ҶАШНИ ҲАМДИЛӢ ВА ТАРАННУМИ СУЛҲ
Таърихи 27 июни соли 2025 дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни муқаддасу сарнавиштсози Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Чорабиниро раиси ноҳия ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони ноҳияро бо фарорасии ин рӯзи таърихии миллат - Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфт.
Дар суханронии худ Холиқзода Рустам Ҳикматулло аз мақому аҳаммияти бузурги Ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз бо шарофати ин ваҳдати саросарӣ, миллати тоҷик тавонист аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба кишвар хатари нобудӣ таҳдид мекард, раҳо ёбад ва Тоҷикистони азизро ба давлати соҳибистиқлол, муттаҳид, дорои иқтисоди пешрафта, инфрасохтори рушдёбанда ва фарҳанги ғании миллӣ табдил диҳад.
Раиси ноҳия зикр кард, ки имрӯз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самараҳои Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии мамлакат бархӯрдор мебошад. Ӯ илова намуд, ки таъмини сулҳу субот, оромӣ ва пойдории ваҳдати муқаддас пеш аз ҳама натиҷаи заҳматҳои беандоза ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Раиси ноҳия ҳамчунин таъкид кард, ки санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол чун рӯзе пурифтихор ва тақдирсоз сабт гардидааст. Ин рӯз ҳамчун рамзи оштии миллӣ, ваҳдати ҷовидона ва иттиҳоди фарзандони Ватан ба саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин ворид шудааст. Дар идомаи чорабинӣ, ба як қатор роҳбарон ва кормандони фаъолу шоистаи ташкилоту муассисаҳои ноҳия, ки дар пешрафти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия саҳми назаррас гузоштаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардида, ба ҳар як ғолиб мукофотпулӣ супорида шуд. Чорабинии идона бо барномаи ҷолиби консертӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия иҷро гардида, суруду таронаҳои ватандӯстона, шеъру оҳангҳои тараннуми сулҳу ваҳдат, муҳаббат ба Ватан ва меҳри модар фазои толорро пур аз эҳсоси ифтихор ва шодмонӣ гардониданд. Маҳфили идона дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу суботи пойдор анҷом ёфт.