НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БАРГУЗОР ШУД
ноябрь 21 2025

ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БАРГУЗОР ШУД

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ 21-11-2025, 08:43 --- 6 756

   ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ                                               ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БАРГУЗОР ШУД

            Санаи  15 октябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти раёсати прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 Собирзода Искандар Миралӣ ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини раиси ноҳия, роҳбарони бахшҳо ва шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудири шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ, масъулини ШВКД дар ноҳия, раисони кумитаҳои маҳалла, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, намояндагони ташкилоту идораҳои дахлдор ва кормандони прокуратура ширкат варзиданд.  Масъалаи асосии рӯзномаи Шӯро, сабабҳои афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он дар соли 2024 ва нуҳ моҳи соли 2025, инчунин арзёбии сатҳи татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бахшида шуд. Дар ҷаласа ахбороти масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва соҳаи маориф шунида шуд. Аз ҷумла, ёрдамчии прокурори ноҳия Шафиев И.Ҷ., муфаттиши калони прокуратура Раҳимзода Ҳ.Ҳ., муовини сардори ШВКД подполковник Абосзода Ф., мудири шуъбаи маориф Шомирзозода У.М ва роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС Қурбонов Н.С., оид ба вазъи мавҷуда ва фаъолияти худ ҳисобот доданд. Раиси Шӯро, прокурори ноҳия Собирзода Искандар Миралӣ зимни баромадаш иброз дошт, ки барҳам хӯрдани оилаҳо, аз даст додани саломатии руҳиву равонӣ, тағйироти ногувори рафтор дар миёни ноболиғон ва ҷавонон, ятиммондан ва маҳрумият аз меҳру муҳаббати волидон, ба худкушӣ даст задани шахсони осебпазир, шурӯъ кардани истеъмоли машрубот, маводи нашъаовар ва дигар омилҳои номатлуб, аксаран аз зӯроварӣ ва хушунати беасос маншаъ мегиранд. Ӯ аҳамияти татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2004 «Дар бораи тадбирҳои пешгирии ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2013 «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯровариро махсус зикр намуд. Раиси Шӯро таъкид кард, ки мақомоти дахлдор вазифадоранд ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, бахусус байни наврасону ҷавонон, чораҳои муассир андешанд. Ҳамзамон, зарурати тақвияти ҳамкории сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо ниҳодҳои иҷтимоӣ барои таъмини ҳуқуқи кӯдакон ва фароҳамсозии муҳити бехатару солим таъкид гардид. Бо натиҷагирии масъалаҳои ҷойдошта, аз ҷониби раис ва аъзои Шӯро, қарорҳои дахлдор қабул, шахсони масъул вазифадор ва кори ҷаласа ба анҷом расид.

 

Эзоҳ:

  1. Рустам. (Гости)

    09 октябрь 2026 01:56 0 Эзоҳ-

    Асалому.Алекум.Мухтарам.Пакрори.Дарачаи.1.Якум.Мутарам.Собирзода.Искандар.Мирал
    й.Мурочиати.5.Хочагро.Конуни.Чора.Бинед.Ман.Истикоматкунадаи.Чалолиддини.Балхи.
    Шахраки.Гулистон.Дехаи.Бустон.Бутаев.Рустам.Мебошам.Мухтарам.Пакрор.Чубори.Давл
    ати.Дар.Харитаи.Точикистонири.Бе.Асоси.Конун.Бо.Трактори.Мехлапат.Пур.Карда.Буд
    .Азимов.Чори.Азимов.Нарзуло.Азимов.Абдулло.Ва.Шумох.Огох.Кардабудеки.Онхроки.Ха
    ки.Макамкарданро.Надорад.Мухтарам.Пакрор.Санаи.02.10.2026.Субхи.Сахар.Ба.Хона.М
    илицяи.Шахраки.Гулистон.Учаскавой.Омада.Акахамро.Ба.Чалолиддини.Балхи.ОВД.Пеши.
    Началнки.Милицяи.ОВД.Абдусаматзода.Сухроб.Акахмро.Бо.Суханони.Кабе.Агар.Шумох.5
    .Хочагики.Ягон.Чода.Арз.Мекунед.Ман.Туро.Бо.Тухмат.Пастава.Кунчи.Турма.Мекунам.
    Гуфтаас.Мухтарам.Пакорор.Санаи.02.10.2026.Бе.Асоси.Конун.Бо.Фармони.Абдусамадзо
    да.Сухроб.Азимов.Чори.Азимов.Нарзулло.Азимов.Абдулло.Ва.Тагояш.Тагайназаров.Кур
    бон.Ин.Кас.Раиси.Махалаи.Бустон.Мебошд.Трактори.Мехлапатро.Оварда.Чубори.5.Хоча
    гиро.Бе.Ягон.Когази.Конуни.Дарозиаш.110.Метро.Ташкил.Меёфт.Пур.Карданд.Ва.Хамса
    рамро.Бо.Суханони.Кабеву.Гуфтаас.Ман.Пул.Ва.Мол.Дорам.Конун.Тарафи.Моост.Гуфтас
    т.Мухтарам.Пракрор.Собирзода.Аз.Шумох.Хоиш.Мекунамки.Конунро Итохат.Намекардаги.Бояд.Чазояшро.Град.Ва.Чубори.Оби.Ошомидани.5.Хочагро.Ба.Холи
    .Авалаш.Гардонед.Ин.Чубор.Дар.Доираи.Конуну.Харитаи.Давлат.Мебошад.Бадики.Ин.Во
    киха.Модаромро.Давлени.Зада.Дар.Шифо.Хонаи.Шахраки.Гулистон.Хобаст.Мухтарам.Пак
    рори.Собирзода.Ёрдами.Конуни.Худро.Шораандеши.Кунед.Камисия.Биёяд.Замини.Ин.Фер
    меро.Хисоб.Кунад.Ва.Конун.Шиканд.Бояд.Дар.Назди.Конун.Чавобашро.Дихат.Бо.Эхтиро
    м.Собирзода.И.М.Ба.Шумох.Б.Рустам.Аллохи.Мехрубон.Нигахбонатон.Хамеша.Сар.Ббала
    нду.Бод.🙏😥😥😥🤲🤲🤲

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 21 ноябрь 2025 08:43
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 6 756
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 1

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар
17 июль 2023
Асосӣ
ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯРО ДОИР

Маълумоти бештар
24 апрель 2023
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДОИР ГАРДИД Санаи 19 апрели соли

Маълумоти бештар
08 февраль 2023
Асосӣ
МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ

МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ НАЗДИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 2 феврали соли 2023 сол дар толори бинои

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Октябрь 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 

Серхонанда