НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Иҷтимоъ » Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ » ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДОИР ГАРДИД
апрель 24 2023

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДОИР ГАРДИД

 Санаи 19 апрели соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти раёсати прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Собирзода Искандар Миралӣ ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид. Дар љаласа раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, аъзоиШӯро, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар шахсони дар масъалаи баррасишавандаи дахлдор ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласа рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати њарбӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаҳои Шӯро муовини прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2, Солиҳзода Парвиз оид ба рафти Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва ёрдамчии прокурори ноҳия, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1, Ҳусейнзода Эраҷ вобаста ба ҳолати иҷрои доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар фаъолияти мақомотҳои марбутаи давлатии ҳудуди ноҳия гузориш дод. Дар муҳокима муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Ҷонвализода Суҳроб, Комиссари ҳарбии ноҳия Икромзода Асомиддин ва дигарон шунида шуд. Сипас, аз рӯи масъалаи муҳокимашуда аз масъулини хадамоти гумрук, шуъбаи маориф, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳал, бахши танзими анъана ва ҷашну маросим, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ пурсиш ба амал оварда шуда, барои самаранок амалӣ намудани Стратегияи болозикр ва рафти даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия супоришҳо дода шуд. Дар фарҷоми Шӯро раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон ибрози андеша намуд. Бо қабул кардани қарорҳои дахлдор Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ҷамъбаст гардид. "НАВИДИ БАЛХ"

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Асосӣ
ВОХӮРИИ СУДМАНД

ВОХ Ӯ РИИ СУДМАНД Санаи 18-уми октябри соли 2022 тибқи нақша-чорабиниҳои Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Маълумоти бештар
08 февраль 2023
Асосӣ
МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ

МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ НАЗДИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 2 феврали соли 2023 сол дар толори бинои

Маълумоти бештар
20 октябрь 2022
Асосӣ
МО БАРОИ ҲИМОЯИ ВАТАНИ

МО БАРОИ Ҳ ИМОЯИ ВАТАНИ АЗИЗАМОН Ҳ АМЕША ТАЙЁР Ҳ АСТЕМ ! Тибқи нақша-чорабиниҳои Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини

Маълумоти бештар
20 октябрь 2022
Асосӣ
ВОХӮРИИ МУФИД!

ВОХӮРИИ МУФИД Рӯзи 20 ноябри соли ҷорӣ Тибқи нақша-чорабиниҳои Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гурӯҳи кории

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30