НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ЗАБОНИ ТОҶИКӢ - МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ.
октябрь 16 2023

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ - МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ.

                                                     ЗАБОНИ ТОҶИКӢ - МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

         Аз овони хурдӣ то давраи пиронсолӣ ҳаёти инсон бо забон алоқаманд мебошад. Тифл сухан гуфта наметавонад, вале ӯ садои аллаи модар, инчунин нақли афсонаи бибияшро дарк намуда, гӯш медиҳад. Ҳама корҳое, ки мову шумо дар рӯйи замин анҷом медиҳем, ин ҳама бо воситаи забон ба вуқуъ мепайвандад. Забон воситаи муоширати инсон дар ҷамеа аст. Дар баробари ташаккулёбии ҷомеа забон низ ташаккул меёбад. Бе донистани забон, илм, техника, касбу ҳунарҳо ва умуман, пешрафти фарҳанги башарият ғайри имкон аст. Дар баробари донистани забон, ҳар як соҳибзабон бояд маънои луғавии онро хуб дарк намуда, ҳангоми истифодабарӣ қоидаҳои имлои забони давлатиро риоя намояд. Воқеан ҳам, бузургии забон ҳамин аст, ки мо имрӯз халқи тоҷик забони бузурги худро дорем ва олимону мутуфаккирони машҳурамон ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Камоли Хуҷандӣ дар эҷодиёташон нишон додаанд, ки миллату забони мо фарҳангӣ буда, дар ҳама ҳолат ҳувияти илмиву адабии худро нигаҳ медорад. Бо ифтихор ва сарбаландӣ мо метавонем гуфт, ки забони мо дар арсаи ҷаҳон шӯҳрату манзалати худро дорад ва аҳли олам миллати моро бо номи «Тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «Забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд. Ҳамин аст, ки мо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро санаи 5 октябри соли 2009 таҳти №553 қабул намуда, ҳамасола Рӯзи забони давлатиро бо ифтихор ҷашн мегирем. Ифтихору сарбаландист, ки забони тҷикӣ мояи ифтихори миллат ва ҳастии онро муқтадир менамояд. Зуҳро АТАБАЕВА, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар
21 февраль 2023
Асосӣ
ЧАНД АНДЕША ОИДИ

ЧАНД АНДЕША ОИДИ НИГОШТАҲОИ ПРОФЕССОР С. ЯТИМОВ ДАР МАВЗУИ «ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД» Баъд аз нашр шудани

Маълумоти бештар
25 сентябрь 2023
Асосӣ / Фарҳанг
ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА

ЧОРАБИН Ӣ БАХШИДА БА «Р Ӯ ЗИ Р Ӯ ДАК Ӣ » «Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930