ОЗМУНИ "ВАТАНПАРВАР" БАРГУЗОР ГАРДИД

         Санаи 20 феврали соли 2023 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ озмуни ноҳиявии ҳарбӣ–варзишии «Ватанпарвар» бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои 10 ва 11–и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар майдончаи варзишӣ бо ташаббуси кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия баргузор гардид. Мусобиқа аз рӯи намудҳои зерин гузаронида шуд: -давидан ба масофаи 100 метр, -овезон шудан, кашидани турник, -машқҳои сафороӣ -сангбардорӣ (гирбардорӣ) -беҳтарин газетаи деворӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ. Пас аз анҷоми мусобиқа ғолибон аз рӯи намудҳои муайяншуда бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Мақсад ва вазифа - баланд бардоштани сифати ахлоқӣ, такмил додани корҳои ватандӯстӣ, варзиши байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тайёр намудани онҳо барои аз худ намудани «Барномаи омодагии ҳарбӣ дар синфҳои болоӣ», тарбия намудани масъулиятнокӣ нисбат ба артиш, сифатҳои олии маънавӣ, ташаббускорӣ ва худ фаъолиятӣ, шуурнокӣ, бародарӣ, дӯстиву иттифоқӣ, ҷасорат, зиракӣ ва тобоварӣ мебошад.

 


                                                                  ҚАДРДОНӢ

 Санаи 6 уми феврали соли 2023 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи ҲАЯТ РЕҶЕНСИИ шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2022 баргузор гардид. Дар ин рӯз мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қурбонзода Хуршед бо Дипломи "БЕҲТАРИН КОРМАНДИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР СОЛИ 2022" сарфароз гардид. Муборак бошад!

 

 

 

 ГУЛДУХТАРОНИ «ПАНҶШЕР»

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо роҳбарии муаллими тарбияи ҷисмонӣ Содиқ Исматов дастаи футбол бо номи «Духтарони футболбоз» ташкил карданд. -Аллакай ин духтарони футболбоз дар мусобиқаҳои ҷумҳурӣ, Душанбе, вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастчоҳ, Турсунзода, Носири Хусрав, Қубодиён, Кӯлоб, Фархор ва Бохтар иштирок карда, ифтихорномаи даставӣ, 1 ҷом, 20 медали биринҷӣ, 20 медали нуқра ва 20 медали «Тилло» оварданд, -иброз намуд муаллими тарбияи ҷисмонӣ Содиқ Исматов. Гурӯҳи «Духтарони Футболбоз» дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футболи байни духтарони 13-сола (Ю-13) рақобат намуда, ҷои аввалро сазовор гардиданд. 

      Дар минтақаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маросими ҷоизасупории Чемпионати Тоҷикистон миёни духтарони 13 - сола (U-13) дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардид. 

                                                                                                                                                                                     

   Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи  навбатии  Шӯрои  рушди  тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.

                                                                                                                                                                  

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Март 2023    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031