РӮЗИ ИНТЕРНАТСИАЛИСТОН ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД!

    Санаи 13 феврали соли равон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҷабалӣ Абдулов 34-умин солгарди аз Ҷумҳурии Демократии Афғонистон баровардани Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ иттиҳоди Шӯравӣ бо тантана таҷлил карда шуд. Дар ин ҷамъомад роҳбарон ва намояндагони собиқадорони башардӯсти вилояти Хатлон, муовини раиси интернатсиалистони вилояти Хатлон Моисеев А. В. прокурор ва раиси суди ноҳия, раиси собиқадорони меҳнати ноҳия Файзалиев Раҳмоналӣ ва комиссариати ҳарбии ноҳия иштирок доштанд. Нахуст раиси иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори ноҳия ибрози сухан намуда, бо хотираи шаҳидоне, ки баҳри иҷрои қарзи интернатсионалисти ҷони худро бохтанд, бо дақиқаи хомӯшӣ ёд карда, шуд. Сипас Раҷабалӣ Абдулов суханронӣ намуда, қайд кард, ки саҳми интернатсионалистони собиқадор дар тарбияи насли наврас беназир аст ва фаъолияти пурсамараи онҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии ноҳия ба хубӣ эҳсос мегардад. Айни ҳол иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори ноҳия 158 нафарро ташкил медиҳанд. 

                                                   "30 СОЛИ СОЗАНДАГӢБОҶАВОНОН"

    Санаи 1 ноябри соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ- фарҳангӣ, баргузории конференсияҳо, мизҳои мудаввар, мулоқоту вохӯриҳо ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ таҳти унвони "Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои олӣ-поягузори давлати миллии тоҷикон" бо иштироки муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбон ва муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдусаломзода Анзурат бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор гардид.                                                                                Дар вохӯрӣ масъулин дар мавзӯҳои "Конститутсия-бахтномаи миллати тоҷик", "Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Мактаби давлатдории Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон", "Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва сарнавишти Тоҷикистон" баромад намуданд. Инчунин ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ватандустӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, донишомӯзии ҷавонон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон суханронӣ карда шуд.

                 Навиди Балх

Вчера, 17:36

 

 

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Март 2023    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031