НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » 28 МАЙ - РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ .
май 30 2024

28 МАЙ - РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ .

        28 МАЙ - РӮЗИ ҚӮШУНҲОИСАРҲАДӢСанаи 28 майи соли 2024 дар

         Рӯзи таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дидбонгоҳи сарҳадии Қалъаи Файзободи Қисми ҳарбии 0306 РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маводи хӯрока аз қабили равған, шакар, намак, орд, биринҷ, маска, макарон, обҳои нӯшокӣ ва як адад телевизор кумак расонида шуд. Дар ин рӯз раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло аз ошхона, ҷойи хоб ва толори варзишии дидбонгоҳ дидан намуда, бо сарбозони қисми ҳарбии зикршуда вобаста ба таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар гардидани шароити хизмати сарбозон дар қисмҳои низомӣ ва дастгирии мунтазами онҳо суҳбат анҷом дод. Дар ин Дидбонгоҳи сарҳадӣ сарбозон аз гӯшаву канори мамлакат, хусусан аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ду нафар – Ҳамидов Умар ва Сайдалиев Давлатбек шарафмандона хизмат намуда, садоқату самимияти худро нисбат ба давлат ва арзишҳои миллӣ ба воситаи адои хизмати сазовор дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ифода менамоянд. Сарбозон ва роҳбарияти Дидбонгоҳ миннатдории бевоситаи худро ҷиҳати дастгирии доимӣ ба Ҳукумати мамлакат изҳор намуда, бо ифтихор баён доштанд, ки ба Ватан ва ба Пешвои муаззами миллат содиқанд. Ба сарбозони Дидбонгоҳи мазкур дастархони идона ороста шуда, баҳри фароғати онҳо барномаи фарҳангии ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пешниҳод гардид.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
30 ноябрь 2022
Асосӣ
ВОХӮРӢ БО САРБОЗОН

ВОХ Ӯ Р Ӣ БО САРБОЗОН Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
27 декабрь 2022
Асосӣ
ИҚДОМИ НЕК ДАР АРАФАИ

ИҚДОМИ НЕК ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ Санаи 26 декабри соли равон дар арафаи Соли нави мелодии 2023 ба

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30