http://balkhi.tj/
ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ ФАРБЕҲӢ
7-06-2021, 11:27 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

       Инсон то он даме, ки ба беморие гирифтор нашавад, қадри саломат буданро намедонад. Баъзан бисёр нигаронкунанда аст, ки дидаву дониста кор ё амалеро иҷро менамоем, ки оқибат ба бемориҳои гуногун аз ҷумла, ба бемории фарбеҳӣ гирифтор мешавем.

   Тибқи нишондодҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, солимии ҷомеа асосан, яъне 55 фоиз аз худи аҳолӣ, 18 фоиз аз муҳити зист, 17 фоиз ирсият, ва танҳо 10 фоиз аз сохторҳои тандурустӣ вобастагӣ дорад. Бо назардошти ҳамин барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ қабул мегарданд, ки қисмати асосии нақшаи чорабинии онҳо аз тадбирҳои профилактикӣ иборат мебошанд.

      Қабули Барномаи «Пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» барои пешгирӣ аз афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ нигаронида шудааст.

       Бояд зикр намуд, ки истеъмоли ғизо яке аз равандҳои ниҳоят мураккабест, ки аз воридшавӣ, ҳазм, ҷаббидашавӣ ва ба ҳампайвастшавӣ (ассимилиятсия)-и маводи ғизоӣ дар организми инсон иборат мебошад. 

       Барои он ки инсон ба фарбеҳӣ гирифтор нагардад, бояд миқдори зарурии маводи ғизоиро қабул намояд ва он аз меъёр зиёд набошад. Яъне чӣ миқдор маводи бо ғизо ба организм воридгашта дар рафти кору фаъолияти шахс сарф гардад, бояд ҳамон андоза мавод ба организм тавассути истеъмоли маводи ғизоӣ ворид шавад. Талаботи дигари пешгирӣ аз фарбеҳӣ ин тақсимоти оқилонаи маводи ғизоӣ дар давоми рӯз мебошад. Агар инсон дар як рӯз се маротиба ғизо истеъмол кунад, қисмати асосии ғизо дар пагоҳӣ ва нисфирӯзӣ, яъне то 80-85 фоизро ташкил бояд диҳад. Хӯроки шом аз вақти истеъмол то вақти хоб кардан на камтар аз се соатро бояд ташкил диҳад. Хӯроки шом бояд бештар аз меваю сабзавот иборат бошад. Чунки миқдори камтарини неру дар ҳолати оромӣ, яъне хобу дамгирӣ сарф мегардад. Имрӯз фарбеҳӣ беш аз пеш зиёда гардида, омили асосии бемориҳо гашта истодааст. Набояд фаромӯш кард, ки фарбеҳӣ низ яке аз намудҳои беморӣ буда, диабети қанд, фишорбаландӣ, сактаи дил, сактаи майнаи сар, васеъшавии рагҳои хунгард ва бисёр бемориҳои дигареро сабаб шудааст. Бемории фарбеҳӣ инчунин ба қобилият фаъолияти кории инсон таъсири манфӣ расонида ба асабонишавӣ, фаромӯшхотирӣ оварда мерасонад. Бемории фарбеҳӣ пеш аз ҳама ба истеъмоли аз меъёр зиёди маводи ғизоӣ ва риоя накардани тарзи ҳаёти солим вобастагӣ дорад.

     Сабаби фарбеҳӣ дар он аст, ки дар хӯрокаи ҳаррӯза миқдори аз меъёр зиёди маводи нонӣ, қаннодӣ, серравған, нӯшокиҳои рангаи ширин ва миқдори зиёди намак мебошад. 

Пешгирии Фарбеҳӣ:

      1.   Хӯроки камнамак, дар давоми рӯз (бо қадри имкон) 4-5 маротиба кам кам истеъмол намоед.

     2.   Хӯрокхӯриро дар ҳолати гуруснагии сахт сар накунед. Пеш аз ин як стакон об ё як дона себ хӯрда пас ба таомхӯрӣ сар кунед.

     3.   Хӯроки якумро дар косаи хурд ва дуюмро дар табақчаи хурд кашед.

    4.   Дар вақти истеъмоли хӯрок маводҳое, ки иштиҳоро баланд мекунанд, истифода набаред (қаламфур, хӯришҳои намакин, турушӣ ва ғайра).

      5.   Дар вақти хӯрок хӯрдан об, чой ва ягон нушокии дигар истеъмол накунед. Нушокиро баъди як соат истеъмол намоед. 

     6.   Хӯрокро оҳиста-оҳиста ва дурудароз хоед.

      7.   Аз сари дастархон на он қадар сер шуда хезед:

     8.   Аз гӯшти равғании ҳайвонот (гӯсфанди фарбеҳ, гови фарбеҳ) ба қадри имкон даст кашед.

     9.   Аз хӯрокҳои нонӣ (хамирӣ) ва ширинӣ даст кашед.

     10. Хӯрокҳои сабзавотӣ ва лӯбиёгӣ бештар истеъмол кунед.

     11. Нони сиёҳро ба миқдори 100-150 грамм истифода баред.

     12.  Дар давоми рӯз агар гуруснагиро ҳис кунед як дона себи турш, ё як стакон оби минералии бе газ, ё ҷурғот, ё як печен (галет) бо чой истифода баред.

    13.  Ба сари дастархон ором ва хурсанд шинед. Дар вақти ғазаб ва ҳаяҷон ба сари дастархон нашинед ва хӯрок истеъмол накунед.

    14. Баъди хӯрок қатъиян хоб наравед ва каме роҳ гардед.

    15.  Баъзе хӯрокҳоро ҳамроҳ накунед. Масалан: карамро бо шир ва ангур, помидорро бо шир.

    16.  Дар вақти хӯрокхӯрӣ телевизор тамошо накунед. Шунидани мусиқии ором мумкин аст.

     17.  Ҳар рӯз то 5 (панҷ) км пиёда гардед.

   Бештар меваю сабзавотро истеъмол намоед. Зеро дар таркиби меваю сабзавотҳои тару тоза миқдори зиёди моддаҳои минералӣ ва витаминҳо мавҷуданд. Барои пешгирӣ аз фарбеҳӣ бештар ба варзиш ва корҳои ҷисмонӣ машғул шуда, тарзи ҳаёти солимро ихтиёр кардан лозим аст.

скачать dle 12.1
Просмотров: 21  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.