БАРГУЗОРИИ «РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ»


                                        БАРГУЗОРИИ «РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ»

     Бо мақсади омӯзиши ҳайати омӯзгорон ва хонандагон оид ба мудофиаи гражданӣ санаи 15 апрели соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабиниҳои таълимӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ намояндагони бахши ҳолатҳои фавқулода дар ноҳия ва шуъбаи маориф иштирок доштанд. Чорабинии мазкур бо мақсади эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳайати омӯзгорону хонандагон ҳангоми сар задани онҳо баргузор карда шуд. Ҳамзамон дар ин рӯз дарсҳои кушод доир ба мавзӯъҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми рух додан, усулҳои муҳофизати ҳайъат ва ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ташкил карда шуданд. Тибқи сенария чорабинии таълимӣ бо садо додани бонги хатар хонандагон ва омӯзгорон ба ҷойҳои бехавфи саҳни муассиса баромаданд. Гурӯҳҳои наҷот тибқи дастурамал чорабиниҳои лозима, аз ҷумла хабардорсозӣ, наҷот додани зарардидагон, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба зарардидагон, хомӯш намудани сӯхтор ва дигар ҳолатҳои ба вуқӯъ омадаро ба анҷом расониданд. Дар рафти тамринҳо гурӯҳҳои ёрирасон аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ба хубӣ баромаданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиёни фаъол аз тарафи бахши ҳолатҳои фавқулода ва шуъбаи маорифи ноҳия бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

 

  


Баргаштан
16-04-2024, 13:33