НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » БОЗДИДИ МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯ АЗ МАРКАЗҲОИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲОТ
июль 01 2025

БОЗДИДИ МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯ АЗ МАРКАЗҲОИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲОТ

                          БОЗДИДИ МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯ АЗ МАРКАЗҲОИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲОТ

      Имрӯз, 23 июни соли 2025 муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Шукурзода Шаҳло дар якҷоягӣ бо роҳбари шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ Қурбонов Ниёзмаҳмад бо мақсади шиносоӣ аз шароити хизматрасонии тиббӣ ва сатҳи фаъолияти марказҳои саломатӣ аз Ҷамоати деҳоти Навоӣ ва Ҷамоати деҳоти Навбаҳор боздид ба амал оварданд. Зимни боздид масъулин бо табибон, кормандони марказҳои саломатӣ ва аҳолии маҳаллӣ суҳбат намуда, аз наздик бо мушкилоту камбудиҳои мавҷуда шинос шуданд.

Шукурзода Шаҳло зимни суханрониаш қайд намуд, ки роҳбарияти ноҳия ба рушди соҳаи тандурустӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки шароити корӣ ва сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои тиббӣ пайваста беҳтар гардонида шаванд.

Ҳамчунин, роҳбари шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ Қурбонов Ниёзмаҳмад таъкид дошт, ки ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта, таъмини муассисаҳо бо маводи доруворӣ ва таҷҳизоти зарурӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Боздиди ҳайати масъулин нишон дод, ки новобаста ба баъзе мушкилоти мавҷуда, кормандони тиб кӯшиш менамоянд, ки ба аҳолӣ сари вақт ва бо сифати хуб хизмат расонанд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 01 июль 2025 13:15
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 13
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
21 июль 2023
Асосӣ / Тандурустӣ
ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ НОҲИЯ ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2023 Санаи 18 июли соли 2023 дар толори Мақомоти

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031