http://balkhi.tj/
ҒАЛАБА ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД
11-05-2021, 11:18 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

      Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки солҳои 1941-1945 идома ёфт, 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди истилогарони фашистӣ бархестанд. Фарзандони Тоҷикистон дар муҳорибаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баҳри озод намудани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон доданд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 300 ҳазор тоҷикписарон иштирок намуданд, далерию шуҷоат нишон доданд. Дар Ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1941-1945 зиёда аз 90 ҳазор нафар тоҷикистониён аз майдонҳои ҷанг барнагаштанд. 

     Аз санаи Ғалабаи Артиши Шӯравӣ ҳар қадар дуртар равем, ҳамон қадар қаҳрамонҳои он, шоҳидони ин рӯзҳои даҳшатнок кам шудан мегиранд.

      Муҳим он аст, ки наслҳои оянда ин пораи даҳшатноки таърихи халқашонро ҳамеша дар ёд дошта бошанд ва аз он рӯзҳои даҳшат хулосаи даркорӣ бароранд.

    Машраб Давлатов яке аз он шоҳидони ҷанги даҳшатнок мебошад. Қаҳрамони мо соли 1926 таваллуд шудааст. Дар синни 17-солагӣ моҳи майи соли 1943 ихтиёран ба сафи Армия шомил шуда, барои ҳимояи Ватан сафарбар мешавад. Полке, ки Машраб Давлатов дар он хизматро адо намуд, дар ҳайати Фронти Брянск дар муҳориба барои озод намудани сокинони шаҳр қаҳрамониҳо нишон дода, инчунин дар озод намудани шаҳри Орёл низ иштирок намудааст. 

     Муҳорибаҳои моҳҳои июл ва августи соли 1943 давом дошт. Душмани ғаддор дар назди Москваю Сталинград шикаст хӯрда, мақсад дошт, ки дар шаҳри Орёл ҳуҷуми қӯшунҳои Артиши Шӯравиро боз дорад. Дар натиҷаи муҳорибаҳои сахт гурӯҳи Артиши «Марказ»-и фашистӣ талафоти зиёди ҷониву техникӣ дида, маҷбур шуданд, ки ақибнишинӣ кунанд. 

       Машраб Давлатов бо ҳамяроқонаш дар озод намудани шаҳрҳои Киев ва Лвови Украина ва давлати Полша дар муҳорибаҳои сахт иштирок намуда, якчанд ҳамяроқонашонро бой доданд. Полки онҳо дар иҳота кардани Берлин иштирок намуда, Ғалабаро бар фашизм бо ҳамяроқонаш дар он ҷо истиқбол гирифтанд. 

      Барои мардонагию шуҷоат дар набардҳои ҷанг Машраб Давлатов бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз шудааст. Пас аз Ғалаба бар фашизми гитлерӣ ба Ватан баргашта, дар ободонии диёр саҳми худро мегузорад. Машраб Давлатов моҳи июни соли равон 95-сола мешавад. Соҳиби фарзандон, набераҳо ва абераҳо мебошад. 

     Ба синну сол нигоҳ накарда ба фарзандон тарзи дурусти парвариш ва нигоҳубини растаниҳо ва дарахтон маслиҳатҳои муфид медиҳад. 

    Вақте ки мо бо намояндагони Ҷамоати деҳоти Калинин ба аёдаташ рафтем,  филми давраҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро тамошо мекард. Суол кардем, ки Шумо ҳоло ҳам ин филмҳоро тамошо мекунед? Дар ҷавоб гуфт, ки азобҳое, ки мо дар он набардҳои ҷанг кашидаем, 50-60 фисадашро намоиш медиҳанд. 

      Машраб Давлатов ба насли ҷавон муроҷиат карда мегӯяд, ки вазифаи ҷонии ҳар як ҷавони имрӯза пеш аз ҳама ҳифзи марзу буми ватан ва хизмат намудан ба миллати хеш мебошад. Имрӯз барои ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. Онҳо бояд аз пайи омӯзиши илму дониш бошанд, ҳамеша ба роҳи дуруст рафта, ба ҳар хел гурӯҳҳо шомил нашаванд, соҳиби касбу кор шуда, барои боз ҳам ободу шукуфон гардидани Тоҷикистони азиз саҳми худро гузоранд.  

Раҳмоналӣ ФАЙЗАЛИЕВ, 

раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия

скачать dle 12.1
Просмотров: 41  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.