НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » 10 НОЯБР – РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК!
ноябрь 15 2022

10 НОЯБР – РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК!

                                         10 НОЯБР – РӮЗИМИЛИТСИЯИТОҶИК

 Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил карда мешавад. Дар ҳақиқат, кормандони милитсия баҳри тинҷиву осоиштагӣ ва амнияти сартосарии мамлакат ба таври шабонарӯзӣ хизмат менамоянд. Имрӯз аз ҷониби Роҳбарияти мамлакат баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандони милитсия ва баланд бардоштани имкониятҳои иҷтимоии онҳо тамоми чораҳо андешида мешаванд. Кормандони ин ниҳоди боэътимоди давлат дар навбати худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба халқу ватани хеш содиқона хизмат намоянд. Маҳз ҳамин хизмати софдилонаи онҳост, ки имрӯз сокинон дар симои корманди милитсия ҳомии худро мебинанд. Полковники милитсия Нурализода Суҳроб Ғулом аз ҷумлаи он нафароне мебошад, ки баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояткорӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ саҳм мегузорад. Номбурда санаи 25 августи соли 1976 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, хатмкардаи Мактаби Олии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хатмкардаи факултаи роҳбарикунандаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2015-2018 мебошад. Ӯ аз соли 1994 то соли 1998 ваколатдори оперативии Шуъбаи корҳои ҷиноии Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Зафаробод фаъолияти пурсамар намудааст. Сипас ба ҳайси ваколатдори калони Шуъбаи корҳои ҷиноии ШВКД дар шаҳри Бохтар ва баъдан ваколатдори калони оперативии шуъбаи муборизаи зидди ҷиноятҳои иқтисодии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, ҳамчунин сардори Шуъбаи корҳои ҷиноии ШВКД-и ноҳияи Қубодиён, баъдан сардори Шуъбаи корҳои ҷиноии ШВКД дар шаҳри Бохтар, ҳамзамон сардори Шуъбаи корҳои ҷиноии ШВКД-и ноҳияи Данғара ва муовини аввали ШВКД-и ноҳияи Кӯшониён адои вазифа намудааст. Нурализода Суҳроб Ғулом аз соли 2012 инҷониб масъулияти сардори ШВКД-и ноҳияи Темурмалик, инчунин сардори ШВКД дар шаҳри Роғун, сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав ва аз соли 2017 то соли 2021 муовини Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар душ дошт. Номбурда аз 10-уми марти соли 2021 то инҷониб дар вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ адои хизмат намуда истодааст. Оиладор соҳиби 4 фарзанд, 3 писар ва як духтар мебошад. Ӯ иброз медорад, ки вазифаи аввалиндараҷаи корманди милитсия таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияту субот дар ҷомеа, муборизаи беамон бурдан ба муқобили ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, қочоқи маводи нашъадор ва пешгирии дигар омилҳои номатлуб мебошад. Нурализода Суҳроб дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки агар хоҳем озод бошем, бояд, ки ғуломи қонун бошем. Яъне қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоем. Махсусан баҳри иҷрои ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба хотири пешрафту тараққиёт ва оромиву осудагии сокинони кишвар қабул гардидаанд, масъулияти дучанд ҳис намоем. -Хушбахтона, бо шарофати роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯ ва эътибори Ватани азизамон-Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд гардидааст ва имрӯз ҷумҳурии мо дар сафи пеши мубориза бо терроризми байналмилалӣ қарор дорад. Бо истифода аз фурсати муносиб ва аз натиҷаҳои пурсамари ин ҳамкориҳо дар самти пойдории сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу амният ва пешгирӣ аз ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо ёдовар шуда, ҳамаи кормандони милитсияи ноҳияро ба муносибати иди ҷашни касбиашон-Рӯзи милитсияи тоҷик табрик намуда, ба кулли ҳайати шахсӣ ва кормандони ШВКД-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ саломатӣ ва комёбиҳо дар фаъолияти хизматиашон таманно менамоям, - иброз намуд Нурализода Суҳроб Ғулом. Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.  Навиди Балх

 

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: Атабаева Зуҳро
  • Санаи нашр: 15 ноябрь 2022 06:49
  • Категорияи нашр: Асосӣ
  • Шумораи диди нашр: 1 043
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

26 сентябрь 2022
Асосӣ
ДАР АТРОФИ ПЕШВОИ

ДАР АТРОФИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУТТАҲИД БОШЕМ! Кормандони Ҷамоати шаҳраки Балх ҳамарӯза баҳри тинҷиву

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Асосӣ
ВОХӮРИИ СУДМАНД

ВОХ Ӯ РИИ СУДМАНД Санаи 18-уми октябри соли 2022 тибқи нақша-чорабиниҳои Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Маълумоти бештар
20 октябрь 2022
Асосӣ
МО БАРОИ ҲИМОЯИ ВАТАНИ

МО БАРОИ Ҳ ИМОЯИ ВАТАНИ АЗИЗАМОН Ҳ АМЕША ТАЙЁР Ҳ АСТЕМ ! Тибқи нақша-чорабиниҳои Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 

Серхонанда