ТАҶЛИЛИБОШУКӮҲИРӮЗИМОДАРДАРНОҲИЯИҶАЛОЛИДДИНИБАЛХӢ
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола бо фарорасии фасли зебои баҳор 8 март ҳамчун Рӯзи Модар дар саросари кишвари азизамон бо шаҳомати хосае таҷлил мегардад. Воқеан ба оғози фасли баҳор рост омадани ин иди бонувон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат, сарсабзию таровати онро дучанд меафзояд. Зан- Модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонадон аст. Ба ин муносибат, яъне Рӯзи модар имрӯз 2 марти соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон бонувонро табрику муборакбод намуда, қайд намуд, ки имрӯз дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия занону духтарон аҳлона меҳнат менамоянд. Ҳоло дар ноҳия аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманду фаъол 15 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 64 нафар вакилони Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. Имрӯз дар ноҳия зиёда аз 500 нафар занони болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 4 нафар мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, 7 нафар муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 1 нафар котиби ҷамоат, 19 нафар директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 17 нафар мудирони муассисаҳои томактабӣ ва зиёда аз 400 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Воқеан имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки мураббии наслҳо, сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан ва ҳамшираи шафқатро мебинад.
Дар баробари ин мавқеи занонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт, яъне барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохтааст. Дар ҷамъомад бархе аз занони роҳбарикунанда ва фаъол баромад намуда, аз дастгирию таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарон ёдовар шуданд. Сипас занони фаъол бо мукофотҳо қадрдонӣ гардида, барномаи идонаи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия иборат аз суруду таронаҳо дар васфи Зан-Модар пешкаши ҳозирин гардонида шуд.