НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ .
май 23 2024

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ .

                                        ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

       Дар толори Қасри фарҳангии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 21 майи соли 2024 бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва наврасону ҷавонон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло насли ҷавонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки насли ҷавон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии мо имрӯзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Аксари ҷавонони бонангу номуси ноҳия дар пайи таҳсил, интихоби касб ва аз худ кардани техникаву технологияҳои муосир талош намуда, дар дохилу хориҷи мамлакат илму донишҳои муосир ва барои кишвару ноҳияаамон заруриро аз бар карда истодаанд. Гуфта шуд, ки қисме аз ҷавонон бо азму иродаи матин дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва сохтмонҳои бузурги кишвар заҳмат мекашанд, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла дар ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияту оромии давлат ва ҷомеа қарор доранд ва иддае Парчами Тоҷикистони азизро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баланд мебардоранд.

  -Бо боварӣ гуфта метавонам, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аҳли зиё ва ҷавонони бонангу номуси ноҳия ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат намуда, бо ин амали неку созандаи хеш қарзи виҷдониву инсонии худро адо менамоянд, - иброз дошт раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло. Дар идома аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон як қатор кормандони ташкилоту муассисаҳо бо Сипоснома, туҳфаҳои хотирмон ва ғолибони озмуни «Иншои беҳтарин» дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар пешбурди сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат» бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 Инчунин ғолибони мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ» низ бо Диплом ва Ҷоми раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд. Сипас аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ва ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнами Тоҷиддин суруду таронаҳои идона пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ҳаҷвнигорони маъруфи кишвар аз гуруҳи “Ғарибшо-компания” Бахтиёр Раҳимов ва Ташриф Халилов бо ҳаҷвҳои намакини худ хотири ҳозиринро болида гардониданд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
25 ноябрь 2023
Асосӣ / Фарҳанг
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ

ТА Ҷ ЛИЛИ Р Ӯ ЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ Ҷ УМ Ҳ УРИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ АЛОЛИДДИНИ БАЛХ Ӣ Бахшида ба иди Рӯзи

Маълумоти бештар
22 апрель 2024
Асосӣ / Маориф
ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СЕ МОҲИ СОЛИ 2024 Имрӯз, 19 апрел дар

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Июль 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 

Серхонанда