ЗАБОНИ ТОҶИКӢ - МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. |
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ - МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ Аз овони хурдӣ то давраи пиронсолӣ ҳаёти инсон бо забон алоқаманд мебошад. Тифл сухан гуфта наметавонад, вале ӯ садои аллаи модар, инчунин нақли афсонаи бибияшро дарк намуда, гӯш медиҳад. Ҳама корҳое, ки мову шумо дар рӯйи замин анҷом медиҳем, ин ҳама бо воситаи забон ба вуқуъ мепайвандад. Забон воситаи муоширати инсон дар ҷамеа аст. Дар баробари ташаккулёбии ҷомеа забон низ ташаккул меёбад. Бе донистани забон, илм, техника, касбу ҳунарҳо ва умуман, пешрафти фарҳанги башарият ғайри имкон аст. Дар баробари донистани забон, ҳар як соҳибзабон бояд маънои луғавии онро хуб дарк намуда, ҳангоми истифодабарӣ қоидаҳои имлои забони давлатиро риоя намояд. Воқеан ҳам, бузургии забон ҳамин аст, ки мо имрӯз халқи тоҷик забони бузурги худро дорем ва олимону мутуфаккирони машҳурамон ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Камоли Хуҷандӣ дар эҷодиёташон нишон додаанд, ки миллату забони мо фарҳангӣ буда, дар ҳама ҳолат ҳувияти илмиву адабии худро нигаҳ медорад. Бо ифтихор ва сарбаландӣ мо метавонем гуфт, ки забони мо дар арсаи ҷаҳон шӯҳрату манзалати худро дорад ва аҳли олам миллати моро бо номи «Тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «Забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд. Ҳамин аст, ки мо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро санаи 5 октябри соли 2009 таҳти №553 қабул намуда, ҳамасола Рӯзи забони давлатиро бо ифтихор ҷашн мегирем. Ифтихору сарбаландист, ки забони тҷикӣ мояи ифтихори миллат ва ҳастии онро муқтадир менамояд. Зуҳро АТАБАЕВА, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Баргаштан |
16-10-2023, 08:01 |