http://balkhi.tj/
Димнаи Кофирқалъа
25-05-2021, 05:57 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

     Димнаи Кофирқалъа дар канори ғарбии маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ воқеъ мебошад. Он аз се қисмати вижа тақсим шудааст: арк, шаҳристон ва работ. Шаҳр бо деворҳои мудофиавӣ бурҷҳо ва хандақ иҳота шуда, аз қасабаи чоркунҷа (360 х 360м) иборат мебошад. Сангузорӣ: ба қарнҳои 3- 4 и мелодӣ; қарнҳои 6 – 8 и мелодӣ мансуб мебошад.

    Кофирқалъа дар ибтидои асрҳои миёна маркази водии Вахш буд ва онро Сюан-сзан ҳам зикр кардааст. Димна иборат аз шаҳристонест, ки пур аз дeнгию пуштаҳо мебошад ва дар таги онҳо харобаи иморатҳо ниҳон аст. Дар кунҷи шимолу шарқии димна харобаи арк ҳаст. Суфаи чоркунҷаи болоии ин арк (60Х60 м) солҳои 1968–1970 хеле ҳафриёт карда шуд. Арк девори мус-таҳкаме дошту дар гeшаҳои девор бурҷҳои хиштӣ ва похсагӣ менамуд. Гунбазро ҳам бо қатори хишту похса бардоштанд.

     Беруни девори арк пур аз тоқчаҳои зина-зина ва дар мобайн як иншооти бурҷмонанде буд. Девор саросар тиркашҳои қалбакӣ дошт. Дар гӯшаи шимолу шарқии арк иморати бузурге ёфт шуд (20Х10 м), ки аз афти кор, толори қабул будааст. Таг-таги ин толор суфа бардоштаанд. Яке аз суфаҳои мобайнии девори паҳлуии хона нисбат ба дигар суфаҳо болотар буда, андак ба дарун ҳам рафтааст ва зоҳиран замоне дар болои ин суфа тахт меистоду дар он малик ва дар атрофаш муқаррабони вай менишастанд. Рe ба рeи ин тахтасуфаи баланд дигар тахтасуфаи пасттаре ҳаст, ки дар миёнҷои он оташдони азими маросимӣ боқӣ мондааст. Дар ин толор осори катибаҳо ба даст омад. Дар арк дигар биноҳои чоркунҷаю росткунҷа ҳастанд, ки бо нимсутунҳо зинат ёфтаанд ва бо долонҳо пайваст мебошанд. Осори суратҳои рeи девор ва нақшҳои рeи сафололот ба назар мерасанд. Дар яке аз гeшаҳои арк маъбади хурдакаки буддоӣҳаст, ки аз як ҳуҷраи гунбаздор ва долони атрофи он иборат мебошад. Даруни девори ҳуҷра пур аз суратҳои Буддо аст. Ҳавлии болои арк камаш се маротиба аз нав сохта шудааст. Шаҳри дигар, ки он пойтахт набуда, балки баръакс, як шаҳрчаи хурдакак аст, димнаи Қалъаи Кофарниҳон мебошад, ки дар 80 км ҷанубу ғарбии шаҳри Душанбе ва 0,8 км шимолтари деҳаи Эсамбой воқеъ гардидааст. Дар ин маҳал водии соҳили чапи дарё ниҳоят танг буда, баръакс, водии соҳили рост хеле васеъ (то 1 км) мебошад. Дар тарафи шарқ, тахминан 5–6 км дуртар аз димна аз самти шимол ба тарафи ҷануб қаторкӯҳи асосӣ тул кашидааст ва мутавозӣ ба қаторкӯҳ чанд қатор адирҳо низ ҳастанд, ки ҳар қадар ба дарё наздик бошанд, ҳамон қадар паст шуда, ниҳоят ба теппаю дунгиҳои пастакак табдил меёбанд, ки хушку холиву бедолу дарахтанд ва баъзе ҷои онҳоро набототи нимбиёбонӣ фаро гирифтааст, фақат дар доманаи кeҳ ва ёлаҳои он андак арчазор ва дар баъзе ҷойҳо чашмаҳо ҳастанд.

скачать dle 12.1
Просмотров: 38  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.