ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН. |
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2024, №99 дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024 то санаи 1 июн омодагиҳо ба роҳ монда шуда, дар ин бобат бо қарори Шӯрои шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 30 апрели соли 2024, №4 корҳои амалиро роҳандозӣ намудаанд. Тибқи иттилои мушовири шуъбаи маориф Тоҷибой Бозоров дар 14 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 350-нафар кӯдак, дар ду муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ 50 - нафар, дар умум 400 - нафар дар даври якум ба истироҳати тобистона ҷалб карда шудаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 3460-нафар хонанда ба таври ройгон ба фароғати таълимӣ фаро гирифта шудаанд. Дар истироҳатгоҳҳои берун аз ноҳия бошад, 24 - нафар кӯдакон ва наврасон, аз ҷумла 4 - нафар дар истироҳатгоҳи шаҳри Турсунзода бо номи «Ширкент» ва 20-нафар кӯдакон дар истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол»-и шаҳри Варзоб аз 3 июл барои истироҳат сафарбар гардиданд. «Дар даври 2-юм аз рӯйи нақша аз 25 муассисаҳои таълимӣ 625- нафар кӯдакон ба муҳлати 15 рӯз аз 10 июл ташкил карда мешавад. То имрӯз аз мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳия 10-нафар кӯдакони ятими кулл дар истироҳатгоҳи шаҳри Турсунзода ба номи «Ширкент» истироҳат карда омаданд. Дар даври дуюм истироҳати дохили муассисавӣ барои 25-нафар тарбиятгиранда лагери солимгардонӣ ташкил шудааст», - қайд дошт Тоҷибой Бозоров. Аз мусоҳиба бо намояндаи шуъбаи маориф маълум гардид, ки фарогирии мактаббачагон ба истироҳати тобистона аз санаи 10 июли соли равон ба нақша гирифта шудааст ва дар истироҳатгоҳҳои берун аз ноҳия 220-нафар ҷалб мешаванд. Аз ҳисоби ҷалби сармоягузорон 10-нафар кӯдакон аз тарафи Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия низ истироҳат карда омадаанд. Мутобиқи нақшаи тасдиқшудаи мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 30 апрели соли 2024 дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳалевард 850 - нафар, Золи Зар 850 - нафар, Маданият 840 - нафар, Навоӣ 840-нафар, Навобод 850 - нафар, Калинин 84 - нафар, Ҷамоати шаҳраки Гулистон 740-нафар, Ҷамоати шаҳраки Балх 930 - нафар, мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия 950 - нафар ва муассисаҳои томактабии ноҳия 2300 - нафар, дар маҷмуъ; 9990 кӯдакону наврасон ба истироҳати тобистона дар се баст 3330 - нафарӣ ба муҳлати 15 рӯз ба лагери тобистонаи солимгардонӣ барои истироҳат сафарбар мегарданд. Кароматулло САДИРОВ, "Навиди Балх" Баргаштан |
30-07-2024, 11:44 |