НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД
апрель 26 2024

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД

                                      ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД

    Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас дар натиҷаи меҳру муҳаббати хос пайдо мегардад. Тифле, ки ба олами ҳастӣ чашм во мекунад, дар атрофаш ҳатман инсонеро мебинад. Охир, инсонро инсон ба воя мерасонад, тарбия мекунад, таълим меомӯзад ва роҳи зиндагиро нишон медиҳад, на махлуқоти дигар. Он тифле, ки аллакай аз дунё дидан намуд, ҳарчанд ҳарфе гуфта натавонад, вале бо ҳар наззорааш омӯхтаниҳои зиёдеро ба худ мегирад.

   Мутаассифона, на ҳар нафаре, ки ба воя расонидани тифл бар дӯши ӯст, уҳдабаро аст. Зеро, он тифл агар аз як тараф бо беҳдошти саломатӣ ва ғизои солим ба воя бирасад, аз тарафи дигар бояд он ғизои маънавӣ бигирад. Ғизои маънавӣ ин худ бо меҳр ва меҳрубонӣ ба воя расонидани тифл аст. Зеро кӯдаке, ки дар атрофи худ меҳрро нисбат ба худ мебинад, ва меҳрубониҳои наздикони худро эҳсос мекунад, дучанд нерӯ гирифта, ба мустақилии худ ва пешбурди роҳи ҳаёт фикр мекунад. Аммо кӯдаке, ки ҳанӯз аз айёми тифлӣ ғамхорӣ ва муҳаббатро нисбати худ эҳсос нанамояд, пас худро нафари нолозим дар ҷомеа эҳсос намуда, доимо дилгирифта ва дилафгору ноумедӣ дар ӯ ба назар мерасад.

   Ҳар нафаре, ки ба тарбияи кӯдак вобаст аст- падару модар, хоҳару бародар, хешу ақрабо дар муҳити хонавода, устод ё муаллим дар макони таълим, ёру дӯстон ҳангоми дидорбинӣ ё ин ки роҳбар ва шахсони собиқадор дар коргоҳҳо нисбат ба кадрҳои ҷавон,….. бояд меҳр дошта бошанд ва ба қадри имкон меҳрубониҳо намоянд. Зеро, мо медонем, ки дар бадани ҳар инсони зинда хун дар рагҳои хунгард дар гардиш буда, ҳарораташ гарм аст. Ин гармӣ нишона аз он аст, ки дар дили ҳар нафар меҳре чун лахча ё оташпора ниҳон аст. Агар боди сарде ба он бирасад, ба хокистар мубаддал мегардад ва баръакс агар гармие ҷонибаш равона шавад, фурӯзонтар мешавад. Вақте он ба шуълазанӣ шуруъ мекунад, аллакай аз чеҳраи ана ҳамон нафар муайян мегардад, ки ӯ меҳр ё меҳрубоние дидааст, ки боиси кушодарӯӣ, табассум ва эҳсоси тавонмандии ӯ гардидааст.

   Пас, ҳар як инсонро зарур аст, то дар хонаи дили ҳар нафаре, ки дар паҳлу ё атрофи шумост, тухми меҳру муҳаббат бикорад. Ва он нафаре, ки аз тухми меҳру муҳаббат рӯидааст, бе шак ба парвариш ва коштану зиёд гардонидани чунин тухм кӯшиш мекунад.

   Пӯшида нест, ки дар ҷомеа бо нафароне, ки ба корҳои бехуд ё нолозиму боиси иснодоварӣ даст мезананд ё задаанд рӯбарӯ гашта, пурсуҷӯ намоӣ, ҳатман ба онҳо меҳр намерасад. Ё аз модар ҷудост, ё аз падар ва ё ин ки атрофиён хунукназарӣ намудаанд….. , ки боис гардидааст ба кирдори ношоям даст бизананд. Шояд ҳамин меҳру муҳаббати инсон ба ҳамдигар чӣ дар хона, чӣ дар кӯча моро ба ҷое ва мақсадҳои дили хеш расонад. Пирони хирадманди мо, аз ҷумла Умари Хайёми Нишопурӣ  дар эҷодиёти худ инсон, замона ва дунёро ҳеҷ дониста, саргардониву печидагиро барои ин чизҳои нолозим хато ҳисобида, аз инсон танҳо боқӣ мондани меҳру муҳаббатро дарҷ намудаанд:

 

Мо ҳеҷ, замона ҳеҷ, дунё ҳама ҳеҷ,

Эй ҳеҷ зи баҳри ҳеҷ бар ҳеҷ мапеч.

Донӣ ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас

Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ.

 

   Дар охир мехоҳам 10 маслиҳате, ки Умари Хайём барои дар хотир доштани ҳар як нафар дарҷ кардааст, ёдовар бигардам. Зеро, ҳар яки он ба меҳру муҳаббат ниёз доштани инсонро исботгар аст:

 

      Биёед, фикрҳоямонро тағйир диҳем ва зиндагии атроф тағйир меёбад.Дар ҷаҳони босуръат тараққикардаи мо баъзан таваққуф кардан ва танҳо гӯш кардани худ душвор аст. Фаҳмед, ки воқеан, чӣ чиз муҳим аст ва чӣ он қадар муҳим нест. Дар чунин лаҳзаҳо беҳтарин чиз-хиради шарқӣ, ки дар тинҷӣ ва оромӣ таваллуд шудааст, метавонад шуморо ба қалби худ баргардонад.

 

  1. "Нони сиёҳ даҳшатнок нест!Даҳшат, вақте ки қалб сиёҳ аст."

Ба одамон ва вазъиятҳо танҳо аз рӯйи фоида ва самаранокӣ баҳо надиҳед. Аниқтар назар кунед ва дар бораи олами ботинии дигарон фаромӯш накунед. Ҳар гуна душвориҳоро паси сар кардан мумкин аст, агар дар дохили шумо нур, дар атрофатон одами азизатон бошад.

 

2."Танҳо ба пеш нигоҳ кун, ҳеҷ гоҳ ба қафо нанигар."

Ҳатто агар замоне буд, ки шумо бахтиёр будед, аммо он гузашт, ба он барнагардед. Ба одамоне, ки дар айни замон шуморо дастгирӣ намекунанд, начаспед.Беҳтаринаш доимо дар пеш!

 

3."Ба касе, ки хомӯшона корҳои зебо месозад, бовар кун".

Бале, бо суханони зебо занонро мафтун кардан осон аст. Мафтун кардан, ваъда додан ба чизе, ки ҳеҷ гоҳ ба амал намеояд. Чунин ба назар мерасад, ки ин ҳақиқат мисли олами қадим аст, аммо то ҳол қурбони суханони оташин мешавем.

 

4."Сукут-сипарест аз мушкилоти зиёд."

Беҳуда ва зиёд гап назанед.Хомӯшӣ ҳамеша ба шумо имкон медиҳад, ки доим ғолиб монед.

 

  1. "Танҳо будан беҳтар аст, аз он ки ба касе гармии қалб диҳед."

Ба занҳои танҳо хеле мушкил аст. Дастгирӣ, гармӣ, муҳаббат ва муҳофизатро мехоҳанд.Зери таъсири ин хоҳишҳои табиӣ мо аксар вақт ба оғӯши онҳо мешитобем. Аммо дар чунин рафтор хавфи калон вуҷуд дорад – беҳуда сарф кардани тамоми гармӣ.

 

6."Гуруснагӣ беҳ аз бетартиб таъом хӯрдан."

Маслиҳати универсалӣ нисбат ба он хеле амиқтар аст. Дар ҷаҳони муосир, шумо бояд на танҳо ба парҳез, балки гигиенаи рақамиро низ назорат кунед. Зеро ин ҳамон истеъмолест, ки ба саломатии руҳӣ ва ҷисмонии мо таъсир мерасонад.

 

  1. "Бо амри дил зиндагӣ кунед:муҳлати марг маълум нест."

Нагузоред, то ки дигарон вақти шуморо идора кунанд. Вақт-аз ҳама азизтарин чиз дар ҳаёт аст.

 

8."Дӯстон кам дор."

Доштани як дӯсти наздик, ки имконияти мушоҳида ва таҳлили ҳаёти шуморо дорад, беҳтар аст аз чанд нафар дӯсти дурдасте, ки танҳо дар бораи шумо тасаввуроти норавшан доранд. Танҳо чунин дӯст метавонад маслиҳати хуб ва самимона ба хушбахтӣ ва некӯаҳволии шумо хоҳад.

 

  1. "Онҳое, ки гӯш кардан намехоҳанд, намешунаванд."

Вақтро ба онҳое сарф накунед, ки намехоҳанд онро ба шумо сарф кунанд. Аз муҳиту атрофи заҳролуд халос шавед, аз муоширате, ки шуморо ғамгин мекунад, даст кашед.

 

  1. "Зани дӯстдоштаатон бояд хушбахт бошад, агар қувваатон нарасад, ба ин кор даст назанед."

Ин фикрро дар хотираатон нигоҳ доред, шахсе, ки ба шумо сазовор аст, мулоқот ва эътироф кунед. Албатта, хушбахтӣ ҳамеша кори тарафайн аст, аммо мард орзу мекунад, ки дар канори худ зани қаноатманд ва хушбахтро бубинад ва ин баҳс намешавад.

 

 

Сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  

            Қаҳорова Хайринисо

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
16 сентябрь 2022
Асосӣ / Маориф
ҚИСМИ ЗИЁДИ КӮДАКОН АЗ

ҚИСМИ ЗИЁДИ КӮДАКОН АЗ КӮЧА ОДОБ МЕОМӮЗАНД Сараввал қайд бояд кард, ки идомабахши кори оила ва падару модар

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар
07 март 2023
Асосӣ
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ

ТА Ҷ ЛИЛИ БОШУК ӮҲ И Р Ӯ ЗИ МОДАР ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ АЛОЛИДДИНИ БАЛХ Ӣ Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола бо

Маълумоти бештар
27 сентябрь 2022
Асосӣ
ВАҚТ ДОВАРИ ҲАҚ АСТ

ВАҚТ ДОВАРИ ҲАҚ АСТ Андеша: Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки дар ҳайёти ҳаррӯзаи мо ҳар як сонияю дақиқа

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031