http://balkhi.tj/
БЕМОРИИ АСАБХАСТАГӢ ОМИЛҲО, ДАРМОН ВА ПЕШГИРИИ ОН
10-06-2021, 07:27 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

      Асаб чист? Он дар организми одам чӣ нақш дорад? Чаро вақтҳои охир гирифторони бемории асабхастагӣ рӯ ба афзоиш аст? Ин беморӣ чӣ оқибатҳо дорад? Барои эмин мондан аз асабхастагӣ чӣ бояд кард? Дар ин мақола кӯшиш намудем, ки андаке ҳам бошад, доир ба ин масъала рӯшанӣ андозем.

     Асаб-пай ё торҳои борике, ки аз мағзи сар ба тамоми узвҳои бадан паҳн шудааст ва тамоми ҳиссу ҳаракат дар аъзои бадан аз он вобаста аст. Он узви аз ҳама муҳими инсон ба шумор рафта, бо бемор гаштани он имкон дорад, дигар бемориҳо дар вуҷуди инсон пайдо шавад. Ин торҳои борику нозук бо омилҳои гуногун дар баъзе одамон хаста мегарданд, ки инро дар илми тиб асабхастагӣ мегӯянд.

     Имрӯз дар нақлиёт, хона, ҷойи кор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо одамони асабию ҷанҷолие зиёд рӯ ба рӯ мешавем. Баъзан вақт ба чунин одамон савол дода намешавад. Бо андак сухан зуд асабӣ шуда, ба ҷанг бармехезанд.

     Равоншинос Маҳмудшоҳ Кабиров сабабҳои гирифторшавӣ ба бемории асабхастагиро чунин шарҳ медиҳад: “Мондашавии ҷисм, риоя накардани реҷаи корӣ, эҳсосҳои манфӣ, тарс, ғазаб, ошиқӣ, ранҷиш, кина, нафрат, адоват, ғам, мотами дуру дароз, ҳасад, ҳирс, бахилӣ, фикри зиёд, фикрҳои беҳосил, фикрҳои безоркунанда, кори зиёди ақлӣ, хондани зиёд, ақидаҳои нодуруст, бефарҳангӣ, бемаданиятӣ, беодобӣ, хурофотпарастӣ, ноумедӣ, нобоварӣ, бехобӣ, бекорӣ, ҷанҷоли оилавӣ, маоши кам, маишати бисёр, хулқи вайрон, феъли бад, генҳои ирсии барандаи бемории асабхастагӣ ва ғайра аз ҷумлаи сабабҳои ба ин беморӣ гирифтор шудани инсонҳо мегардад. Асабхастагӣ дар байни ҳамаи табақаи аҳолӣ дида мешавад. Аломатҳои асабхастагӣ инҳоянд: забони бад, гиря, додзанӣ, тезҷанҷолӣ, хандаи сохта, тарс, бемасъулиятӣ, худсафедкунӣ, бехобӣ, танбалӣ, хоби бисёр, сустии фаъолият, ҷанҷоли оилавӣ ва дардҳои гуногуне, ки дар муоина беасосанд. Мондашавии асаб заминаи пайдо шудани дигар бемориҳост. Яъне, монда будани асаб шароит фароҳам меорад ва дигар бемориҳо вобаста аз ирсият рух задан мегиранд”.

     -Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи махсус барои солимии равонӣ, қабул шудааст ва мувофиқи он касоне, ки ба асабхастагӣ гирифторанд, бояд бо ҳамроҳии духтури оилавӣ назди духтури асаб ё равоншинос раванд ва табобатро пурра гиранд. Мо коркарди хуби кумаки равонӣ ва машқҳои руҳӣ дорем, ки аксари беморони асабхастагиро кумаки ҳирфаӣ мерасонем. Тибби тоҷик имрӯз ин қудратро дорад, ки ҳама намуди асабхастагиро бартараф намояд ва ба ниёзмандон кумак расонад,-афзуд М. Кабиров. 

     Ин равоншинос мегӯяд, ки бемории асабхастагӣ табобатшаванда аст. Агар шахси бемор сари вақт ба духтур муроҷиат намояд, шифо хоҳад ёфт. Ӯ аз табобати Маҳмадазим ном ҷавоне, ки ба сардарди неврастикӣ (асабхастагӣ) гирифтор буд, қисса кард:–“Ин ҷавон бар асари беморӣ доим дар оила бо ҳамсараш ҷангу ҷанҷол мекард, ҳатто кор то ҷое расида буд, ки қариб аз ҳамсараш ҷудо шавад. Зарари ҷанҷолу низоъҳои оилавӣ ба ҳолати равонии кӯдаконаш низ таъсири манфӣ расонида буд. Дар дили кӯдакон тарсу ваҳм ҷо шуда буд ва онҳо ба “энурез” шабмезӣ гирифтор буданд. Маҳмадазим як моҳ машқҳои равонии моро иҷро кард, қуввати асаби худро пур кард, аз сардард раҳо шуд, эҳсосашро дошта бо завҷааш мулоим гапзаниро сар кард, бо кӯдаконаш муносибати хуб кард ва онҳо аз энурез (шабмезӣ) халос шуданд”.

     Ҳамин, ки одам гуфтору рафтораш аз меъёрҳои қабулшуда берун шуд ва атрофиён инро мушоҳида карданд, зуд ӯро назди мутахассиси равон баранд. Ё ин ки касоне, ки табобати дуру дароз мекунанд, вале сиҳат намешаванд, бояд ба назди мутахассиси равон раванд”.

        Ба гуфтаи равоншинос Маҳмудшоҳ Кабирӣ роҳи пешгирии мондашавии асаб фақат варзиши равонӣ аст, ки он коркард карда шудааст. Ӯ мегуяд, машқҳои равонии тоҷикӣ имкон медиҳанд, ки мувозинати руҳу равон нигоҳ дошта шавад ва бемории мондашавии асаб инсонро таҳдид накунад.

      Баъзе аз мутахассисони дигари равон як навъи пешгирӣ ва ҳатто дармони равонхаробиро дар касбу ҳунар медонанд. Ба гуфтаи онҳо касе, ки ба ҳунар машғул мешавад, майнааш аз фикрҳои ноҷо халосӣ меёбад. Ин идда равоншиносон меҳрубониро низ пешгирии асабхастагӣ медонанд. Онҳо зарур мешуморанд, ки мо дар хона бо аҳли оила ва дигар дӯстонамон меҳрубон бошем, аз ҷангу нофаҳмӣ бипарҳезем, зеро чуноне, ки Маҳмудшоҳ Кабиров қайд кард, яке аз сабабҳои гирифтор шудан ба асабхастагӣ ин низоъҳои оилавӣ мебошанд.

    Пас ҳар фардро мебояд, ки барои пешгирӣ аз хасташавии асаб пайваста аз тавсияҳои равоншиносон истифода барад, бо тавсияи равоншиносон машқҳои равониро иҷро намояд, аз ҷангу нофаҳмиҳо дурӣ ҷӯяд, ватану мардумонро дӯст дорад, ба касбу ҳунар машғул шавад.

скачать dle 12.1
Просмотров: 14  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.