НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ НАЗДИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
февраль 08 2023

МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ НАЗДИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

   Санаи 2 феврали соли 2023 сол дар толори бинои прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи байниидоравии назди Прокурори ноҳия Собирзода И.М. баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини якуми раиси ноҳия Холиқзода Рустам, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаи идораи замини ноҳия, сардори ИДБЗО ва роҳбарони АИО ноҳия, сардори шабакаҳои барқи ноҳия, сардори нозироти андоз, сардор ва кормандони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳия, кормандони соҳавии прокурори ноҳия ва дигар шахсони масъули мақомотҳои дахлдор иштирок карданд. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор дода шуд: 1. Натиҷаи таъмин ва иҷрои фармони прокурори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 18.11.2022 сол таҳти №22 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории муштарак вобаста ба ҷамъоварии маблағи қарздории ҳаққи истифодаи барқ ва об”, дар ҳудуди ноҳия. 2. Натиҷаи таъмин ва иҷрои фармони прокурори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 10.01.2023 сол таҳти №1 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории муштарак вобаста ба рӯёнидани бақияпулиҳои қарзи андоз” дар ҳудуди ноҳия. 3. Баррасии натиҷаи санҷиши назорати прокурорӣ, вобаста ба иҷрои банди 3-и Нақшаи кории прокуратураи ноҳия дар фаъолияти КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”. Аз рӯи масъалаҳои баррасишаванда муовини прокурори ноҳия Солиҳзода П.Р., ёрдамчии прокурори ноҳия Акобирзода А.Ҳ. оиди корҳои анҷомдодаи гурӯҳи кории муштарак вобаста ба рӯёниши бақияпулиҳои қарзи андоз, маблағи ҷамъоварии қарздории ҳаққи истифодаи барқ, об дар ҳудуди ноҳия ва натиҷаи санҷиши прокурор дар фаъолияти КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳия иттилоъ доданд. Аз рӯи ахбороти мазкур сардори нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Раҳматшоев С., сардори шуъбаи фурӯши барқ Сироҷов Д., КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” Зоирзода И.Қ., сардори ИДБЗО ноҳия Гурезов А. ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта баромад намуданд. Дар идомаи маҷлис, прокурори ноҳия Собирзода И.М. ба музокира баромада натиҷаи масъалаҳои баррасишавандаро муҳокима намуда, аз масъулини тамоми сохторҳои ҳудуди ноҳия новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ва гурӯҳи кории муштарак талаб намуд, ки ҳамкории зичро бо мардум дуруст ба роҳ монанд ва ҷиҳати саривақт арзу шикояти шаҳрвандон чораҳои мушаххас андешанд. Сардори нозироти андоз дар ноҳияи Раҳматшоев С., сардори шуъбаи фурӯши барқ Сироҷов Д., сардори ИДБЗО ноҳия Гурезов А. ва раисони ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия муваззаф гардонида шуданд, ки бо гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, фаҳмонидани талаботи қонунҳои амалкунанда, баҳри рӯёнидани бақипулиҳои қарзи андоз, ҷамъоварии маблағи қарздории ҳаққи истифодаи барқ ва об дар ҳуддуи ноҳия чораҳои дахлдор андешида аз натиҷаи корҳои дар ин самт ба анҷом расонидаашон то санаи 1 марти соли 2023 ба унвони прокурори ноҳия ахбороти муфассал пешниҳод намоянд. Ҳамзамон прокурори ноҳия Собирзода И.М. аз натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ, ки дар фаъолияти КДФ БММҒ-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гузаронида шуд, як қатор қонувайронкуниҳо ошкор гаштаанд, ки аз ин изҳори нигаронӣ намуда, баён дошт, ки Бердияров Мураталӣ Базарович дар вазифаи мутахассиси шуъбаи заминсозии КФД BMMҒ-и ноҳия кору фаъолият намуда аз ваколатҳои мансабии худ истифода намуда, моҳи юли соли 2022 бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқӣ истифодаи замин, парвандаи заминсозиро ба номи шаҳрванд Нормурадов Мамараим Абдутафорович омода намуда, масоҳати 0,09 га. қитъаи замини фонди давлатии обро ғайриқонунӣ ба шаҳрванд Нормуратов М.А. чен карда додааст. Қитъаи замине, ки аз тарафи Бердияров М.Б. ва аъзоёни комиссияи тақисми замин ба шаҳрванд Нормуратов М.А. ғайриқонунӣ дода шудааст ба гурӯҳи заминҳои фонди давлатии об мансуб буда, ба тавозуни ИДБЗО-и ноҳия тааллуқ дорад. Айни ҳол нисбати Бердияров Мураталӣ Базарович, бо моддаи 338 иловаи 1 қисми 2 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст. Дар ин ҷода прокурори ноҳия Собирзода И.М., диққати масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаи идораи замини ноҳия, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия, масъулини КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ба ин вайронкунии талаботи қонунгузори ҷалб намуда, супоришҳои мушаххас дода таъкид намуд, ки ба ҳолати ғайриқонунӣ додани қитъаи замин роҳ надиҳанд ва ҷиҳати пешгирии ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмонҳои худсарона дар он, чораҳои дахлдор андешанд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: Атабаева Зуҳро
  • Санаи нашр: 08 февраль 2023 13:06
  • Категорияи нашр: Асосӣ
  • Шумораи диди нашр: 1 047
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Асосӣ
ВОХӮРИИ СУДМАНД

ВОХ Ӯ РИИ СУДМАНД Санаи 18-уми октябри соли 2022 тибқи нақша-чорабиниҳои Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Маълумоти бештар
12 январь 2023
Асосӣ
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2022 Санаи 6 январи соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
20 октябрь 2022
Асосӣ
МО БАРОИ ҲИМОЯИ ВАТАНИ

МО БАРОИ Ҳ ИМОЯИ ВАТАНИ АЗИЗАМОН Ҳ АМЕША ТАЙЁР Ҳ АСТЕМ ! Тибқи нақша-чорабиниҳои Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031