http://balkhi.tj/
ЛАЙЛО АЗ МУСОБИҚАҲОИ ФУТБОЛ СОҲИБИ МЕДАЛҲОИ ТИЛЛО, НУҚРА ВА БИРИНҶӢ ГАШТ
6-04-2021, 12:19 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Лайло аз мусобиқаҳои футбол соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гашт

      Дар кишвари азизамон соҳаи варзиш рушд ёфтааст ва ҷавонон, аз ҷумла духтарон дар намудҳои гуногуни варзиш ба камол расидаву имрӯзҳо дар сатҳи ҷаҳон парчамбардори Ватани худ гардидаанд.

   Лайло Кучкинова, хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 аз зумраи варзишгарони ҷавони ноҳия мебошад, ки бидуни варзиш ҳаёти худро тасаввур карда наметавонад. Лайлои ҷавон пайваста дар майдончаи варзишии мактаб тамрин менамояд. Ӯ риштаи футболро пеша намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаст. Лайло дар чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз ҷумла, дар давлатҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Амрикову Бангладеш ширкат намудааст. Лайло аз ин мусобиқаҳо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ба даст овардааст. Ҳоло ӯ «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол» мебошад.

     Лайло ҳамроҳи дугонаҳояш Зуҳро, Шаҳноза ва Дилдора дар қатори дигар духтарони футболбози дастаи «Панҷшер»-и ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз кишвар иштирок намуда, Парчами Ватанро боло бардоштаанд.

      -Варзиш яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон аст. Ҳамзамон, варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон мебошад. Ҳамин варзиш буд, ки манро то давлатҳои дигар бурд ва ман фарқияти ҷавондухтарони варзишгари дигар давлатҳоро бо ҷавондухтарони худамон ҳамаҷиҳата донистаму омӯхтам, мегӯяд.

скачать dle 12.1
Просмотров: 35  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.