НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Иҷтимоъ » Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ » ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ!
октябрь 19 2022

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ!

ҲИФЗУ  ҲИМОЯИ  ВАТАН  ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД  АСТ !

    Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара мефармояд: «Худованд аз ҳад таљовузкоронро дӯст намедорад» - касеро, ки Худованд дӯст надорад, ӯ аз рањмати Худованд бенасиб ва ноком мешавад. Ва ҳамеша мавриди таъну маломат ва лаънати мардум қарор мегирад. Ва дар қисми ояти 1-уми сураи Моида мефармояд: «Эй муъминон, вафо кунед бо ањдњое, ки бастаед байни Худо ва байни мардум».

   Пайғомбар ъалайњисалом мефармояд: «Касе, ки хиёнат мекунад аз мо нест». Яъне аз миллати мо аз уммати мо нест. Мутаассифона, њамсояи ҳамдевори мо баъзе бародарҳои қирғиз ин ҳаққи ҳамсоягиро ва ин аҳду паймоне, ки байни мо ва онњо баста шуда буд, риоя накарда аҳду паймонро шикаста бехабар ба хати сарҳади Љумњурии Тољикистон ҳуҷуми ваҳшиёна карданд, ки дар натиҷа сабаби марги чандин сарбозони шуҷои Ватан ва мардуми осоиштаи назди сарњадӣ шуд. Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалӣ Рањмон ќайд карданд: «Террорист миллат, дин ва мазњаб надорад».

   Метавонем як амали террористии ваҳшатнокро, ки њангоми намози аср аз ҷониби Қирғизистон ҳамла ба масҷиде тавассути силоҳи муосир, яъне ҳавопаймои бидуни сарнишин дар рустои - Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба амал омад, амали террористї номид.  Хуллас,  мусалмонон ба мусалмонон ҳангоми намоз зарба доданд. Таҳлилгарони сиёсӣ таҳқиқ мекунанд, ки чунин бедодгарию бединӣ ҳатто дар Сурия, Ироқ ва Либия, ки ҳавопаймоҳои русӣ, Амрикоӣ ва Аврупоӣ бомбаборон мекарданд, вуҷуд надошт.

   Дар натиҷа 12 намозгузор кушта шуда, беш аз 20 нафар ҷароҳат бардоштанд. Аҷибаш ин, ки чї гуна  кас ба инҳо силоҳи муосирро тақдим кард ва онҳоро машварат ва раҳнамоӣ намуд. Инчунин фоҷиаи аламовареро ёдовар мешавем, пас аз сулҳи оташбас 5 узви як оиларо, ки  дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз зарби снаряди қирғизҳо ҷароҳати вазнин бардошта буданд ба мошинаи ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи маркази ноҳияи Исфара мебурданд. Дар канори Чорқишлоқ ҳадафи ваҳшиёнаи қирғизҳо қарор гирифтанд, ки дар натиља 5 нафар модари ҳомиладори ҳаштмоҳа, 2 наврас яке 5 сола дигаре 7 сола, духтур ва ронанда ба шаҳодат расиданд.

   Таърих гувоҳи он аст, ки ҷангу хунрезӣ қашоқию бадбахтӣ меорад. Тамоми мушкилоти оламро танҳо дар њолати  бо ҳам омадан, маслиҳату машварат ва якдигарфаҳмӣ метавон ҳал кард. Мо аз роҳбарони кишвари ҳамсоя, аз шахсони солимфикру аҳли зиёии ин кишвар хоҳиш мекунем, ки биёед аз рӯи ақл кор бигирем, ояндаи қавму миллат ва фарзандонамонро фикр кунем, ин муноқишаҳоро бо маслиҳати якдигар ҳалу фасл намоем. Боз ҳам таъкид мекунам, модоме, ки ҳамсоя ҳастем, як дину мазҳаб ҳастем.

   Инчунин байни мо ва шумо доду гирифти чандсола ҳаст. Бо ибораи дигар мо хешу табор ҳастем. Байни мо доду гирифти келину домодӣ буд. Дар тӯю маросимҳои якдигар озодона иштирок мекардем. Фикр мекунам, ин амали онҳо ниҳоят амали ноҷавонмардӣ ва нобахшиданист. Пайғомбар ъалайњисалом дар Хутбаи таърихи худ, ки дар Ҳаҷатулвадоъ эрод кард (намуд) ба тамоми мардум хитоб карда гуфт: «Эй мардум, Парвардигори шумо яктост, ҳамаи шумо аз Одам ъалайҳи салом ҳастед ва Одам аз хок офарида шудааст». Дар ин ҳадиси муборак Иттиҳоду ҳамбастагии мардум ва аз як сарчашма будани онҳо таъкид шудааст. Аммо бубинед, ки ҳамсоягон мо каломи Худо ва сухани пайғомбар ъалайњисаломро нодида гирифта (дар ҳоле ки аз мазмуни инҳо хуб огоҳ аст) пайравӣ аз бегонагон карда, аҳду паймони бародариро шикаста ҳаққи ҳамсоягӣ, ҳамдинию ҳаммазҳабиро пушти сар карда ба сарҳади мо оташ кушоданд.

   Дар натиҷа дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан ҷавонони шуҷоъ ва  далеру номдори Ватан ба шаҳодат расиданд. Мо, мардуми Тоҷикистон, номи неки ин фарзандони фарзонаи миллатро ҳаргиз фаромӯш намекунем. Номи неки онҳо дар лавҳаи дили мо хотири мо ва дар лавҳаи таърих бо оби тилло навишта мешавад. Худованд дар Қуръони Карим сураи Бақара ояти 154 мефармояд: «Ва касонеро, ки дар роҳи Худо кушта шаванд, мурда магӯед, балки онҳо зиндаанд, валекин шумо огоҳ намешавед». Боз дар сураи Оли Имрон 169 мефармояд: «Ва касонеро, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, ҳаргиз мурда гумон макун, балки зиндаанд назди Парвардигорашон рӯзи дода мешавад». Дар давоми ояти 170 мефармояд: «Ба он чӣ Худо аз фазли худ ба онҳо ато кардааст,  шодмонанд».

   Бузургон гуфтаанд: Инсони некбахт нафақат Ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он кӯшиш мекунад ва бо душманони он муборизаи беамон мебарад. Пайғомбар ъалайҳи салом мефармояд: «Ду чашмест, ки ҳаргиз дар оташи дузах намесӯзад. - Яке он аст, ки аз тарси Худо гиря мекунад. - Дигаре дар роҳи дӯст доштани Ватан мижа назада хизмат мекунад. Ҳадиси дигар: Пайғомбар ъалайҳи салом мефармояд: "Фариштагон се овозро бо таъҷил ба осмон мерасонанд". 1. Овози ќалами нависандагон. 2. Овози чархаресии занон дар хона (яъне фазилати меҳнати ҳалол). 3. Овози қадами марзбонон (чун дар гармову сармо Ватани худро аз душманон ҳифз мекунанд). Яъне марзбонон шабҳо бедорхобӣ мекашанд, то дигарон дар амонӣ бихуспанд. Ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осудаҳол бошанд.

   Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд:  «Сарҳад сипари боэътимоди Ватан аст». Аз ин рӯ марзбонони боҳиммати мо ҷавонони далеру шуҷоъ агарчи ҷони ширини худро нисор карда ба шаҳодат расиданд, аммо нагузоштанд, ки нохалафон сарҳади давлати моро рахна кунанд. Ҳадиси пайғомбар ъалайҳисалом Аз Абий Саъиди Худурӣ ривоят мешавад. Гуфт пайғомбар ъалайҳисалом: Се гурӯҳ аст, ки Худованд ба рӯи (сӯи) онҳо (нигоҳ карда) механдад. Яъне, мурод аз хандидан аз онҳо розӣ мешавад. 1.Марде, ки барои намози таҳаљљуд ними шаб бармехезад. 2. Қавме, ки барои адои намози ҷамоат саф мегиранд. 3. Шахсоне, ки дар майдони мубориза ба рӯи душман саф мегиранд. (сангар мегиранд). Ҳадиси дигар: «Ба таҳқиқ Худованд аз байни бандагонаш шахси ҷасур ва ҷавонмарди боғайратро дӯст медорад». Ҳамдиёрони азиз, ҷавонони муҳтарам Дини мубини Ислом бо халқу Ватан садоқат доштанро бисёр қадр мекунад. Ҳар як инсон, хусусан, ҷавонон барои дӯст доштани Ватани азиз бояд корҳои неку аъмоли манфиатбахширо анҷом бидиҳанд. Адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллањ аз ҷумлаи ҳамин аъмоли писандида мебошад. Мавқеи Ватан ва дӯст доштани он дар ашъори шоирони мо мавқеи хоса дорад. Абдулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ, ки саршор аз ғояҳои ватандӯстӣ ва адолатхоҳист, ҳифзи Ватанро аз баҳои ҷон баландтар гузошта гуфтааст:

 

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!

 

   Беҳтар аст, ки мо баробари бо тиру туфангу силоҳ ҷанг карда тавонистан бо илму маърифату сухану китоб, мисли китоби «Шоҳнома», «Тоҷикон» мусаллаҳ бошем. Бадхоҳонро ҳам дар майдони набарду ҳам дар майдони иттилооту илму маърифат сархам гардонем. Ин ШоАллоҳ зафарёбӣ ҳамеша ёри мо хоҳад буд.

 

 

                                Умар Абдураҳмонов, имомхатиби масҷиди ҷомеи ба

 

                                 номи М. Муҳамадҷони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

  

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

16 сентябрь 2022
Асосӣ
ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ

ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ АҲЛИ ОСОИШТАИ БАҲСИ САРҲАДИСТ! Чӣ тавре, ки АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, “14 сентябри соли

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
16 сентябрь 2022
Асосӣ / Маориф
ҚИСМИ ЗИЁДИ КӮДАКОН АЗ

ҚИСМИ ЗИЁДИ КӮДАКОН АЗ КӮЧА ОДОБ МЕОМӮЗАНД Сараввал қайд бояд кард, ки идомабахши кори оила ва падару модар

Маълумоти бештар
27 сентябрь 2022
Асосӣ
ВАҚТ ДОВАРИ ҲАҚ АСТ

ВАҚТ ДОВАРИ ҲАҚ АСТ Андеша: Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки дар ҳайёти ҳаррӯзаи мо ҳар як сонияю дақиқа

Маълумоти бештар
22 сентябрь 2022
Асосӣ
Амалҳои ноҷавонмардона

Амал ҳои ноҷавонмардона ва террористии низомиёни қирғизиро маҳкум менамоем!!! Гуфтан ҷоиз аст, ки таи чанд рӯз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Июль 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031