28 МАЙ - РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ .


        28 МАЙ - РӮЗИ ҚӮШУНҲОИСАРҲАДӢСанаи 28 майи соли 2024 дар

         Рӯзи таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дидбонгоҳи сарҳадии Қалъаи Файзободи Қисми ҳарбии 0306 РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маводи хӯрока аз қабили равған, шакар, намак, орд, биринҷ, маска, макарон, обҳои нӯшокӣ ва як адад телевизор кумак расонида шуд. Дар ин рӯз раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло аз ошхона, ҷойи хоб ва толори варзишии дидбонгоҳ дидан намуда, бо сарбозони қисми ҳарбии зикршуда вобаста ба таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар гардидани шароити хизмати сарбозон дар қисмҳои низомӣ ва дастгирии мунтазами онҳо суҳбат анҷом дод. Дар ин Дидбонгоҳи сарҳадӣ сарбозон аз гӯшаву канори мамлакат, хусусан аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ду нафар – Ҳамидов Умар ва Сайдалиев Давлатбек шарафмандона хизмат намуда, садоқату самимияти худро нисбат ба давлат ва арзишҳои миллӣ ба воситаи адои хизмати сазовор дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ифода менамоянд. Сарбозон ва роҳбарияти Дидбонгоҳ миннатдории бевоситаи худро ҷиҳати дастгирии доимӣ ба Ҳукумати мамлакат изҳор намуда, бо ифтихор баён доштанд, ки ба Ватан ва ба Пешвои муаззами миллат содиқанд. Ба сарбозони Дидбонгоҳи мазкур дастархони идона ороста шуда, баҳри фароғати онҳо барномаи фарҳангии ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пешниҳод гардид.

 


Баргаштан
30-05-2024, 08:59