10 НОЯБР – РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК! |
10 НОЯБР – РӮЗИМИЛИТСИЯИТОҶИК Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил карда мешавад. Дар ҳақиқат, кормандони милитсия баҳри тинҷиву осоиштагӣ ва амнияти сартосарии мамлакат ба таври шабонарӯзӣ хизмат менамоянд. Имрӯз аз ҷониби Роҳбарияти мамлакат баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандони милитсия ва баланд бардоштани имкониятҳои иҷтимоии онҳо тамоми чораҳо андешида мешаванд. Кормандони ин ниҳоди боэътимоди давлат дар навбати худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба халқу ватани хеш содиқона хизмат намоянд. Маҳз ҳамин хизмати софдилонаи онҳост, ки имрӯз сокинон дар симои корманди милитсия ҳомии худро мебинанд. Полковники милитсия Нурализода Суҳроб Ғулом аз ҷумлаи он нафароне мебошад, ки баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояткорӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ саҳм мегузорад. Номбурда санаи 25 августи соли 1976 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, хатмкардаи Мактаби Олии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хатмкардаи факултаи роҳбарикунандаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2015-2018 мебошад. Ӯ аз соли 1994 то соли 1998 ваколатдори оперативии Шуъбаи корҳои ҷиноии Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Зафаробод фаъолияти пурсамар намудааст. Сипас ба ҳайси ваколатдори калони Шуъбаи корҳои ҷиноии ШВКД дар шаҳри Бохтар ва баъдан ваколатдори калони оперативии шуъбаи муборизаи зидди ҷиноятҳои иқтисодии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, ҳамчунин сардори Шуъбаи корҳои ҷиноии ШВКД-и ноҳияи Қубодиён, баъдан сардори Шуъбаи корҳои ҷиноии ШВКД дар шаҳри Бохтар, ҳамзамон сардори Шуъбаи корҳои ҷиноии ШВКД-и ноҳияи Данғара ва муовини аввали ШВКД-и ноҳияи Кӯшониён адои вазифа намудааст. Нурализода Суҳроб Ғулом аз соли 2012 инҷониб масъулияти сардори ШВКД-и ноҳияи Темурмалик, инчунин сардори ШВКД дар шаҳри Роғун, сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав ва аз соли 2017 то соли 2021 муовини Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар душ дошт. Номбурда аз 10-уми марти соли 2021 то инҷониб дар вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ адои хизмат намуда истодааст. Оиладор соҳиби 4 фарзанд, 3 писар ва як духтар мебошад. Ӯ иброз медорад, ки вазифаи аввалиндараҷаи корманди милитсия таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияту субот дар ҷомеа, муборизаи беамон бурдан ба муқобили ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, қочоқи маводи нашъадор ва пешгирии дигар омилҳои номатлуб мебошад. Нурализода Суҳроб дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки агар хоҳем озод бошем, бояд, ки ғуломи қонун бошем. Яъне қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоем. Махсусан баҳри иҷрои ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба хотири пешрафту тараққиёт ва оромиву осудагии сокинони кишвар қабул гардидаанд, масъулияти дучанд ҳис намоем. -Хушбахтона, бо шарофати роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯ ва эътибори Ватани азизамон-Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд гардидааст ва имрӯз ҷумҳурии мо дар сафи пеши мубориза бо терроризми байналмилалӣ қарор дорад. Бо истифода аз фурсати муносиб ва аз натиҷаҳои пурсамари ин ҳамкориҳо дар самти пойдории сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу амният ва пешгирӣ аз ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо ёдовар шуда, ҳамаи кормандони милитсияи ноҳияро ба муносибати иди ҷашни касбиашон-Рӯзи милитсияи тоҷик табрик намуда, ба кулли ҳайати шахсӣ ва кормандони ШВКД-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ саломатӣ ва комёбиҳо дар фаъолияти хизматиашон таманно менамоям, - иброз намуд Нурализода Суҳроб Ғулом. Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. Навиди Балх
Баргаштан |
15-11-2022, 06:49 |