НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » МЕРОСИ НИЁГОН ДАР ФАЗОИ ВАҲДАТ: ОСОРХОНАИ НАВ ВА ХОНА - МУЗЕЙИ МАВЛОНО
июль 01 2025

МЕРОСИ НИЁГОН ДАР ФАЗОИ ВАҲДАТ: ОСОРХОНАИ НАВ ВА ХОНА - МУЗЕЙИ МАВЛОНО

               МЕРОСИ НИЁГОН ДАР ФАЗОИ ВАҲДАТ: ОСОРХОНАИ НАВ ВА ХОНА - МУЗЕЙИ МАВЛОНО

         Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ба туфайли Ваҳдати миллӣ, шоҳиди бозсозӣ ва эҳёи муассисаҳои фарҳангӣ гардид. Аз ҷумла, Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба як макони муҳими маърифат ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ табдил ёфт. Дар фазои соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, ки бо нури ваҳдату ҳамдилии миллӣ равшан аст, ҳар як гӯшаи Ватан шоҳиди тағйироти бунёдӣ ва пешравиҳои назаррас мебошад.

Яке аз чунин самтҳо, ки дар замони истиқлол ҷилои тоза гирифт, рушди соҳаи фарҳанг ва бахусус, осорхонаҳо мебошад. Дар ин радиф, Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳайси як маркази муҳими маърифатӣ ва таърихӣ, аз дурнамои пешрафтҳои замони истиқлол шаҳодат медиҳад.

 Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия бо тарҳу меъмории навсозишуда, бо таърихи маҳал ва суннатҳои мардумӣ обутоб гирифт. Ифтитоҳи расмии бинои нав ва таъсиси Хона-музейи Мавлоно дар маркази ноҳия, ин ҳама аз баракати сулҳ ва суботи комили миллӣ мебошад.

 Имрӯз, дар Осорхона 3614 намунаи нодири ёдгориҳои таърихӣ, аз қалъаҳои Ҳалевард, Золи Зар, Уртабуз 1 ва Уртабуз 2, ки аз ҷониби бостоншиносон дар натиҷаи корҳои ҳафриётӣ бозёфт гардидааст, инчунин ашёҳои рӯзгори мардумони қадим ва нигораҳои диққатҷалбкунанда дар гӯшаҳои махсус ба намоиш гузошта шудаанд.

 Ин макон як маркази омӯзиш ва омӯзгории таърих гардидааст, ки насли ҷавонро бо решаҳои худ ошно месозад. Бо назардошти афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳон, Осорхонаи ноҳия имрӯз яке аз нуқтаҳои муҳими хатсайри сайёҳии минтақа маҳсуб меёбад. Хусусан, Хона-музейи Мавлоно, ки бо санъати баланди меъморӣ ва муҳтавои бойи фарҳангӣ бунёд ёфтааст, меҳмонони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Бояд қайд намуд, ки дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 24 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 57 нафар дохилӣ аз Осорхонаи ноҳия ва Хона-музейи Мавлоно дидан намуданд. Ҳамзамон, бо пуштибонии мақомоти маҳаллӣ ва шарикони рушд, имкониятҳои техникиву методии осорхона низ такмил меёбанд. Семинару барномаҳои омӯзишӣ барои роҳбаладон, намоишҳои муваққатӣ ва дигар чорабиниҳо дар ин макон баргузор мегарданд.

Имсол мардуми кишвар 28-солагии Ваҳдати миллиро таҷлил менамоянд, санае, ки барои миллати тоҷик на танҳо рамзи сулҳу субот, балки оғози як марҳилаи нави рушди ҳамаҷониба мебошад. Ин ҳама дастовардҳо - аз сохтмони мактабу муассисаҳои фарҳангӣ то эҳёи анъанаву арзишҳои миллӣ самараи ҳамин ваҳдат аст. Дар остонаи таҷлили 28-солагии Ваҳдати миллӣ, ки барои мардуми тоҷик як санаи тақдирсоз ва фаромӯшнашаванда аст, нигоҳе ба чунин муассисаҳо аҳамияти хосса дорад.

 Ваҳдати миллӣ, ки пояҳои онро мардум бо ҷонфидоиву сабру таҳаммул бунёд намудаанд, имрӯз ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ руҳу равшании тоза бахшидааст. Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ низ дар ҳамин роҳи рушд яке аз намодҳои намоёни ин шукуфоӣ маҳсуб меёбад. Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар фазои ваҳдату ҳамдилии миллӣ бозсозӣ ва таҷдид шудааст, на танҳо ба наслҳои имрӯз дарси ифтихор аз гузашта аст, балки ба сайёҳон як сафари хотирмон ба дунёи таърихӣ ва маънавии тоҷикон маҳсуб меёбад.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 01 июль 2025 13:09
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 11
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031