НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА НАМОИШГОҲИ САЙЁҲӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ХАТЛОН-ДИЛИ ГАРМИ САЙЁҲӢ" ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
июнь 30 2025

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА НАМОИШГОҲИ САЙЁҲӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ХАТЛОН-ДИЛИ ГАРМИ САЙЁҲӢ" ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА НАМОИШГОҲИ САЙЁҲӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ХАТЛОН-ДИЛИ ГАРМИ САЙЁҲӢ" ДАР                                                                                  ШАҲРИ КӮЛОБ

         Таърихи 20 июни соли 2025 дар шаҳри Кӯлоб форуми байналмилалӣ ва намоишгоҳи сайёҳӣ таҳти унвони “Хатлон - дили гарми сайёҳӣ” бо ҳадафи муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон, ҷалби сармоя ба инфрасохтор ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар асоси сиёсати давлатии пешбурди соҳаи сайёҳӣ ва дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди сайёҳӣ то соли 2030 роҳандозӣ шуд. Дар ин ҳамоиш намояндагони ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо, роҳбарияти вилояти Хатлон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, ширкатҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд. Қисмате аз меҳмонон аз кишварҳои ҳамсоя ва дигар давлатҳои шарик дар соҳаи сайёҳӣ ташриф оварданд. Фаъолияти форуми мазкур бо баргузории намоишгоҳи вижа оғоз ёфт, ки дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.

 Дар он имкониятҳои сайёҳии 25 шаҳру ноҳияи Хатлон, маҳсулоти ҳунармандон, намоишҳои анъанавӣ, шароити минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва хизматрасониҳои ширкатҳои сайёҳӣ ба таври васеъ муаррифӣ шуданд. Бояд зикр дошт, ки дар ин рӯз дар баробари дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нигораҳои Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ барои меҳмонони дохилию хориҷӣ ба намоиш гузошта шуд.

Баъдан, қисмати расмии форум дар толори донишгоҳ оғоз гардида, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид сухани ифтитоҳӣ ироа намуд. Ӯ ба аҳамияти рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар таъкид намуда, баргузории чунин ҳамоишҳоро нишонаи муҳими таваҷҷуҳи афзояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон арзёбӣ кард. Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

 Дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ низ мақоми сайёҳӣ дар таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва муаррифии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ таъкид гардидааст. Вилояти Хатлон бо захираҳои фаровони табиӣ, таърихиву фарҳангӣ ва иқлими мусоид барои сайёҳии табиӣ, экологӣ, таърихӣ, тиббӣ, кӯҳнавардӣ ва шикорӣ дорои имкониятҳои хос мебошад. Қалъаи Ҳулбук, Ҳалевард, Золи Зар, Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Бешаи Палангон ва дигар ёдгориҳо дар харитаи мероси фарҳангии кишвар ҷойгоҳи махсус доранд. Инчунин мавзеъҳои зебои табиӣ, аз ҷумла “Чилучорчашма”, “Сари Хосор”, “Дашти Ҷум” ва “Хуталон”, парваришгоҳҳо ва мамнуъгоҳҳо барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ муҳити мусоиди фароғатӣ фароҳам меоранд.

 Форуми “Хатлон - дили гарми сайёҳӣ” инчунин платформаи муҳиме барои табодули афкор, шиносоии ширкатҳои соҳа ва таҳияи стратегияҳои нави ҳамкорӣ ба ҳисоб меравад. Баргузории чунин ҳамоишҳо ба ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар рушди инфрасохтори сайёҳӣ мусоидат менамояд. Дар доираи форум, иштирокчиён дар се бахши мавзӯӣ - сармоягузорӣ ва навоварӣ дар инфрасохтори сайёҳӣ, сайёҳии тиббӣ, солимгардонӣ: имкониятҳо ва рушди устувор , фарҳанги креативӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: василаи муаррифии Хатлон фаъолият намуданд.

 Дар идомаи форум намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва коршиносони дигар кишварҳо низ суханронӣ карданд. Онҳо пешниҳодҳои муфиде ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои мутақобила ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар соҳаи сайёҳӣ ироа намуданд. Дар маҷмуъ, баргузории чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон, дар арсаи сайёҳии минтақа ва ҷаҳон заминаи устувор фароҳам меорад.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 30 июнь 2025 15:20
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 6
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031