НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН
декабрь 06 2024

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН

Рўзи 30 ноябри соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби раиси вилояти                                                  Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

 

Дар қабули сайёр шаҳрвандон оид ба муассисаи томактабии садамавии сохтмонаш нотамом дар Ҷамоати шаҳраки Балх, расонидани кӯмаки молиявӣ барои табобат, таъмини мизу курсӣ барои муассисаи нави таълимӣ, насби трансформатори барқӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёна дар деҳаи Камолиён, таъмин ба аробачаи маъюбӣ, таъмири роҳи мошингард ва мушкилоти оби полезӣ дархости мусоидати раиси вилоятро намуданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба ниёзмандон кӯмаки молиявь намуда, ба масъулони идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолон ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мулоқот анҷом доданд.

Раиси вилоят аз мушкилоту камбудиҳои соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, маориф, идеология ёдовар шуда, масъулин ва фаъолонро вазифадор намуданд, ки дар корҳои ободониву хуррамгардонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, чиниши пахта, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам саҳмгузор бошанд.

Таъкид шуд, ки бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзӣ, ки омили асосии таъминкунандаи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои босифат, манбаи таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва пеш аз ҳама, заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад, бештар кӯшиш бояд кард.

-Ҳар яки мо вазифадорем, ки барои боз ҳам зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, бахусус, ҷойҳои кории доимӣ ва бо ҳамин роҳ паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ чораҳои иловагиро роҳандозӣ намоем, - афзуд раиси вилоят.

Гуфта шуд, ки аҳли зиё ва фаъолони ноҳияро зарур аст, ки дар байни ҷомеа, хусусан миёни ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати дарки дурусти ҳадафу ниятҳои нерӯҳои ифротгарову хурофотпараст ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд ва ташаббусҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 06 декабрь 2024 07:45
  • Категорияи нашр: Асосӣ
  • Шумораи диди нашр: 124
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Тандурустӣ
МУОИНАИ ТИББӢ БА ТАВРИ

МУОИНАИ ТИББӢ БА ТАВРИ РОЙГОН Тоҷикистон солҳои тӯлонист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031