http://balkhi.tj/
10-02-2021, 13:20 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Фаъолияти гуруҳҳои таблиғотӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

    Бо мақсади анҷом додани вохуриҳои тарғиботӣ миёни сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳалевард бо иштироки кормандони сохторҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби зиёда аз 250 нафар сокинони маҳал ҷиҳати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохурӣ баргузор карда шуд.

Просмотров: 55  |  Комментариев: (0)
9-02-2021, 14:35 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Пешвои миллат дар Ҷамоати шаҳраки Гулистон

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ироа гардида буд, дар Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мулоқоту вохўриҳои гурӯҳҳои таблиғотии вилоятӣ ва ноҳиявӣ бо сокинону кормандони корхонаву муассисаҳо баргузор гардид.



Новость отредактировал admin-balkhi - 9-02-2021, 14:47
Просмотров: 55  |  Комментариев: (0)
8-02-2021, 13:03 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ТОЗА НАМУДАНИ СЕЛРОҲАҲО

   Аз ҷониби Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар сохторҳои марбута  дар кӣчаи Кӯҳдомани шаҳраки Балх ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ  ҳашар гузаронида шуд.
Просмотров: 50  |  Комментариев: (0)
5-02-2021, 14:34 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Низомномаи

  Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои солҳои 2020-2021.

Муқаррароти умумӣ

  1. Низомномаи мазкур тартиб ва шартҳои гузаронидани озмунро барои дарёфти ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар ноҳия, ҷамоат, деҳа ва маҳалларо муайян менамояд.

Дар озмун шаҳрак, деҳот, деҳа ва маҳаллаҳо иштирок менамоянд.
Просмотров: 63  |  Комментариев: (0)
5-02-2021, 14:20 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Паём-пайке аз ояндаи дурахшон

   Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар Паёми имсола ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд, истифодаи самараноки обу замин ва аз як замин гирифтани ду ва зиёда ҳосил мебошад. Бо ин мақсад мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, аз имрӣз ба рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус, бунёди боғҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифати тамоми зироатҳо, гирифтани ду ва ё зиёда ҳосил аз заминҳои корами обӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз истифода берунмонда тадбирҳои амалӣ андешида, ба фаровонҳосилии заминҳои ҳосилдиҳанда шароит фароҳам менамояд.
Просмотров: 83  |  Комментариев: (0)
5-02-2021, 12:49 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид

     Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маҷлиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия баргузор гардид. 

Просмотров: 43  |  Комментариев: (0)
4-02-2021, 16:08 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ НОҲИЯВИИ «ЧАКОМАИ ГЕСУ»

    Ба ифтихори эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, № АП-1140 дар шаҳру навоҳии кишварамон даври аввали фестивал - озмуни «Чакомаи гесу» идома дорад.
Просмотров: 52  |  Комментариев: (0)
4-02-2021, 06:07 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Пешгирии Коррупсия муборизаи дастҷамъонаро талаб мекунад

   Дар Паёми худ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 апрели соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала чунин ибрози ақида намуда буданд: «Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст».

Просмотров: 56  |  Комментариев: (0)
3-02-2021, 15:23 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

САФАРИ КОРИИ ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТ

ВА РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҳИЯ

    Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шинос шудан аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ба ноҳия ташриф оварданд. 
Просмотров: 70  |  Комментариев: (0)
3-02-2021, 06:19 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат бо коррупсия

    Коррупсия ҳамчун кирдори зидди ҳуқуқи ва ба ҷамъият хавфнок буда ҳамчун омили муҳими заифкунандаи сутуни давлату иқтисодиёт, амнияти иқтисодии давлат ва пешравию тараққиёти истеҳсолот, беадолатии иҷтимоиро, ба миён оварда  муборизааш хело муҳим гардидааст.
Просмотров: 68  |  Комментариев: (0)