ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» |
ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» Санаи 15 майи соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки Қосимзода Шералӣ -раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Давлатов Хайрулло -директори муассисаи давлатии театри вилоятии шаҳри Бохтар, Усмонова Моҳира -омӯзгори мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар, Боймуродов Саидмурод -мудири дафтари методии мактабҳои санъат ва мусиқии назди Раёсати фарҳангии вилояти Хатлон, Ризоев Муҳаммад -роҳбари маркази илмӣ - фарҳангии назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, ва Латифзода Насиба -мудири бахши фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» аз тарафи бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз синни 12 то 17 сола ва аз 18 то 40 сола баргузор гардида ва аз рӯйи 4 номинатсия иштирок намуданд. Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати касбӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидани ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷик мебошанд, гузаронида мешавад. Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг, асарҳои мусиқӣ ва санъати тасвирӣ, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон, табиати зебоманзари Тоҷикистон ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад. Пас аз анҷоми озмуни мазкур ғолибон ба даври вилояти роҳхат ёфтанд.
Баргаштан |
17-05-2023, 13:22 |