НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » «МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ПАДИДАИ НОДИР ВА БЕБАҲО» Таҳти ин унвон санаи 30 майи соли 2024
май 31 2024

«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ПАДИДАИ НОДИР ВА БЕБАҲО» Таҳти ин унвон санаи 30 майи соли 2024

«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ПАДИДАИ НОДИР ВА БЕБАҲО» Таҳти ин унвон санаи 30 майи соли 2024

   Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси вазорати адлия Собирзода Исфандиёр Салом, устоди Донишкадаи такмили ихтисоси вазорати адлия Иброҳимзода Толибҷон, кормандони Донишкадаи такмили ихтисоси вазорати адлия Дустов Каромиддин, Ҳасанзода Саломиддин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибон ва раисони маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид. Мақсад аз вохӯрӣ оид ба эълон гардидани соли 2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ», баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, огоҳ намудан аз хавфу хатари шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои характери экстремистӣ-террористидошта унвон карда шуда, зикр гардид, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои характери экстремистӣ - террористидошта бетараф набошанд. Ҳамчунин меъёрҳои сабукидиҳандаи қонун шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Устодони Донишкада эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ»-ро падидаи нодир ва бебаҳо арзёбӣ намуда, қайд доштанд, ки маърифати баланди ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсир дорад, ки ба муттаҳидсозии шаҳрвандон, ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ин гуна ҷомеаро дастгирӣ намуда, дар он тартиботро нигоҳ медорад. 

  Яке аз унсурҳои маърифати ҳуқуқӣ риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор додани меъёрҳои қонунгузории кишвар аст. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрию суҳбатҳояшон оид ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар руҳияи ватандӯстӣ, баҳри пойдорию устувории Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, оилаи солиму фарзандони солеҳро асоси давлату миллати устувори солим арзёбӣ менамоянд. Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Ҳуқуқи инсон ин низоми муайяни қоидаҳое мебошад, ки шаъну шарафи ҳар як инсонро ҳимоя намуда, озодии онҳоро таъмин менамояд. Баромадкунандагон оид ба зиёд шудани ҷудошавии оилаҳо изҳори нигаронӣ намуда, зикр доштанд, ки солҳои охир нисбатан бекор гардидани ақди никоҳ, пош хӯрдани оила, бахусус оилаҳои ҷавон ба назар мерасад, ки дар натиҷа кӯдакон аз таъминот, таълиму тарбия, меҳру муҳаббат ва навозиши падару модар дур мондаанд, ки ин ба ҳолати руҳию ҷисмонӣ ва солимии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин радиф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2 августи соли 2011 ба тасвиб расида, барои боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд заминаҳои воқеӣ фароҳам овард. Волидайн вазифадор ҳастанд, ки ба рафтори фарзандонашон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро амалишавии ин ҳадаф дар нақши оила бузург буда, муҳити солим ва созандаи оилавӣ метавонад дар тарбияи ворисони содиқи Ватан саҳми босазо дошта бошад. Инчунин дар ин рӯз масъулин оид ба пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва гулшинонию сабзкорӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» андешаронӣ намуданд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
09 апрель 2024
Асосӣ / Маориф / Фарҳанг / Мақомоти иҷроия
СОЛИ 2024 - ҲАМЧУН «СОЛИ

СОЛИ 2024 - ҲАМЧУН «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои муштараки сохторҳои дахлдори

Маълумоти бештар
15 ноябрь 2022
Асосӣ
10 НОЯБР – РӮЗИ

10 НОЯБР – Р Ӯ ЗИ МИЛИТСИЯИ ТО Ҷ ИК Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар

Маълумоти бештар
18 март 2024
Асосӣ / Маориф
ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ

ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС БЕТАФОВУТ НАБОШЕД. 12 марти соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти

Маълумоти бештар
14 апрель 2023
Асосӣ / Мақомоти иҷроия
ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СЕМОҲАИ СОЛИ 2023 Имрӯз 13 апрели соли

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 

Серхонанда