НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » МУСОБИҚАИ ГӮШТИНИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
июль 01 2025

МУСОБИҚАИ ГӮШТИНИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

                             МУСОБИҚАИ ГӮШТИНИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

            Рӯзҳои 24-25 июни соли 2025 дар толори хусусии Сафар Баротов, ки дар Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгир аст, мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) бо ширкати варзишгарони наврас баргузор гардид.

Ин чорабинӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия ташкил ва дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дар мусобиқа зиёда аз 80 нафар варзишгарони наврасе, ки солҳои таваллудашон 2011-2013 мебошанд ва дар мактаби варзишии ноҳия тамрин мекунанд, ширкат варзиданд.

Варзишгарон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва муҳаббат ба фарҳанги миллӣ ба сабқат баромаданд. Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон ва беҳтарин иштирокчиён бо Диплом ва медалҳои ифтихории Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳои варзишӣ ҳадафҳои муҳим доранд: -тарғиб ва рушди гӯштини миллӣ миёни наврасону ҷавонон; -ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари наврасон ба варзиш, хусусан дар мавсими таътили тобистона; -пешгирии падидаҳои номатлуб ба монанди ҷинояткорӣ, нашъамандӣ ва дигар хатариҳои иҷтимоӣ дар миёни наврасону ҷавонон; -кашф ва муайянсозии варзишгарони боистеъдод барои иштирок дар чорабиниҳои минбаъдаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ. Баргузории чунин мусобиқаҳо барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва рушди тарбияи ҷисмонӣ миёни насли наврас заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 01 июль 2025 13:06
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 10
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
28 декабрь 2023
Асосӣ / Фарҳанг
ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ

ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ МАКТАБИ ВАРЗИШИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031