«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ПАДИДАИ НОДИР ВА БЕБАҲО» Таҳти ин унвон санаи 30 майи соли 2024 |
|
«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ПАДИДАИ НОДИР ВА БЕБАҲО» Таҳти ин унвон санаи 30 майи соли 2024 Яке аз унсурҳои маърифати ҳуқуқӣ риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор додани меъёрҳои қонунгузории кишвар аст. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрию суҳбатҳояшон оид ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар руҳияи ватандӯстӣ, баҳри пойдорию устувории Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, оилаи солиму фарзандони солеҳро асоси давлату миллати устувори солим арзёбӣ менамоянд. Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Ҳуқуқи инсон ин низоми муайяни қоидаҳое мебошад, ки шаъну шарафи ҳар як инсонро ҳимоя намуда, озодии онҳоро таъмин менамояд. Баромадкунандагон оид ба зиёд шудани ҷудошавии оилаҳо изҳори нигаронӣ намуда, зикр доштанд, ки солҳои охир нисбатан бекор гардидани ақди никоҳ, пош хӯрдани оила, бахусус оилаҳои ҷавон ба назар мерасад, ки дар натиҷа кӯдакон аз таъминот, таълиму тарбия, меҳру муҳаббат ва навозиши падару модар дур мондаанд, ки ин ба ҳолати руҳию ҷисмонӣ ва солимии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин радиф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2 августи соли 2011 ба тасвиб расида, барои боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд заминаҳои воқеӣ фароҳам овард. Волидайн вазифадор ҳастанд, ки ба рафтори фарзандонашон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро амалишавии ин ҳадаф дар нақши оила бузург буда, муҳити солим ва созандаи оилавӣ метавонад дар тарбияи ворисони содиқи Ватан саҳми босазо дошта бошад. Инчунин дар ин рӯз масъулин оид ба пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва гулшинонию сабзкорӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» андешаронӣ намуданд. Баргаштан |
| 31-05-2024, 13:15 |