НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Иҷтимоъ » Фарҳанг » -- ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»
апрель 03 2023

-- ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

   ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» Ҷаласаи комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои соли 2023 таҳти раёсати намояндагон муовини якуми раиси ноҳия Холиқзода Рустам, барои муайян намудани ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» аз рӯи номинатсияҳои пешниҳодгардида дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид. Холиқзода Рустам, раиси комиссияи ноҳиявӣ иброз намуд, ки тибқи талаботҳои Низомномаи озмун ба Комиссияи озмун номзадии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз рӯи номинатсияҳои гуногун пешниҳод шудааст. Қайд карда шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини ноҳия, ободу зебо намудани ҳар як хона, кӯча, деҳа, маҳалла ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия озмуни «Сайри гули Лола» гузаронида мешавад. Эмомализода Баҳовиддин, котиби Комиссияи озмун, қайд намуд, ки вобаста ба иҷрои банди 5-и нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 «Дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳо, анъана, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, тозагии муҳити зист ва бунёд намудани гулгаштҳо дар маркази ноҳия, Ҷамоати шаҳраки Балх чораҳои амалӣ андешида шуда, бо таҷлили ҳамаҷонибаи аъзои Комиссияи ноҳиявӣ оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои соли 2023 дастовардҳои сокинони Ҷамоати шаҳраки Балх ва Ҷамоати деҳоти Навобод аз рӯи номинатсияи шаҳрак ва деҳот беҳтар арзёбӣ карда шуданд. Дар ноҳия дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ оид ба ободу зебо гардонидани саҳни идораву ташкилот ва кӯчаву маҳалҳо корҳои ободонию созандагӣ ташкил гардида, рӯзҳои шанбе дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо корҳои ободонӣ, гулшинонӣ ва дарахтшинонӣ баргузор шуда истодааст. Дар ин давра дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҳамагӣ гулу гулбуттаҳо 311045 дона, аз он ҷумла 8750 гули лола шинонида шудааст. Дар Ҷамоати шаҳраки Балх 2500 дона гули лола ва Ҷамоати деҳоти Навобод 3000 дона гули лола, шинонида шудааст. Аз тарафи Комиссияи ноњиявӣ оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, гулу гулзоркунии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои марбут буда, ки дар аксари онҳо гулгаштҳо ҷойгир мебошанд, баҳои воқеъбинона дода шуд. Дар марҳилаи ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои соли 2023 Ҷамоати шаҳраки Балх, Ҷамоати деҳоти Навобод, Гулгашти Балхӣ, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Умари Хайём, гулпарвари беҳтарин Ҳусанова Мавҷуда Абдулаҳатовна аз Ҷамоати деҳоти Золи Зар, деҳаи беҳтарин деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти Золи Зар ва маҳаллаи беҳтарин маҳаллаи Зарводии Ҷамоати деҳоти Навоӣ сазовори ҷойи якум дониста шуда, барои баррасӣ ба Коммисияи озмуни вилоятӣ пешниҳод карда шудааст. "НАВИДИ БАЛХ"

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
12 январь 2023
Асосӣ
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2022 Санаи 6 январи соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
12 январь 2023
Асосӣ
ДАСТОВАРДИ НАВБАТӢ ДАР

ДАСТОВАРДИ НАВБАТӢ ДАР НОҲИЯ Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии

Маълумоти бештар
08 февраль 2023
Асосӣ
МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ

МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ НАЗДИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 2 феврали соли 2023 сол дар толори бинои

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930