НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » БАРГУЗОРИИ «РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ»
апрель 16 2024

БАРГУЗОРИИ «РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ»

                                        БАРГУЗОРИИ «РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ»

     Бо мақсади омӯзиши ҳайати омӯзгорон ва хонандагон оид ба мудофиаи гражданӣ санаи 15 апрели соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабиниҳои таълимӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ намояндагони бахши ҳолатҳои фавқулода дар ноҳия ва шуъбаи маориф иштирок доштанд. Чорабинии мазкур бо мақсади эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳайати омӯзгорону хонандагон ҳангоми сар задани онҳо баргузор карда шуд. Ҳамзамон дар ин рӯз дарсҳои кушод доир ба мавзӯъҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми рух додан, усулҳои муҳофизати ҳайъат ва ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ташкил карда шуданд. Тибқи сенария чорабинии таълимӣ бо садо додани бонги хатар хонандагон ва омӯзгорон ба ҷойҳои бехавфи саҳни муассиса баромаданд. Гурӯҳҳои наҷот тибқи дастурамал чорабиниҳои лозима, аз ҷумла хабардорсозӣ, наҷот додани зарардидагон, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба зарардидагон, хомӯш намудани сӯхтор ва дигар ҳолатҳои ба вуқӯъ омадаро ба анҷом расониданд. Дар рафти тамринҳо гурӯҳҳои ёрирасон аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ба хубӣ баромаданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиёни фаъол аз тарафи бахши ҳолатҳои фавқулода ва шуъбаи маорифи ноҳия бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

 

  

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
09 апрель 2024
Асосӣ / Маориф / Фарҳанг / Мақомоти иҷроия
СОЛИ 2024 - ҲАМЧУН «СОЛИ

СОЛИ 2024 - ҲАМЧУН «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои муштараки сохторҳои дахлдори

Маълумоти бештар
16 октябрь 2023
Асосӣ
13 ОКТЯБР - РӮЗИ

13 ОКТЯБР - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ Санаи 13 октябр соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти

Маълумоти бештар
24 июль 2023
Асосӣ / Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ВАТАНРО ТАНҲО ХУДИ МО

ВАТАНРО ТАНҲО ХУДИ МО ҲИМОЯТГАРЕМ! Дар асоси фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Маориф
ВОХӮРИҲОИ МУФИД ОИД БА

ВОХ Ӯ РИ Ҳ ОИ МУФИД ОИД БА ПЕШГИРИИ Ҷ АВОНОН АЗ ГУР ӮҲҲ ОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ Тибқи нақшаи кории Мақомоти

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30