http://balkhi.tj/
ДӮХТАНИ ЛИБОСҲОИ МАКТАБӢ БОМАРОМ ИДОМА ДОРАД
19-05-2021, 07:27 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

    Коргоҳи дӯзандагии ҶДММ «Сомон-И 2013»-и ноҳия дӯхтани либосҳои мактабиро ба роҳ мондааст. 

     Қурбоналӣ Саидбурҳонов, роҳбари корхонаи мазкур иброз намуд, ки онҳо бо шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шартнома баста, 22539 либоси мактабӣ барои хонандагон омода намуда истодаанд, ки аз инҳо 11269 адад либоси духтарона ва 11270 адади дигар либоси писарона мебошад. Имрӯз дар коргоҳи дӯзандагӣ 22 нафар занону бонувони чирадаст фаъолият намуда истодаанд, ки баҳри бартараф кардани сатҳи бекорӣ заминаи мусоид аст. 

     Маврид ба зикр аст, ки нархномаи либосҳои мактабӣ дар коргоҳи дӯзандагии ҶДММ «Сомон-И 2013» барои хонандагони аз синфи 1 то 10, се намуди либосро ташкил медиҳад. Либоси ба истилоҳ «Сарафан» аз 65 то 80 сомонӣ, доман ва камзулча аз 85 то 100 сомонӣ барои духтарон ва шиму костум бо камзулча барои писарон аз 147 то 201 сомониро ташкил медиҳад.

     Ба гуфти роҳбари корхона таъмини либосҳои мактабӣ аз ҳисоби корхонаи дӯзандагии ноҳия ҳам ба буҷети ноҳия ва ҳам ба оилаҳо фоида мебошад.

скачать dle 12.1
Просмотров: 39  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.