АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН ! |
Бо фарорасии 23-уми феврал аз санаи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Дар муддати сӣ сол Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳи сартосарии кишвар басо назаррас аст. Ин қувваи бузурги миллӣ доимо паи таъмини сулҳу субот ва амнияти ватани зебою аҷдодиямон, Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат баста, сабаби ҳаёти озоду хушбахтонаи мо ҳастанд. Мо шабона агар осуда мехобем, ин қувваи бузург пуштибони мо, мо агар аз фазои сулҳ нафас мекашем, ин хизмати Артиши миллии кишвар аст. Пас самимона паи ҳифзи ин Ватан бояд омода бошем. Ҳар лаҳза заҳматҳое, ки барои амнияту ҳаёти осудаи мо мекашанд, бояд қадр намоем. Тамоми сарбозону афсарони шуҷои ин давлату миллатро чашми бедори Ватан шиносем ва пешгирикунандаи ҳар гуна ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ бошем. Набояд фаромӯш кард, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи холӣ таъсис ёфт. Ин хизмати бузургро барои мардуми сарбаланди тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро намуданд. Ин марди бузург ва сиёсатмадори роҳи хирад, дар замоне ин қувваи бузурги миллиро таъсис дод, ки кишвари ҷангзадаи тоҷик ба амнияти комил ниёз дошт. Роҳбари даалат аз рӯзҳои аввал вазифаи бузургро ба душ гирифт ва бо нияти поки инсонии хеш муваффақ гардид. Имрӯзҳо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар хизмати сарбозону афсарони шуҷои Ватанро қадр намуда, пайваста бо мукофоту рутбаҳои ҳарбӣ қадр сарфароз мегардонанд. Ин қадрдониҳои пайваста ва эҳтиром гузоштан ба ҳунари касбии кормандони ин соҳа, боиси бештару хубтар фаъолият намудани онҳо мегардад. Ҳаргиз мардуми тоҷик хизматҳои ин ҷонфидоёни Ватанро фаромӯш нахоҳанд кард. Артиши миллии кишварро чун сипари боэътимоди Ватан мешиносем ва ҷасорати кормандони ин қувваи миллиро қадр менамоем. Пас биёед мо низ дар қатори ин қувваи миллӣ дар паи амнияту суботи Ватан талош намоем. Танҳо як сухан, як ҳадаф ва як маром дошта боше."Тоҷикистон ватани мо ва хонаи умеди дилҳост". Тоҷикистон душманатро хор месозем мо, Ҳар кафи хоки туро гулзор месозем мо! ИДИ БУЗУРГИ ВАТАН-РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ МУБОРАК , ҲАМСАФОН ВА ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ! Малоҳат Толибова -аъзои ҲХДТ
Баргаштан |
23-02-2023, 12:27 |