НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА ҶОМЕА.
апрель 29 2024

ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА ҶОМЕА.

                                               ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА ҶОМЕА

    Рӯзи 26 апрели соли 2024 таҳти роҳбарии прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Собирзода И.М дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, вохӯрии судманд бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо, масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, сокинони қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандии ноҳия баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур, муовини сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия подполковники милитсия Абосзода Ф.И., сардори нозироти андоз дар ноҳия Раҳматшоев С.Р., сардори дидбонгоҳи гумрукии «Колхозобод»-и ноҳия Сафарзода С.Р., иҷрочии калони хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Юсуфов Ф. вобаста ба хатари терроризм ва экстремизм ба ҷомеа, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва дигар масъалаҳои доғи рӯз баромадҳо намуда ба саҳми сокинон расониданд. Дар ҷаласаи мазкур, порокурори ноҳия Собирзода И.М. баромад намуда, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлоли давлатиро арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик» дар замони муосир шумурдаанд.

   Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Бинобар ин ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ зарур аст, ки Истиқлоли давлатиро, ки арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик мебошад аз ҳама гуна амалу хатарҳои фоҷеъабор хусусан, терроризм ва экстремизм нигоҳ доранд ва ҷиҳати пешгирии ин амалҳои ғайриқонунии гурӯҳҳои ифротӣ, чораҳои амалӣ андешанд. Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки Ислом анҷом дода мешавад, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд. Дар ин замина, муовини раиси ноҳия Сангализода Қумриниссо иброз намуданд, ки қатлу куштор ва аз дасти гурӯҳҳои ифротгаро ҳалок гардидани мардуми осоишта, бахусус занону кӯдакон гувоҳи он аст, ки аъзои ташкилоти террористӣ ва равияҳои тундрав ба касе раҳму шавқат надоранд ва онҳо қодиранд барои амалӣ сохтани ҳадафу мароми нопок ва душманонаи худ роҳу усулҳои ҷоҳилона ва сангинро алайҳи мардуми бегуноҳ истифода намоянд. Агар шабеҳи як ифротгаро ё террористро тасвир карданӣ шавем, пас надоштани саводи комили динӣ, зоҳирӣ ва сахтгирона фаҳмидани меъёрҳо ва мафҳумҳои динӣ, танҳо эътирофи фаҳмиши сатҳии худ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рангу шакли либос, тарзи ҷунбонидани ангушт дар намоз, андозаи риш, ҳукми ин ё он хӯрока, маҳдудсозии нақши занон, муҳокимаи рафтори дигарон ҷиҳатҳои хоси ӯ хоҳад буд. Прокурори ноҳия дар охири ҷаласаи мазкур изҳор дошт, ки аҳли ҷамоатчигӣ ба масъалаи мазкур диққати хосса зоҳир намуда, ба тақдири ҷавонон бетафовутӣ накарда, барои дар роҳи рост ҳидоят намудани онҳо тамоми чораҳоро меандешанд.

 

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар
08 февраль 2023
Асосӣ
МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ

МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ НАЗДИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 2 феврали соли 2023 сол дар толори бинои

Маълумоти бештар
15 ноябрь 2022
Асосӣ
10 НОЯБР – РӮЗИ

10 НОЯБР – Р Ӯ ЗИ МИЛИТСИЯИ ТО Ҷ ИК Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар

Маълумоти бештар
17 июль 2023
Асосӣ
ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯРО ДОИР

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 

Серхонанда