http://balkhi.tj/
ВОХӮРИИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
30-04-2021, 14:34 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

   Дар толори Кохи синамои ба номи М. Горкий-и ноҳия вохӯрии Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо сокинони ноҳия доир гардид.

     Дар вохӯрӣ Т. Каримзода, - сардори хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, М. Хуршаков, - сардори хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, Қ. Зокиров, - муовини сардори хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, майор милитсия С. Пирзода, - сардори шуъбаи шиносномадиҳӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Р. Абдулов иштирок доштанд.

  Дар ин вохӯрӣ қайд гардид, ки бо фармони Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи тамдиди чораҳои муваққатӣ оид ба ҳалли вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия вобаста ба таҳдиди паҳншавии минбаъдаи сирояти нави коронавирус аз 15 декабри соли 2020 таҳти №791 оид ба барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, тағйиру иловаҳо ворид гардидааст», муҳоҷирони меҳнатиро мебояд, ки то 15 июни соли 2021 ба рӯйхат гирифта, ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд ва қонунӣ фаъолият намоянд.

скачать dle 12.1
Просмотров: 14  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.