ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА ҶОМЕА. |
ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА ҶОМЕА Рӯзи 26 апрели соли 2024 таҳти роҳбарии прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Собирзода И.М дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, вохӯрии судманд бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо, масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, сокинони қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандии ноҳия баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур, муовини сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия подполковники милитсия Абосзода Ф.И., сардори нозироти андоз дар ноҳия Раҳматшоев С.Р., сардори дидбонгоҳи гумрукии «Колхозобод»-и ноҳия Сафарзода С.Р., иҷрочии калони хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Юсуфов Ф. вобаста ба хатари терроризм ва экстремизм ба ҷомеа, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва дигар масъалаҳои доғи рӯз баромадҳо намуда ба саҳми сокинон расониданд. Дар ҷаласаи мазкур, порокурори ноҳия Собирзода И.М. баромад намуда, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлоли давлатиро арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик» дар замони муосир шумурдаанд. Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Бинобар ин ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ зарур аст, ки Истиқлоли давлатиро, ки арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик мебошад аз ҳама гуна амалу хатарҳои фоҷеъабор хусусан, терроризм ва экстремизм нигоҳ доранд ва ҷиҳати пешгирии ин амалҳои ғайриқонунии гурӯҳҳои ифротӣ, чораҳои амалӣ андешанд. Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки Ислом анҷом дода мешавад, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд. Дар ин замина, муовини раиси ноҳия Сангализода Қумриниссо иброз намуданд, ки қатлу куштор ва аз дасти гурӯҳҳои ифротгаро ҳалок гардидани мардуми осоишта, бахусус занону кӯдакон гувоҳи он аст, ки аъзои ташкилоти террористӣ ва равияҳои тундрав ба касе раҳму шавқат надоранд ва онҳо қодиранд барои амалӣ сохтани ҳадафу мароми нопок ва душманонаи худ роҳу усулҳои ҷоҳилона ва сангинро алайҳи мардуми бегуноҳ истифода намоянд. Агар шабеҳи як ифротгаро ё террористро тасвир карданӣ шавем, пас надоштани саводи комили динӣ, зоҳирӣ ва сахтгирона фаҳмидани меъёрҳо ва мафҳумҳои динӣ, танҳо эътирофи фаҳмиши сатҳии худ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рангу шакли либос, тарзи ҷунбонидани ангушт дар намоз, андозаи риш, ҳукми ин ё он хӯрока, маҳдудсозии нақши занон, муҳокимаи рафтори дигарон ҷиҳатҳои хоси ӯ хоҳад буд. Прокурори ноҳия дар охири ҷаласаи мазкур изҳор дошт, ки аҳли ҷамоатчигӣ ба масъалаи мазкур диққати хосса зоҳир намуда, ба тақдири ҷавонон бетафовутӣ накарда, барои дар роҳи рост ҳидоят намудани онҳо тамоми чораҳоро меандешанд.
Баргаштан |
29-04-2024, 08:52 |