http://balkhi.tj/
ОИЛАИ СОЛИМ-ҶОМЕАИ СОЛИМ
24-05-2021, 12:45 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

      Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ санаи 15-уми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила таҷлил мегардад. Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар чойхонаи «Шамсулло»-и Ҷамоати шаҳраки Балх баргузор гардид.

     Дар чорабинӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ва ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҷабалӣ Абдулов дар баромади худ қайд намуд, ки дар ҳама давру замон халқу миллати тоҷик бо маданияти хосаи оиладории худ, муносибати неки байниҳамдигарии волидайну фарзанд ва ҳифзи муқаддасоти оила аз дигар миллатҳо фарқ мекарданд. Ба ҳамагон зарур аст, ки сари ин масъала диққат намуда, муносибати худро ба оила тағйир диҳанд. 

       Дар чорабинии болозикр оилаҳои намунавӣ аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзида, дар бораи оила ва оиладорӣ суханронӣ намуданд. 

     Сипас, оилаҳои намунавӣ ва оилаҳои ҷавон бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия сарфароз гардиданд. Дар охир ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо суруду таронаҳои дилангези худ хотири ҳозиринро болида гардониданд. 


скачать dle 12.1
Просмотров: 68  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.