НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН !
февраль 23 2023

АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН !

   Бо фарорасии 23-уми феврал аз санаи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Дар муддати сӣ сол Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳи сартосарии кишвар басо назаррас аст. Ин қувваи бузурги миллӣ доимо паи таъмини сулҳу субот ва амнияти ватани зебою аҷдодиямон, Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат баста, сабаби ҳаёти озоду хушбахтонаи мо ҳастанд. Мо шабона агар осуда мехобем, ин қувваи бузург пуштибони мо, мо агар аз фазои сулҳ нафас мекашем, ин хизмати Артиши миллии кишвар аст. Пас самимона паи ҳифзи ин Ватан бояд омода бошем. Ҳар лаҳза заҳматҳое, ки барои амнияту ҳаёти осудаи мо мекашанд, бояд қадр намоем. Тамоми сарбозону афсарони шуҷои ин давлату миллатро чашми бедори Ватан шиносем ва пешгирикунандаи ҳар гуна ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ бошем. Набояд фаромӯш кард, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи холӣ таъсис ёфт. Ин хизмати бузургро барои мардуми сарбаланди тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро намуданд. Ин марди бузург ва сиёсатмадори роҳи хирад, дар замоне ин қувваи бузурги миллиро таъсис дод, ки кишвари ҷангзадаи тоҷик ба амнияти комил ниёз дошт. Роҳбари даалат аз рӯзҳои аввал вазифаи бузургро ба душ гирифт ва бо нияти поки инсонии хеш муваффақ гардид. Имрӯзҳо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар хизмати сарбозону афсарони шуҷои Ватанро қадр намуда, пайваста бо мукофоту рутбаҳои ҳарбӣ қадр сарфароз мегардонанд. Ин қадрдониҳои пайваста ва эҳтиром гузоштан ба ҳунари касбии кормандони ин соҳа, боиси бештару хубтар фаъолият намудани онҳо мегардад. Ҳаргиз мардуми тоҷик хизматҳои ин ҷонфидоёни Ватанро фаромӯш нахоҳанд кард. Артиши миллии кишварро чун сипари боэътимоди Ватан мешиносем ва ҷасорати кормандони ин қувваи миллиро қадр менамоем. Пас биёед мо низ дар қатори ин қувваи миллӣ дар паи амнияту суботи Ватан талош намоем. Танҳо як сухан, як ҳадаф ва як маром дошта боше."Тоҷикистон ватани мо ва хонаи умеди дилҳост". Тоҷикистон душманатро хор месозем мо, Ҳар кафи хоки туро гулзор месозем мо! ИДИ БУЗУРГИ ВАТАН-РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ МУБОРАК , ҲАМСАФОН ВА ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

Малоҳат Толибова -аъзои ҲХДТ

 

 

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: Атабаева Зуҳро
  • Санаи нашр: 23 февраль 2023 12:27
  • Категорияи нашр: Асосӣ
  • Шумораи диди нашр: 678
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Асосӣ
ХИЗМАТ БА ВАТАН-МОДАР

ХИЗМАТ БА ВАТАН-МОДАР ДАЛЕРИЮ ШУ Ҷ ОАТ АСТ Хизмат ба Ватан яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан аст, аммо на ҳар

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар
28 сентябрь 2022
Асосӣ
«МО БОЯД ЭҲТИЁТ ШАВЕМ».

«МО БОЯД ЭҲТИЁТ ШАВЕМ». Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов гуфт, ки ташкили

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 

Серхонанда