НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Иҷтимоъ » Фарҳанг » ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»
май 17 2023

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

                                    ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»       

   Санаи 15 майи соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки Қосимзода Шералӣ -раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Давлатов Хайрулло -директори муассисаи давлатии театри вилоятии шаҳри Бохтар, Усмонова Моҳира -омӯзгори мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар, Боймуродов Саидмурод -мудири дафтари методии мактабҳои санъат ва мусиқии назди Раёсати фарҳангии вилояти Хатлон, Ризоев Муҳаммад -роҳбари маркази илмӣ - фарҳангии назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, ва Латифзода Насиба -мудири бахши фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» аз тарафи бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз синни 12 то 17 сола ва аз 18 то 40 сола баргузор гардида ва аз рӯйи 4 номинатсия иштирок намуданд.                   Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати касбӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидани ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷик мебошанд, гузаронида мешавад. Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг, асарҳои мусиқӣ ва санъати тасвирӣ, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон, табиати зебоманзари Тоҷикистон ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад. Пас аз анҷоми озмуни мазкур ғолибон ба даври вилояти роҳхат ёфтанд.

 

                                                                                                                                                      

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
10 май 2023
Фарҳанг
КОНСЕРТИ ҲИСОБОТИИ

КОНСЕРТИ ҲИСОБОТИИ МАКТАБИ САНЪАТИ БАЧАГОНАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 1 майи соли 2023 дар толори Қасри

Маълумоти бештар
06 октябрь 2022
Маориф
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАВЛОНО ВА

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАВЛОНО ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи

Маълумоти бештар
03 апрель 2023
Асосӣ
ИТТИЛОИЯ ДАР БОРАИ

ИТТИЛОИЯ ДАР БОРАИ ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ Санаи 30

Маълумоти бештар
03 апрель 2023
Фарҳанг
-- ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» Ҷаласаи комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар ноҳияи

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30