ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД |
ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас дар натиҷаи меҳру муҳаббати хос пайдо мегардад. Тифле, ки ба олами ҳастӣ чашм во мекунад, дар атрофаш ҳатман инсонеро мебинад. Охир, инсонро инсон ба воя мерасонад, тарбия мекунад, таълим меомӯзад ва роҳи зиндагиро нишон медиҳад, на махлуқоти дигар. Он тифле, ки аллакай аз дунё дидан намуд, ҳарчанд ҳарфе гуфта натавонад, вале бо ҳар наззорааш омӯхтаниҳои зиёдеро ба худ мегирад. Мутаассифона, на ҳар нафаре, ки ба воя расонидани тифл бар дӯши ӯст, уҳдабаро аст. Зеро, он тифл агар аз як тараф бо беҳдошти саломатӣ ва ғизои солим ба воя бирасад, аз тарафи дигар бояд он ғизои маънавӣ бигирад. Ғизои маънавӣ ин худ бо меҳр ва меҳрубонӣ ба воя расонидани тифл аст. Зеро кӯдаке, ки дар атрофи худ меҳрро нисбат ба худ мебинад, ва меҳрубониҳои наздикони худро эҳсос мекунад, дучанд нерӯ гирифта, ба мустақилии худ ва пешбурди роҳи ҳаёт фикр мекунад. Аммо кӯдаке, ки ҳанӯз аз айёми тифлӣ ғамхорӣ ва муҳаббатро нисбати худ эҳсос нанамояд, пас худро нафари нолозим дар ҷомеа эҳсос намуда, доимо дилгирифта ва дилафгору ноумедӣ дар ӯ ба назар мерасад. Ҳар нафаре, ки ба тарбияи кӯдак вобаст аст- падару модар, хоҳару бародар, хешу ақрабо дар муҳити хонавода, устод ё муаллим дар макони таълим, ёру дӯстон ҳангоми дидорбинӣ ё ин ки роҳбар ва шахсони собиқадор дар коргоҳҳо нисбат ба кадрҳои ҷавон,….. бояд меҳр дошта бошанд ва ба қадри имкон меҳрубониҳо намоянд. Зеро, мо медонем, ки дар бадани ҳар инсони зинда хун дар рагҳои хунгард дар гардиш буда, ҳарораташ гарм аст. Ин гармӣ нишона аз он аст, ки дар дили ҳар нафар меҳре чун лахча ё оташпора ниҳон аст. Агар боди сарде ба он бирасад, ба хокистар мубаддал мегардад ва баръакс агар гармие ҷонибаш равона шавад, фурӯзонтар мешавад. Вақте он ба шуълазанӣ шуруъ мекунад, аллакай аз чеҳраи ана ҳамон нафар муайян мегардад, ки ӯ меҳр ё меҳрубоние дидааст, ки боиси кушодарӯӣ, табассум ва эҳсоси тавонмандии ӯ гардидааст. Пас, ҳар як инсонро зарур аст, то дар хонаи дили ҳар нафаре, ки дар паҳлу ё атрофи шумост, тухми меҳру муҳаббат бикорад. Ва он нафаре, ки аз тухми меҳру муҳаббат рӯидааст, бе шак ба парвариш ва коштану зиёд гардонидани чунин тухм кӯшиш мекунад. Пӯшида нест, ки дар ҷомеа бо нафароне, ки ба корҳои бехуд ё нолозиму боиси иснодоварӣ даст мезананд ё задаанд рӯбарӯ гашта, пурсуҷӯ намоӣ, ҳатман ба онҳо меҳр намерасад. Ё аз модар ҷудост, ё аз падар ва ё ин ки атрофиён хунукназарӣ намудаанд….. , ки боис гардидааст ба кирдори ношоям даст бизананд. Шояд ҳамин меҳру муҳаббати инсон ба ҳамдигар чӣ дар хона, чӣ дар кӯча моро ба ҷое ва мақсадҳои дили хеш расонад. Пирони хирадманди мо, аз ҷумла Умари Хайёми Нишопурӣ дар эҷодиёти худ инсон, замона ва дунёро ҳеҷ дониста, саргардониву печидагиро барои ин чизҳои нолозим хато ҳисобида, аз инсон танҳо боқӣ мондани меҳру муҳаббатро дарҷ намудаанд:
Мо ҳеҷ, замона ҳеҷ, дунё ҳама ҳеҷ, Эй ҳеҷ зи баҳри ҳеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ.
Дар охир мехоҳам 10 маслиҳате, ки Умари Хайём барои дар хотир доштани ҳар як нафар дарҷ кардааст, ёдовар бигардам. Зеро, ҳар яки он ба меҳру муҳаббат ниёз доштани инсонро исботгар аст:
Биёед, фикрҳоямонро тағйир диҳем ва зиндагии атроф тағйир меёбад.Дар ҷаҳони босуръат тараққикардаи мо баъзан таваққуф кардан ва танҳо гӯш кардани худ душвор аст. Фаҳмед, ки воқеан, чӣ чиз муҳим аст ва чӣ он қадар муҳим нест. Дар чунин лаҳзаҳо беҳтарин чиз-хиради шарқӣ, ки дар тинҷӣ ва оромӣ таваллуд шудааст, метавонад шуморо ба қалби худ баргардонад.
Ба одамон ва вазъиятҳо танҳо аз рӯйи фоида ва самаранокӣ баҳо надиҳед. Аниқтар назар кунед ва дар бораи олами ботинии дигарон фаромӯш накунед. Ҳар гуна душвориҳоро паси сар кардан мумкин аст, агар дар дохили шумо нур, дар атрофатон одами азизатон бошад.
2."Танҳо ба пеш нигоҳ кун, ҳеҷ гоҳ ба қафо нанигар." Ҳатто агар замоне буд, ки шумо бахтиёр будед, аммо он гузашт, ба он барнагардед. Ба одамоне, ки дар айни замон шуморо дастгирӣ намекунанд, начаспед.Беҳтаринаш доимо дар пеш!
3."Ба касе, ки хомӯшона корҳои зебо месозад, бовар кун". Бале, бо суханони зебо занонро мафтун кардан осон аст. Мафтун кардан, ваъда додан ба чизе, ки ҳеҷ гоҳ ба амал намеояд. Чунин ба назар мерасад, ки ин ҳақиқат мисли олами қадим аст, аммо то ҳол қурбони суханони оташин мешавем.
4."Сукут-сипарест аз мушкилоти зиёд." Беҳуда ва зиёд гап назанед.Хомӯшӣ ҳамеша ба шумо имкон медиҳад, ки доим ғолиб монед.
Ба занҳои танҳо хеле мушкил аст. Дастгирӣ, гармӣ, муҳаббат ва муҳофизатро мехоҳанд.Зери таъсири ин хоҳишҳои табиӣ мо аксар вақт ба оғӯши онҳо мешитобем. Аммо дар чунин рафтор хавфи калон вуҷуд дорад – беҳуда сарф кардани тамоми гармӣ.
6."Гуруснагӣ беҳ аз бетартиб таъом хӯрдан." Маслиҳати универсалӣ нисбат ба он хеле амиқтар аст. Дар ҷаҳони муосир, шумо бояд на танҳо ба парҳез, балки гигиенаи рақамиро низ назорат кунед. Зеро ин ҳамон истеъмолест, ки ба саломатии руҳӣ ва ҷисмонии мо таъсир мерасонад.
Нагузоред, то ки дигарон вақти шуморо идора кунанд. Вақт-аз ҳама азизтарин чиз дар ҳаёт аст.
8."Дӯстон кам дор." Доштани як дӯсти наздик, ки имконияти мушоҳида ва таҳлили ҳаёти шуморо дорад, беҳтар аст аз чанд нафар дӯсти дурдасте, ки танҳо дар бораи шумо тасаввуроти норавшан доранд. Танҳо чунин дӯст метавонад маслиҳати хуб ва самимона ба хушбахтӣ ва некӯаҳволии шумо хоҳад.
Вақтро ба онҳое сарф накунед, ки намехоҳанд онро ба шумо сарф кунанд. Аз муҳиту атрофи заҳролуд халос шавед, аз муоширате, ки шуморо ғамгин мекунад, даст кашед.
Ин фикрро дар хотираатон нигоҳ доред, шахсе, ки ба шумо сазовор аст, мулоқот ва эътироф кунед. Албатта, хушбахтӣ ҳамеша кори тарафайн аст, аммо мард орзу мекунад, ки дар канори худ зани қаноатманд ва хушбахтро бубинад ва ин баҳс намешавад.
Сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қаҳорова Хайринисо Баргаштан |
26-04-2024, 12:31 |