НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ТАЪМИНИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ ВА БАЛАНДБАРДОРИИ САТҲИ ОГОҲИИ ҶАВОНОН ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲ
апрель 15 2025

ТАЪМИНИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ ВА БАЛАНДБАРДОРИИ САТҲИ ОГОҲИИ ҶАВОНОН ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲ

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ 15-04-2025, 08:48 --- 145

ТАЪМИНИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ ВА БАЛАНДБАРДОРИИ САТҲИ ОГОҲИИ ҶАВОНОН ДАР МАРКАЗИ                                                                            ТАВАҶҶУҲ

   Санаи 4-уми апрели соли 2025 дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии судманд бо сокинони маҳал баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Исматзода Саидшоҳ, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Вализода Ҷаҳонгир ва намояндаи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор ширкат варзиданд. Мақсад аз баргузории вохӯрӣ - баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, хусусан ҷавонон, оид ба хатарҳои равандҳои ифротгароӣ ва пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ, инчунин тарғиби хизмати ҳарбӣ ҳамчун қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонписари ватандӯст ва ҳалли масъалаи бо шуғл таъмин намудани аҳолии маҳаллӣ буд. Зимни суханронии худ Исматзода Саидшоҳ таъкид кард, ки ҷавонон бояд бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода бошанд, зеро ҳифзи Ватан шарафи бузург ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар маҳсуб меёбад. Дар навбати худ, Вализода Ҷаҳонгир оид ба имкониятҳои мавҷудаи бозори меҳнат, барномаҳои давлатии дастгирии шуғли аҳолӣ ва ҷалби шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба омӯзиши касбҳои техникӣ ва дарёфти ҷойи кори муносиб маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Сокинону иштирокчиён ба масъулин саволҳои худро оид ба имкониятҳои бо кор таъмин шудан, шарту шароити хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва роҳҳои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас ва муфассал дарёфт карданд. Ин гуна вохӯриҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеа, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар самти масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ аҳамияти калони тарбиявию маърифатӣ доранд.

Эзоҳ:

  1. Rosaria (Гости)

    30 май 2025 08:18 0 Эзоҳ-

    Regards, A lot of write ups! meilleur casino en ligne With thanks, Numerous content. casino en ligne Many thanks! Loads of stuff. casino en ligne Regards, Lots of posts! casino en ligne fiable You revealed it fantastically! casino en ligne Very good posts, Regards! casino en ligne France Seriously a lot of excellent info! casino en ligne Amazing quite a lot of useful info. casino en ligne Thank you, I value it. casino en ligne France Wow loads of very good data. casino en ligne

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 15 апрель 2025 08:48
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 145
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 1

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30