http://balkhi.tj/
ДЕҲҚОНИ АСИЛ
8-04-2021, 12:35 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ДЕҲҚОНИ АСИЛ

     Самаранок ва оқилона истифода бурдани заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ яке аз омилҳои муҳимии таъмини амнияти озуқаворӣ кишвар ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон маҳсуб меёбад. Ин нуқтаро сокинони ҷамоати деҳоти шаҳраки Гулистон хуб дарк намуда. Заминҳои хоҷагиашонро пурсамар истифода мебаранд.

     Самсиев Абдусалом сокини ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳия мебошад. Ин деҳқони асил дорои 28 гектар замини хоҷаги фермерӣ мебошад, ки аз ин 10 – гектараш корам ва 18 – гектари боқимондааш чарогоҳ мебошад. Мавсуф дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи бой дошта аллакай имсол дар се гектар замин гандум кишт карда ва дар 1,5 гектари дигар бошад сабзӣ кишт гузаронидааст, ки ҳоло нашъунамои хуб доранд. Ва ният дорад дар 1,5 гектар кишти полезӣ гузаронаду дар чор гектари боқимонда навъи пахтаи __ кишт созад.

     Ин марди деҳқон соли гузашта аз ҳар гектар замини пахта 25 сентнер тиллои сафед ҷамъоварӣ кардааст ва имсол ният дорад то 30 сентнер ҳосил ба даст биёрад.

     Ин хоҷагӣ дори 10 саҳмдор буда мавсуф бо ҳамроҳи фарзандонаш саҳмдори ин хоҷагӣ мебошанд. Ӯ қайд медорад, ки 18 гектаре, ки чарогоҳ аст заминҳои шӯр буда дар он ҷо 12 сар чорвои калони ширдеҳ ва 25 сар чорвои хурдро нигоҳубин менамоем ва инчунин ҳамроҳи фарзанди дар ин замини заҳматкашида мақсаднок истифода бурда эҳтиёҷоти оилаамонро таъмин менамоем.

      Минатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки заминро ба мо деҳқонон доданд, то ин ки мо аз шароитҳои мавҷудбуда самаранок истифода барем ва барои таъмини озуқавории оилаи худ ва моликият саҳмгузор бошем. 

скачать dle 12.1
Просмотров: 34  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.