолат барошуфт:

– Э, мардак, ҳофиз манаму бародарам мехонад. Охир, муаллим ту ҳастӣ. Бигир, ин бачаи бечораро ёд бидеҳ. Бо ин қадар кору бори хонаат, домани маро раҳо намекунад. Дилам месӯзад. Наметавонам, «не» гӯям. Камтар бишин. Ақаллан, ҳамин «Алифбо»-ро ба ин бечора омӯз.

Падарам:

– Ту дар мактаб аз ҳама хуб мехондӣ. Муаллим дафтари туро бурда, синф ба синф нишон медод, ки беҳтарин ҳусни хат дорӣ. Дигарҳо ибрат гиранд. Акнун даркорат шуд.

Воқеан, ҳусни хатти падарам хуб буд. Аммо модарам хеле зеботар аз ӯ менавишт. Мактубҳои навиштаи модарам вақти дар аскарӣ буданам, ки онҳоро гаштаву баргашта мехондам ва дар дидаҳоям мемолидам, намунаи онҳоанд.

Модарам ба ин суханҳои падарам розӣ нашуда:

– Мардак, ин хел баҳонаҷӯӣ намешавад, худат бо бачаат кор кун, - гуфта, як навъ фармон ҳам дод.

Падарам:

– Ин қадар бача калон кардӣ (чор нафар бачаҳои авлоди падарии ятиммондаро дар назар дошт), яктои онҳо ту ва маро хоҳиш накарданд, дарсашон бидиҳем, баръакс, мо маҷбурашон мекардем хонанд. Духтари мактабхонат ҳам ягонтои моро ин тавр сахт нагирифта буд. Омӯзон, ку бинем ин бачаат кӣ мешавад. Метарсам, давидани гӯсола то каҳдон набошад, – хандида, ба пушти ман меҳрубонона як панҷа зад.

– Бачаи ман аз ҳамаатон зӯр мешавад! – гуфта, модарам маро бӯса кард. Ва ба навиштан «а»-и хурд ва «А»-и калон оғоз намуд.

Ҳамин тариқ, ман дар муддати се моҳ хондан ва навиштанро ёд гирифтам. «Алифбо»-ро тамом кардам.

Ёздаҳ шеъраки «Алифбо»-амро ҳам аз ёд намудам. Намедонам, чӣ қадар ҷоиз бошад, барои ёдоварӣ кардан. Ҳама ҳарфҳоро ман рӯзҳои дароз ҳангоми бонӣ кардани молҳо дар лаби ҷӯйборҳову рӯйи сафедхок гаштаву баргашта, навиштаву машқ мекардам.

ДИЛЕ ҲАМДАРДУ ЁРЕ МАСЛИҲАТБИН

Шароити воқеӣ барои дарсҳои мустақилонаи ман, «хонандаи зерсинфи як» дубора осон шуда буд. Фасли тирамоҳ ба охир мерасид. Замини юнучқазори Ориён пурра даравида, ба қавли мардум лош (мазраи аз ҳосил покшуда) эълон гашта буд.

Дуюм, ман китобхон шуда будам. «Алифбо»-и куҳна ва ниҳоят дӯстдоштаи худро бо як тика нон дар миёнам баста, аз пайи гӯсфандон ба саҳро рафта, бовиқор дар гирди чорпоён қадам зада - қадам зада, баланд - баланд мехондам.

Бо овоз ва роҳ гашта хонданро ба ман падарам маслиҳат дода буд:

– Агар хоҳӣ, ки забонат бурро шавад, калимаҳо дар ёдат монанд, ё мақсад дорӣ шеъреро зуд аз ёд кунӣ, аз ҷо хеста, роҳравон он матнро бо тарзи барои худат шунаво хон.

Сипас, китобро пӯшида, мисраъҳои даркориатро аз ёд такрор кун. Ё мавзуи дарсатро аввал хуб мутолеа намо. Пас аз он роҳ гашта, дарсатро гӯё дар назди минбар баромад мекарда бошӣ, бо овоз нақл кун. Дар ин маврид, матн на танҳо тез аз худ мешавад, балки дигар фаромӯш намегардад.

Ман ин корро чанд маротиба такрор кардам. Ин усул хеле муфид баромад. Сабабашро аз падарам пурсидам. Гуфт:

– Одам соҳиби як занҷири сарбастаи асаб ва хотирмонӣ аст. Он аз панҷ қисм иборат мебошад: дидан, шунидан, чашидан, бӯйидан, ламс кардан, ки дар муносибати пайвастагӣ, ҳамбастагӣ ва вобастагӣ қарор доранд. Доимо якдигарро ёрдам мекунанд.

Вақте инсон дар ҳаракат аст, гардиши хун ҳам фаъол мешавад.

Сарчашма ва ангезаи ҳаракати одам майна аст. Торҳои асаб фарогири пурраи бадан мебошанд. Ҳангоми азхудкунии матн аз ҳама беш мағзи инсон фаъол мегардад. Аммо тасаввур кун, ки одам ғайр аз забон бо ангуштон, ҳаракати дастон, чашму абрӯ, мушакҳои рӯй ҳам «гап мезанад». Дар ҷараёни нутқ қариб тамоми аъзои номбурда ширкат мекунанд.

Ҳамин тариқ, ҳангоми ҳаракати мақсадноки ба ёд гирифтан, узвҳои бадан кӯшиш мекунанд дар якҷоягӣ ба майна кӯмак намоянд.

Сипас, таъкид кард падарам, агар чизеро хоҳӣ, ки тез дар хотират монад, саросема нашуда, аввал дар дафтарат навис. Бо даст дар варақ навиштан, баробари дар майна навиштан аст. Баъдан, ба матни аслӣ муқоиса кун, ки хато набошад. Ин ҳам воситаест, ки дар кӯтоҳтарин муддат онро аз ёд мекунӣ. Ҳамзамон, бояд ифоданок хонданро дар мадди назар бигирӣ. Барои ин ба талаффузи дуруст ва буррои ҳамсадоҳо диққати махсус додан лозим меояд.

Ин маслиҳатҳои падарам бароям роҳнамо буданд.

Боре, фикр мекунам оғози зимистон буд, ки мо ба бешаи Осмонтеппа молчаронӣ мерафтем. Аз радиои дастӣ шеъреро шунидам, ки ба ман бениҳоят маъқул афтод. Хостам онро пайдо ва аз ёд кунам. Ин эҳсосамро ба падарам гуфтам. Ӯ пурсид:

– Ин кадом шеър аст?

– Дар бораи модар, – ҷавоб додам ман.

– Ақаллан, маъниҳояшро дар ёд дорӣ? Охир, дар бораи модар ҳазорҳо шеър суруда шудааст, – гуфт падарам.

– Ким-чӣ хел гаҳвора ҷунбонидан, раҳгардон кардан буд, – гуфтам.

– Э, офарин! Ин шеъри хеле машҳур аст. Агар ҳамин бошад гуфта, як мисраи онро ҳамон замон ба ёд овард:

– Гӯянд маро чу зод модар…

Вақте падарам шеърро ба пуррагӣ ва бо завқ хонд, ман аз хурсандӣ қад-қад паридам. Илтимос кардам, ки онро навишта ба ман диҳад.

Субҳи рӯзи дигар ӯ дар ду варақи дафтар бо ҳарфҳои чопӣ ин порчаи назмиро навишта ба ман дод ва имтиҳон кард:

– Дидам, ки китобу дафтаратро хуб мехонӣ. Аммо хати маро, ки бо ҳарфҳои чопӣ навиштаам, хонда метавонӣ?

Ман ба матн нигоҳ накарда, бовиқор гуфтам, ки метавонам.

Падарам эрод гирифта, бо мулоимӣ гуфт:

– Бачам, мегӯянд, ки «Ноларо калон гир, аммо гапро калон назан», канӣ дар пеши ман хон.

Ман варақҳоро кушодам. Хондам, лекин ба мушкилӣ, бо хатоҳои зиёд:

Гӯянд маро чу зод модар,

Пистон ба даҳон гирифтан омӯхт.

Шабҳо бари гаҳвораи ман,

Бедор нишасту хуфтан омӯхт.

Дастам бигирифту по ба по бурд,

То шеваи роҳ рафтан омӯхт.

Лабханд ниҳод бар лаби ман,

Чун ғунчаи гул шукуфтан омӯхт.

Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам,

Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт.

Пас ҳастии ман зи ҳастии ӯст,

То ҳастаму ҳаст, дорамаш дӯст.

Баъдан, падарам пурсид:

– Ҳамаи калимаҳову маъниҳо барои ту фаҳмоанд?

– Не, падарҷон, – гуфта ҷавоб додам ман, ин дафъа, воқеан ҳам бо эҳтиёт.

– Ин хел бошад, маслиҳат аст: чӣ қадар, ки имкон пайдо кардӣ, шеърро хон. Аввалан, кӯшиш кун, то метавонӣ ба маънии сухан, дар умум, сарфаҳм равӣ. Баъдан, ба маънии ҳар мисраъ – ҳар хатти шеър. Сеюм, ба маънии ҳар байт, яъне ҳар ду мисраъ. Чорум, сари ҳар як калима, ҳар як сухан фикр кун. Вобаста ба фаҳми маънии умумии шеър, саъй намо то ҳар калимаро, ки ба мазмуни умумии шеър рабт дорад, худат мустақиман ворид гардӣ. Чунин кӯшиш зеҳни одамро барои дарки калимаҳои нав осон мекунад, ҳатто агар ин калимаҳо мушкилфаҳм бошанд ҳам, – шарҳ дод падарам.

– Модарам, ки ба ҷараёни тафсири фаҳми маъниҳо гӯш мекард, ҳамоно вокуниши манфӣ нишон дод:

– Мардак, суханҳое, ки ту мегӯӣ барои синфи ҳаштумхон ҳам фаҳмо нест. Чаро ту ба ин кӯдаки бечора, ки ҳанӯз «Алифбо»-ро соз хонда наметавонад, аз фаҳми шеър суҳбат мекунӣ.

– Ҷӯра, – гоҳо ба модарам чунин муроҷиат мекард падарам, – агар калонсол ба кӯдак тақлид кунад ё аломатҳоеро аз хурдсолон нишон диҳад, фоли хубе нест. Аммо агар хурдсол тақлид ба калонсолон кунад, намунаи шоён аст. Бачаи ту, Худо оқибаташро ба хайр биёрад, чӣ қадар ману туро, аз ҳама беш худашро азоб дод, ки як сол пеш мактаб равад.

Фикр мекунам, чизеро, ки ман кӯшиши фаҳмонидан дорам, майлу хоҳиши худи писарат аст, – гуфта, сари маро сила кард падарам.

Суханҳои чӣ гуна ба фаҳми мазмуни шеър ворид гаштанро ба пуррагӣ нафаҳмида бошам ҳам, хушгӯии падарам нисбат ба шогирди саросемааш ба ман маъқул шуд. Ва чунин вонамуд кардам, ки ҳамаи гуфтаҳои падарам бароям фаҳмо аст.

Ҳамин тариқ, аввалин шеъри батафсиле, ки аз ёд кардам ва баъдан давоми умр бо волоии маънӣ ва тафсири воқеият нисбат ба бузургии модар ба чунин содагӣ, равонӣ, пайдарҳамии мафҳумҳо ва хулосаи олӣ анҷом меёфт ва дар зеҳни ман муассир монд, ҳамин шеъри Эраҷ Мирзо буд.

Барои ман ин порчаи назмӣ бузургтар аз ҳама қиссаву достонҳо буд. Ҳолати руҳиву равонии ҳамонлаҳзаи маро бештар ифода мекард. Ақаллан, ба хотири он ки гӯё дониста дар бораи модари муштипар, ба ном хонашин, воқеан, ниҳоят азиятдида, дар зиндагӣ серкор, устоди ҳақиқӣ, воқеӣ ва муаллими аввалини субҳи донистанҳои ман навишта шуда бошад.

Баъзан дар мактаб, дар донишгоҳ, дар кор иттифоқ меафтод, касоне лутф карда, ба ҳусни хатти ман мисле, ки баҳои мусбат медоданд. Изҳори хоксории банда нест: ман, бо ифтихор ҳамчун тафсири воқеият иқрор мегаштам, ки ин ҳусни хатти нахустустоди ман – модари ман, нишона ва ёдгорӣ аз ӯст.

МАКТАБИ МАН

Оқибат фаро расид он рӯзе, ки инҷониб ҳаққи мактаб рафтан пайдо кардам. Ва орзуи деринаам амалӣ гашт.

Гарчанде дар синфи якум ҳама китоби нави «Алифбо» доштанд, ман аз китоби «Алифбо»-и азияткашидаи худ нияти ҷудо шудан намекардам. Он бароям ҳамешагӣ чун дӯсти қарини вафодор боқӣ монд. Онро боифтихор бо худ гирифтам.

Акнун ин замон як масали хуби англисӣ ба ёдам меояд, ки шояд мантиқан ба он ҳолати равонии ман мувофиқ меафтад: «Old gold, old friends and old wine are best».

Дар омади гап, ҳоло дар китобхонаи шахсии ман аз замони кӯдакиву наврасӣ ба сифати ёдгорӣ аз модари ҷигарбандам гаҳвораи ман, номаҳои модарам ҳангоми дар аскарӣ хизмат карданам, китоби «Алифбо»-и ман ва дар болои он акси бузургтарин ғамгусори зиндагии ман – модарам мондаанд...

(Аз китоби С. Ятимов «Ёддоштҳо», ҷилди 1

Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврали соли 2026, тахминан соати 01:20 дақиқа дар ҳудуди минтақаи хизматрасонии дидбонгоҳи сарҳадии «Дарқади»-и қисми ҳарбии 0307-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, воқеъ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 4 нафар қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузаштанд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангии хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ масири ҳаракати ҷинояткорон муайян ва қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ карда шуд. Як нафар қочоқбар Авалмир валади Абдулҳаким, тахминан 45-сола, сокини қарияи Майдапатаи вулусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон боздошт ва аз ӯ 46 баста маводи мухаддири навъи “ҳашиш” мусодира гардид.

Ҳамчунин, аз ҷойи ҳодиса 2 адад камераи резинӣ дарёфт карда шуд, ки қочоқбарон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳадӣ давлатӣ аз он истифода бурдаанд.

Ба аъзои боқимондаи гурӯҳи нашъаҷаллоб муяссар шуд, ки бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон фирор намоянд.

Вобаста ба далели мазкур аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаҳои 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), 289 (Қочоқ) ва 335 (Ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ДУ НЕРУИ ХАРОБИОВАР БАР ЗИДДИ СУБОТИ МИЛЛӢ
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ДУ НЕРУИ ХАРОБИОВАР БАР ЗИДДИ СУБОТИ МИЛЛӢ

Дар солҳои охир терроризм ва экстремизм ба яке аз масъалаҳои печида ва хатарноки ҷаҳонӣ мубаддал гашта, беш аз пеш ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии ҷомеаҳоро таҳти таъсир қарор медиҳанд. Ин падидаҳо амали гурӯҳҳои хурд ва бузурги ҷинояткор, равандҳои муташаккил ва идеологияҳои таҳдидоваре мебошанд, ки ҳадафи асосии онҳо ноором сохтани ҳаёти мардум, халалдор кардани суботи миллӣ ва аз байн бурдани арзишҳои бунёдии давлатдорӣ мебошад.

Дар шароите, ки техникаи муошират босуръат рушд мекунад ва имкони дастрасӣ ба иттилоот васеъ шудааст, гурӯҳҳои ифротӣ ҳамчунин аз ин фазо истифода мебаранд, то ҷавононро бо роҳҳои гуногун ба доми худ бикашанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳои экстремистӣ бештар ба ҳиссиёт, мазҳабият, эҳсоси адолатталабӣ ва ҳассосияти равонии ҷавонон такя мекунанд. Ифротгароён барои ҷалби ҷавонон аз усулҳои равонӣ, таблиғоти зебову фиребанда, наворҳои таҳрикдиҳанда ва шиорҳои бардурӯғ истифода мекунанд.

Онҳо мушкилоти иқтисодӣ, бекорӣ, нуқсонҳои иттилоотии ҷавонон ва ҳатто мушкилоти шахсии онҳоро ба унвони абзори таъсир истифода бурда, ҷавононро ба роҳи амале раҳнамоӣ мекунанд, ки пайомадаш ҷудоии иҷтимоӣ, хатар ба амният ва гум шудани ояндаи онҳо мебошад. Мавҷудияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои иртиботи пинҳонӣ сабаб шудааст, ки таблиғоти ин гурӯҳҳо нисбат ба солҳои пеш дастрастар ва таъсиргузартар гардад. Дар робита ба ин вазъ, масъулияти ҷавонон дар ҳифзи суботи ҷомеа бештар мегардад. Мояи асосии муқовимат ба терроризм танҳо қувваи низомӣ нест, балки сатҳи тафаккур, огоҳӣ ва неруи таҳлилии ҷавонон мебошад. Ҷавоне, ки ҷаҳонбинии солим дорад, таърихи худашро мешиносад, ба арзишҳои миллӣ арҷ мегузорад ва ҷойгоҳи худро дар ҷомеа дарк мекунад, худро аз ҳар гуна таъсири манфӣ нигоҳ дошта метавонад. Бинобар ин, баланд бардоштани саводи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ барои ҳар як ҷавон ҳатмӣ ва зарурати замони муосир аст.

Тадқиқотҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки на ҳамаи ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд, дорои ангезаҳои сиёсии қавӣ мебошанд. Бисёре аз онҳо танҳо ба далели беогоҳӣ, ҷустуҷӯи ҷойгоҳи иҷтимоӣ, набудани неруи таҳлил ва таслим шудан ба эҳсосот ба ин роҳ меафтанд. Ҳамаи ин шаҳодати он аст, ки кор бо ҷавонон бояд бештар ба самти тарбияи тафаккури интиқодӣ, таҳкими ватандӯстӣ ва боло бурдани масъулияти шаҳрвандӣ равона гардад. Ҷомеа низ дар ин раванд нақши муҳим мебозад. Оила ҳамчун муҳити аввалини тарбия бояд ба рафтор, муҳити иҷтимоӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва тағйироти равонии фарзанд назари ҷиддӣ дошта бошад.

Мактаб ва донишгоҳ бояд ҷойгоҳи рушди маърифат, ташаккули ҷаҳонбинии мутавозин ва омӯзиши арзишҳои давлатдорӣ бошанд. Расонаҳо бояд ба ҷои таблиғоти сенсатсионӣ бештар маводҳои маърифатӣ, таҳлили равандҳои иҷтимоӣ ва огоҳии зиддиифротӣ нашр ва паҳн намоянд, то ки зеҳни ҷомеа ба хатарҳои муосир омода бошад. Дар маҷмуъ, мубориза бо терроризм ва экстремизм танҳо як амалиёт ё як иқдоми ҷудогона нест; ин раванд ниёз ба ҳамкории пайвастаи давлат, ҷомеа ва хусусан ҷавонон дорад. Ҷавонон, ки ояндаи кишварро дар даст доранд, бояд дарк кунанд, ки интихоби ҳар шахс метавонад ба ҳаёти худаш ва ба оромии ҷомеа таъсир гузорад. Огоҳӣ, тафаккури солим, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва эҳтиёткорӣ дар фазои интернет метавонанд сипари боэътимод дар баробари ин падидаҳои хатарнок бошанд. Танҳо бо боло бурдани фарҳанги сиёсӣ ва масъулияти иҷтимоӣ метавонем ҷомеаро аз хатари терроризму экстремизм эмин нигоҳ дорем ва заминаи рушди устувори ҷавононро таъмин созем. Холов НУРИДДИН, сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

ПАРЧАМ - РАМЗИ ИФТИХОР ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛИИ ТОҶИКОН
ПАРЧАМ - РАМЗИ ИФТИХОР ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛИИ ТОҶИКОН

Парчам ҳамеша рамзи қудрат, пирӯзӣ ва ифтихори халқҳо буда, дар таърихи тӯлонии инсоният нақши муассир доштааст. Бостоншиносон таъкид мекунанд, ки аз даврони пеш аз милод парчам асосан ҳамчун рамзи ҳарбӣ истифода мешуд. Он маркази лашкар, мавқеи сарлашкар ва ҳимоятгари сарбозонро нишон медод. Ғалаба бар душман ва забти парчам маънои пирӯзӣ ва шуҷоат дошт ва нигоҳдорӣ ва ҳифзи он масъулияти бузурги парчамбардорон ба шумор мерафт.

Ин анъана, ки дар фарҳанги ҷангӣ ва маънавии халқҳо чун рамзи қавӣ боқӣ мондааст, то имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст. Дар таърихи миллати тоҷик низ парчам бо ҳикояҳо ва рамзҳои пурмазмун пайванд шудааст. Дар осори бузурги «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳикояи Коваи оҳангар ба мо расидааст. Кова бар зидди Заҳҳок Морон шӯриш мебардорад ва пас аз пирӯзӣ пешбанди худро, ки «Дирафши Ковиёнӣ» ном дорад, ба рамзи муқаддас ва ифтихори халқ табдил медиҳад. Аз он замон ин парчам рамзи пирӯзӣ, аломати давлатдорӣ ва неруи якдилии мардум гашт. Дар фарҳанги мардумӣ парчам ҳамчун нишони худшиносӣ, иродаи миллӣ ва ҳимояи арзишҳои моддӣ ва маънавӣ таҷассум меёбад.

Бо Истиқлолияти Тоҷикистон ва таъсиси давлатдории миллии тоҷикон аҳамияти парчам боз ҳам бештар гардид. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки пеш аз Иҷлосияи тақдирсоз кишвари соҳибистиқлол рамзҳои давлатӣ надошт. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони мардумӣ пас аз баррасии ҳама ҷиҳатҳо «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул карданд ва 24 ноябри соли 1992 Тоҷикистон расман соҳиби парчами давлатӣ гардид. Ин сана аз соли 2009 Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шудааст ва ҳар сол бо шаҳомати махсус таҷлил мегардад.

Парчам, рамзи давлат, Истиқлолият, ифтихори миллӣ, муҳаббат ба Ватан ва эҳтироми муқаддасоти миллати тоҷикро ифода мекунад. Ҳар ранг ва ҳар унсури он маънои алоҳида ва таърихӣ дорад: сурх рамзи ҷасорат ва қаҳрамонӣ, кабуд рамзи осмон ва ваҳдати миллӣ ва сафед рамзи покӣ ва оромии ҷомеа мебошад. Дар маркази парчам нишонаи офтоб ва панҷ кунҷи он рамзи равшанӣ, фардо ва ниятҳои нек аст. Имрӯз ҳар парчами давлатии Тоҷикистон гувоҳи ғурури миллӣ ва ифтихори тоҷикон мебошад. Он нишони соҳибистиқлолӣ, рамзи таърих ва фарҳанг, рамзи иттиҳод ва ҳамдигарфаҳмии миллати тоҷик аст.

Ҳар шаҳр, ҳар деҳа ва ҳар хонадон бо дидани парчам ёдовар мешавад, ки соҳибихтиёр ва мустақиланд ва масъулияти нигоҳдории арзишҳои миллӣ ба дӯши ҳар фарди кишвар аст. Аз ин рӯ, парчам барои ҳар тоҷику тоҷикону ҳар сокини Тоҷикистон рамзи муқаддас ва неруи руҳонӣ мебошад, ки мардуми тоҷикро ба ҳамдигар пайваст мекунад ва муҳаббат ба Ватан, эҳтироми таърих ва фарҳанги ниёгонро тақвият мебахшад. Наргис, САЛИМЗОДА, директори Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

24 НОЯБР - РӮЗИ ПАРАФШОНИИ ОРМОНҲОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
24 НОЯБР - РӮЗИ ПАРАФШОНИИ ОРМОНҲОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Дар ҳаёти ҳар давлат рамзҳое мавҷуданд, ки нишонаи ҳуқуқӣ, таҷассуми руҳия, таърих, ормон ва иродаи халқи он ба шумор мераванд. Барои тоҷикон, ки аз гузашта бо фарҳанги ҳазорсолаҳои тамаддун бархостаанд, рамзи муқаддаси давлат - Парчами миллӣ, ба яке аз пояҳои асосии худшиносӣ ва истиқлол табдил ёфтааст. Ҳамасола 24 ноябр, сокинони кишвар ин рамзи муқаддасро бо эҳтироми хосса таҷлил менамоянд, то андешаҳои миллӣ, арзишҳои давлатдорӣ ва ваҳдати ҷомеаро дубора эҳё ва таҳким бахшанд.

Парчами давлатии Тоҷикистон танҳо матои рангин нест. Он ганҷи маънавист, ки дар худ сарнавишти ташаккули давлати муосир, хотираи ҷовидонаи ниёгон ва роҳи муборизаи миллатро ниҳон дорад. Рангҳои он ҳар кадом забони мустақили худро доранд: -ранги сабз - рамзи ҳаёт, умед, сарзамини биҳиштосое, ки дар паҳнои он садҳо дарё, кӯҳҳои осмонбӯс ва заминҳои ҳосилбахш ҷой гирифтаанд. -ранги сафед - таҷассумгари нур, сулҳ, маърифат ва нияти поки мардуми тоҷик, ки дар фазои давлати соҳибистиқлол зиндагии орому созанда доранд. -ранги сурх - рамзи шуҷоат ва далерии фарзандони ин миллат, ки дар тӯли таърих барои озодӣ, шараф ва бақои Ватан мубориза бурдаанд.

Дар маркази ин матои нодир тоҷи заррин бо ҳафт ситора ҷой дорад: муқаддастарин нишонае, ки решаҳои фарҳангӣ ва таърихии моро муаррифӣ мекунад. Тоҷ ин рамзи давлати устувор ва соҳибихтиёр аст, ҳафт ситора бошад, рамзи комилӣ, камол, бахт ва ҳафт фазилате, ки мардуми мо орзуи пайвастаи онро доранд. Имрӯз, вақте Парчами давлатии Тоҷикистон дар баландтарин сутунҳои пойтахт ва навоҳии кишвар парафшон аст, он на танҳо матоест, ки бо насими саҳар мавҷ мезанад, балки парафшонии ормонҳои як миллати куҳанпоя ва ҷавонрав мебошад.

Рӯзи Парчам ба мо ёдрас мекунад, ки роҳи устувори давлатдорӣ ҳаргиз осон набуд. Миллат рӯзҳои сангини ҷанг, ноамнӣ ва бесарусомониҳоро гузашта, ба марҳилаи сулҳу субот расид. Дар ҳамин роҳ, Парчам ҳамчун рамзи ягонагӣ неруи маънавиро таҳким бахшид, мардумро муттаҳид кард ва ба онҳо итминон дод, ки Тоҷикистони нав бояд таҳти ҳамин нишонаи муқаддас бунёд ёбад. Ин эҳсос ҳамоно бо ҳар баланд шудани Парчам эҳё мешавад: эҳсоси ифтихор, эҳсоси масъулият ва эҳсоси он ки ҳар як шаҳрванди кишвар дар назди таърих ва оянда вазифадор аст, вазифадор барои ободкорӣ, созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои миллат. Парчам нишонаи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аст.

Вақте мо ба Парчам арҷ мегузорем, дар асл ба худи давлат, ба ҳувияти миллии худ ва ба он ганҷи пурҳимате, ки аз падарону бобоён ба мо мерос мондааст, муҳаббату самимият доштанро нишон медиҳем. Имрӯз Парчам дар мактабҳо, майдонҳо, муассисаҳои давлатӣ ва назди ҳар хонадон ҷой дорад, то ҳар фарди ҷомеа дар зери он худро дар фазои як давлат, як миллат ва як армон эҳсос кунад. Барои ҷавонон ин рамз роҳи ростро нишон медиҳад: роҳи дониш, меҳнат, ватандорӣ ва эҳтироми қонун. Барои калонсолон, ёдрасест аз масъулияти бузурге, ки бар души наслҳои гузашта ва имрӯз гузошта шудааст. Рӯзи Парчами давлатӣ ин як санаи тақвимӣ, ҷашни худшиносии миллӣ ва рӯзест, ки мардум дар гирду атрофи рамзи ягонагӣ муттаҳид мешаванд. Ин ҷашн имкони он аст, ки ҷомеа бо руҳияи нав ба корҳои давлатдорӣ, созандагӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ оварад. Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз дар зери ин Парчам роҳи рушдро тай мекунад. Аз сохтмони неругоҳҳои азим то эъмори роҳҳо, аз баланд шудани илму фарҳанг то эҳёи анъанаҳои миллӣ, ҳама бо баракати сулҳу суботе амалӣ мешавад, ки ин рамз онро таҷассум мекунад. Хулоса, Парчам парафшон бошад, миллат сарбаланду шодмон мемонад. Парчам дар назди ҳар як фард гиромӣ бошад, давлат гиромӣ мемонад. Имрӯз, дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо бори дигар эътироф мекунем, ки ин рамз ороиши давлат, пояи устувори ваҳдати миллӣ ва худшиносии тоҷикон аст. Бигзор Парчами мо ҳамеша дар самои беғубор, дар зеҳни бедори ҷавонон ва дар қалби ҳар шаҳрванд баланду муқаддас боқӣ монад. Зинда бод, Парчами давлатии Тоҷикистон! Зинда бод, миллат ва давлати тоҷикон! Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Навиди Балх"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Санаи 20 октябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти нуҳмоҳаи соҳаи тандурустии ноҳия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шукурзода Шаҳло, сартабиби беморхонаи марказӣ Холзода Азизулло, роҳбари шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ Қурбонов Ниёзмаҳмад, инчунин мудирони шуъбаҳо, сардухтурони беморхонаҳои деҳотӣ, роҳбарони марказҳои саломатии деҳотӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда иштирок намуданд. Ҷаласа бо пешниҳоди ҳисоботи муфассал оид ба вазъи умумии соҳаи тандурустӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ оғоз ёфт.

Сартабиби беморхонаи марказӣ Холзода Азизулло дар баромади худ оид ба иҷрои қарорҳои роҳбарияти кишвар ва мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла Қарори раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти №624 аз 5 майи соли 2021, Қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 апрели соли 2021 таҳти №104 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021 таҳти №50 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) ва бемории пайдошудаи вируси норасоии масъуният барои солҳои 2021–2025” гузориш дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар муассисаҳои тиббии ноҳия, аз ҷумла Беморхонаи марказӣ, беморхонаҳои минтақавӣ, марказҳои саломатии деҳотӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, 35 санад тартиб дода шуда, дар самти татбиқи барномаҳои давлатӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, корҳои фаҳмондадиҳӣ байни кормандони соҳа ва аҳолӣ фаъолона ба роҳ монда шудаанд. Қурбонов Ниёзмаҳмад, роҳбари шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ низ дар бораи фаъолияти Маркази саломатии ноҳия ва зерсохторҳои он гузориш дод.

Ӯ зикр кард, ки кормандони соҳа дар самти ташхиси барвақти бемориҳои сироятӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва таҳкими корҳои хонагардӣ ва ташвиқотиву тарғиботӣ фаъолияти назаррас нишон додаанд. Дар идомаи ҷаласа муовини раиси ноҳия Шукурзода Шаҳло аз натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳаи ҳар як зерсохтори соҳаи тандурустӣ натиҷагирӣ намуда, барои беҳтар намудани интизоми меҳнат, риояи ҳатмии либоси махсуси тиббӣ ва татбиқи пурраи барномаҳои давлатӣ дар ин самт дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод. Ӯ ҳамзамон масъулинро барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва назорати иҷрои нақшаҳои марбут ба солимии аҳолӣ ба масъулиятшиносӣ даъват намуд.

Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар семоҳаи чоруми соли ҷорӣ ҳамкории зичи ҳамаи сохторҳо, боло бурдани масъулияти касбӣ ва риояи меъёрҳои хизматрасонии тиббӣ зарур мебошанд.

ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДИ ХОБГОҲ ДАР МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ҶУҲУРИЯВИИ НОҲИЯ
ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДИ ХОБГОҲ ДАР МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ҶУҲУРИЯВИИ НОҲИЯ

Дар идомаи сафари кориаш ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид рӯзи 20 октябри соли ҷорӣ аз мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ин ноҳия боздид ба амал овард. Ин сафар бо мақсади шиносоӣ аз шароити зисту таълимии хонандагон ва баррасии раванди татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат нисбат ба насли ҷавон доир гардид. Дар доираи ин боздид, барои беҳтар намудани шароити зиндагии кӯдакон ва таъмини онҳо бо имкониятҳои беҳтари таълиму тарбия, сохтмони хобгоҳи нави замонавии дуошиёна, иборат аз 104 кати хоб барои писарон ва духтарон бо тамом шароитҳои нави муосир оғоз ёфт. Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид, бо иштироки роҳбарони сохторҳои дахлдор, дар маросими рамзии оғози сохтмон санги асоси иншооти навро гузошт.

Тибқи нақша, бинои мазкур бо тамоми шароити муосир муҷаҳҳаз хоҳад гардид. Баъдан, раиси вилоят аз синфхонаҳо, ошхона, хобгоҳ ва дигар утоқҳои муассиса боздид намуда, бо хонандагон ва тарбиягирандагони мактаб-интернат суҳбати самимӣ анҷом доданд. Дар рафти мулоқот раиси вилоят таъкид намуданд, ки дастгирии кӯдакони ятим ва фароҳамсозии муҳити солим барои рушди маънавию ҷисмонии онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ӯ аз омӯзгорону масъулон даъват ба амал овард, то дар самти таълиму тарбияи насли наврас бо масъулияти баланд амал намуда, муҳити гарму дӯстонаеро барои кӯдакон фароҳам созанд.

Ҳамзамон, раиси вилоят ба масъулини соҳаи маориф ва роҳбарияти мактаб дастур доданд, ки барои гузаштан ба низоми муосири таълим ва истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Боздиди раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид аз мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳия аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар, хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои иҷтимоӣ, махсусан ба дастгирии кӯдакони ятим ва таъмини шароити арзандаи таҳсилу зиндагии онҳо гувоҳӣ медиҳад.

ИҶРОИ ПУРРАИ НАҚШАИ ПАХТА: МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ИҶРОИ ПУРРАИ НАҚШАИ ПАХТА: МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Санаи 20 октябри соли 2025 дар Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии муҳим бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло баргузор гардид. Дар ин рӯз намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, махсусан кишоварзон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок доштанд. Сараввал, раиси вилояти Хатлон бо заҳматкашони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо барои саҳми арзандаашон дар иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта, ки онро “тиллои сафед” меноманд, изҳори сипос намуд.

Зикр гардид, ки кишоварзони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо заҳмати софдилона ва талоши шабонарӯзии худ ба давлат беш аз 20 ҳазору 600 тонна пахта супоридаанд, ки ин нишондод иҷрои 100 %-и нақшаи дурнамои ноҳия мебошад. Заҳматкашони ноҳия дар соли ҷорӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини саҳми устувори худ дар иқтисоди вилоят ба як дастоварди муҳим ноил гардиданд.

Онҳо бори аввал дар давраи 10 соли охир нақшаи дурнамои пахтаро пурра иҷро карданд. Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид изҳор доштанд, ки чунин натиҷа самараи меҳнати пайваста ва ҳамкории масъулонаи деҳқонон бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки кишоварзон бо заҳмати самимии худ на танҳо ба таҳкими амнияти озуқавории кишвар мусоидат мекунанд, балки ба рушди иқтисодии минтақа ва болоравии сатҳи иҷтимоии сокинон низ саҳм мегузоранд.

Дар идомаи мулоқот, муҳтарам Давлаталӣ Саид ба масъалаҳои муҳими рушди деҳот, истифодаи оқилонаи захираҳои замин ва об, тарбияи насли наврас дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстӣ, инчунин таъмини суботу амният дар ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Раиси вилоят таъкид карданд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ҳисси масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватанро баланд бардорад ва дар пешгирии падидаҳои номатлуб, аз ҷумла экстремизм ва терроризм саҳмгузор бошанд.

Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло дар суханронии худ иброз дошт, ки ин комёбии назаррас натиҷаи меҳнати шабонарӯзии садҳо корманди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла кишоварзон, муҳандисон, механизаторон ва коргарони хоҷагиҳои пахтакор мебошад. Ӯ илова намуд, ки иҷрои нақшаи пахта нишонаи иттифоқ, заҳматкашӣ ва масъулиятшиносии сокинони ноҳия аст. Дар анҷоми чорабинӣ, гурӯҳи пешсафон ва фаъолони соҳаи кишоварзӣ барои саҳми арзандаашон дар иҷрои нақшаи пахта бо туҳфаҳои хотиравии раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

АЗ ҚАЛАМ ТО ИФТИХОРНОМА: ПИРӮЗИИ СОҲИБНАЗАРИ ХУРДСОЛ
АЗ ҚАЛАМ ТО ИФТИХОРНОМА: ПИРӮЗИИ СОҲИБНАЗАРИ ХУРДСОЛ

Санаи 17 октябри соли ҷорӣ толори пурҷилои Маркази таҳсилоти иловагии ҷумҳуриявӣ шоҳиди лаҳзаҳои хотирмон буд. Дар байни садҳо расмҳои рангоранг, ки аз гӯшаҳои гуногуни кишвар ба ин озмун фиристода шуда буданд, расми як писари хурдсол аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ диққати ҳайати ҳакамонро беш аз ҳама ҷалб кард. Он писарбача Ҷабборназаров Соҳибназар, хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия - тифле бо нигоҳи софу диле пур аз орзӯ. Ӯ бо расме, ки бо муҳаббат ва андешаи самимӣ офарида буд, мавзӯи «Муқовимат бо коррупсия»-ро ба таври ҷолиб таҷассум кард.  Дар расми ӯ инсоф рӯ ба рӯи фасод меистод, ростӣ бар дурӯғ ғолиб меомад ва ҳамин паёмҳо расми кӯдакро пурмаъно ва таъсиргузор гардонданд. Ҳайати ҳакамон маҳорати Соҳибназарро баланд арзёбӣ намуда, ӯро соҳиби ҷойи дуюм дар сатҳи ҷумҳуриявӣ донистанд. Барои ин дастовард, ӯ бо Ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардид. Дар лаҳзаи гирифтани ҷоиза чеҳраи Соҳибназар пур аз шодӣ ва ифтихор буд. Ӯ бо табассуми содиқона гуфт: «Ман мехоҳам ҳама кӯдакон ростқавл бошанд ва Ватани мо бе фасод бошад. Аз ҳамин сабаб расмамро бо дили пок кашидам». Омӯзгорони мактаб ӯро на танҳо як хонандаи фаъол, балки намунаи кӯдаки боҳуш ва масъулиятшинос медонанд. Ба гуфтаи модари Соҳибназар, чунин озмунҳо на танҳо маҳоратро рушд медиҳанд, балки дар дили кӯдакон ҳисси ростқавлӣ, адолат ва муҳаббат ба Ватанро бедор месозанд. Дастовардҳои Соҳибназар нишон медиҳанд, ки бо эътиқод ба ростӣ ва талоши самимӣ, ҳатто хурдсолон метавонанд ояндаи пурифтихор ва бе фасод созанд.